Ишаъё 40:1-31

  • Тасаллӣ ба халқи Худо (1–11)

    • Овозе дар биёбон (3–5)

  • Бузургии Худо (12–31)

    • Халқҳо мисли қатрае аз сатиланд (15)

    • Худо бар доираи замин сокин аст (22)

    • Ҳамаи ситораҳоро бо номашон мехонад (26)

    • Худо ҳаргиз монда намешавад (28)

    • Умед ба Яҳува қуввати нав мебахшад (29–31)

40  «Тасаллӣ диҳед, халқи маро тасаллӣ диҳед,— мегӯяд Худои шумо.+   Ерусалимро дилбардорӣ кунед,Ба ӯ бигӯед, ки хизмати маҷбурияш ба охир расидаастВа ӯ музди гуноҳашро пардохтааст.+ Ӯ барои тамоми гуноҳҳояш аз дасти Яҳува сазои пурра* гирифтааст».+   Касе дар биёбон нидо мекунад: «Роҳро барои Яҳува тайёр* кунед!+ Барои Худои мо дар дашт шоҳроҳи+ росту ҳамворе бисозед.+   Бигзор ҳар дара пур шавадВа ҳар кӯҳу теппа паст гардад. Замини каҷу килеб рост шавадВа ҷойи пурнишебу фароз водии ҳамвор гардад.+   Он вақт ҷалоли Яҳува ошкор мешавад+Ва ҳар инсон инро мебинад,+Зеро инро даҳони Яҳува гуфтааст».   Гӯш деҳ! Як кас мегӯяд: «Эълон намо!» Дигаре мепурсад: «Чиро эълон намоям?» «Одамизод мисли алаф аст,Меҳру вафояш мисли гули саҳрост.+   Вақте дами* Яҳува бивазад,+Алаф хушк мешавадВа гул пажмурда мегардад.+ Бешак, одамизод алаф аст.   Алаф хушк мешавадВа гул пажмурда мегардад,Вале каломи Худои мо то абад мемонад».+   Ба кӯҳи баланд баро,Эй зане, ки ба Сион хабари хуш мерасонӣ.+ Бо тамоми овоз фарёд зан,Эй зане, ки ба Ерусалим паёми шодӣ меорӣ. Натарс, овозатро баланд намо,Ба шаҳрҳои Яҳудо эълон кун: «Ана Худои шумо!»+ 10  Парвардигор Яҳува бо қудрат хоҳад омадВа бозуяш барояш ҳукмронӣ хоҳад кард.+ Мукофот дар дасташ астВа музде, ки ӯ медиҳад, пеши ӯст.+ 11  Ӯ мисли чӯпон ба рамаи худ ғамхорӣ хоҳад кард,+Бо дасташ баррагонро ҷамъ оварда,Онҳоро ба оғӯш хоҳад гирифт. Ӯ бо меҳрубонӣ мешони ширдеҳро роҳнамоӣ хоҳад намуд.+ 12  Кӣ оби баҳрҳоро бо кафи даст чен кардааст+Ва кӣ осмонро бо ваҷаб андоза намудааст? Кӣ хоки заминро дар зарфе* ғунҷондааст+Ва кӯҳҳову теппаҳоро дар паллаи тарозу баркашидааст? 13  Кӣ рӯҳи Яҳуваро чен кардааст*? Кӣ маслиҳатгари ӯ шудааст ва ӯро таълим додааст?+ 14  Бо кӣ ӯ маслиҳат кардааст, то бофаҳм шавад? Кӣ роҳи адлу инсофро ба ӯ таълим додааст? Кӣ ба ӯ дониш омӯзондаастВа роҳи фаҳму даркро ба ӯ нишон додааст?+ 15  Охир, халқҳо дар назари ӯ қатрае аз сатилВа чанге бар тарозуянд.+ Ана, ӯ ҷазираҳоро чун ғубор мебардорад. 16  Ҳатто дарахтони Лубнон барои нигоҳ доштани оташ* камӣ мекунандВа ҳайвонҳои он барои қурбонии сӯхтанӣ кофӣ нестанд. 17  Тамоми халқҳо дар пеши ӯ ночизанд+Ва дар назари ӯ ҳеҷу пучанд.+ 18  Худоро бо кӣ муқоиса мекунед+Ва ӯро ба кӣ монанд мекунед?+ 19  Усто бут мерезад,Заргар онро бо тилло рӯпӯш мекунаду+Занҷирҳои нуқрагин месозад. 20  Кас барои ҳадияи худ дарахте интихоб мекунад,+Дарахтеро, ки намепӯсад,Ва устои моҳиреро меҷӯяд,То буте битарошад, ки чаппа намешавад.+ 21  Магар намедонед? Магар нашунидаед? Магар ба шумо инро аз аввал нагуфтаандВа аз бунёди замин инро нафаҳмидаед?+ 22  Ӯ ҳамон аст, ки бар доираи* замин сокин аст,+Ва бошандагони он мисли малаханд. Ӯ осмонро чун матои нафис паҳн кардааст,Чун хаймае барои зист боз намудааст.+ 23  Ӯ сарваронро ночиз мегардонад,Доварони* заминро ҳеҷу пуч месозад. 24  Ҳанӯз онҳо шинонда нашуда,Ҳанӯз кошта нашудаВа ҳанӯз дар замин реша надавонда,Бод мевазаду онҳоро хушк мекунадВа шамол онҳоро мисли коҳ мебарад.+ 25  «Маро ба кӣ монанд мекунед ва ба кӣ баробар месозед? — мегӯяд Худои Пок.— 26  Чашмони худро сӯйи осмон бардошта, бубинед: Кӣ ҳамаи инро офаридааст?+ Ҳамоне, ки лашкари онҳоро як ба як шумурда, берун меоварад,Ӯ ҳамаи онҳоро ба номашон мехонад.+ Азбаски тавоноияш бепоён ва қувваташ бузург аст,+Ҳамаи онҳо дар ҷойи худ ҳастанд. 27  Эй Яъқуб, чаро чунин мегӯӣ ва, эй Исроил, чаро чунин сухан меронӣ: “Роҳи ман аз назари Яҳува пинҳон астВа Худо ба ман адлу инсоф намекунад”?+ 28  Магар намедонӣ? Магар нашунидаӣ? Яҳува, Офаридгори гӯшаву канори замин, Худои ҷовид аст.+ Ӯ ҳаргиз монда намешавад ва бемаҷол намегардад.+ Фаҳму хиради ӯ ақлнорас аст.+ 29  Ӯ ба хаста қувват медиҳадВа бемадорро неруи тоза мебахшад.+ 30  Бачагон монда мешаванд ва бемаҷол мегарданд,Ҷавонон пешпо мехӯранд ва меғалтанд, 31  Аммо онҳое, ки ба Яҳува умед мебанданд, қуввати нав меёбанд. Онҳо чун уқоб дар баландиҳо парвоз мекунанд.+ Онҳо медаванд ва бемаҷол намешаванд,Роҳ мераванд ва хаста намегарданд».+

Поварақҳо

Ё «дучанд».
Ё «тоза».
Ё «рӯҳи».
Дар матни асл «дар сеяк»-и ченаке, ки маълум нест.
Ё, эҳтимол, «ба рӯҳи Яҳува сарфаҳм рафтааст».
Ё «барои аловӣ».
Ё «кураи».
Ё «Ҳокимони».