Ишаъё 46:1-13

  • Бутҳои Бобил ва Худои Исроил (1–13)

    • Яҳува оқибатро аз аввал мегӯяд (10)

    • Парандаи соҳибчанголе аз ҷониби офтоббаро (11)

46  Бил* хам мешавад,+ Набӯ сари таслим фуруд меорад. Бутҳои онҳо бар пушти ҳайвонҳо, чорпоёни борбардор, гузошта шудаанд,+Боре ҳастанд, ки ба ҳайвонҳои хаста вазнинӣ мекунад.   Онҳо якҷоя хам шуда меафтанд,Борро* халос карда наметавонандВа худашон ҳам ба асирӣ мераванд.   «Ба ман гӯш диҳед, эй хонадони Яъқуб ва эй тамоми бақияи хонадони Исроил!+Ман шуморо аз вақти таваллуд дастгирӣ мекардам ва аз вақти зода шуданатон мебардоштам.+   То пирии шумо ман дигар намешавам,+То сафед шудани мӯятон шуморо бардошта мегардам. Чуноне ки пеш мекардам, аз ин пас ҳам шуморо мебардорам, бар худ бор мекунам ва наҷот медиҳам.+   Маро ба кӣ монанд мекунед, ба кӣ баробар медонед ва бо кӣ қиёс менамоед?+ Кист, ки мисли ман бошад?+   Онҳо аз ҳамёнашон тилло мерезанд,Нуқраро бар тарозу бармекашанд,Заргарро киро мекунанд ва ӯ худое месозад.+ Пас аз ин пеши он саҷда мекунанд ва онро мепарастанд.+   Онро ба китфашон мегузоранд,+Бурда, ба ҷояш мемонанд ва он меистад. Он аз ҷояш намеҷунбад.+ Онро зорӣ мекунанд, вале ҷавобе намедиҳад,Касеро аз фалокат наҷот дода наметавонад.+   Инро дар хотир доред ва далер бошед. Ба ин диққат диҳед, эй гунаҳкорон!   Чизҳои пешина, чизҳои қадимаро, ба хотир оред,Ба ёд оред, ки ман Худо ҳастам ва дигаре нест. Ман Худо ҳастам ва мисли ман касе нест.+ 10  Ман оқибатро аз аввалВа чизеро, ки ҳанӯз рӯй надодааст, аз қадим пешгӯйӣ мекунам.+ Ман мегӯям: “Нияти* ман амалӣ хоҳад шуд+Ва хости худро ба ҷо хоҳам овард”.+ 11  Ман аз ҷониби офтоббаро парандаи соҳибчанголеро меорам,+Аз замини дурдаст касеро мехонам, ки ниятамро ба ҷо меорад.+ Он чиро гуфтам, ба ҷо меорамВа он чиро ният кардам, амалӣ месозам.+ 12  Ба ман гӯш диҳед, эй касоне, ки дили якрав доред,Эй онҳое, ки аз росткорӣ дуред! 13  Замоне ки росткориямро нишон медиҳам, наздик аст,Он дур нест,Наҷот аз сӯйи ман дер намеояд.+ Ман Сионро наҷот медиҳамВа ба Исроил шукӯҳамро мебахшам».+

Поварақҳо

Бил ва Набӯ номи худоёни бобилиён аст.
Яъне бутҳоро.
Ё «Қарори».