Ишаъё 35:1-10

  • Замин биҳишт мешавад (1–7)

    • Кӯрон мебинанд, карон мешунаванд (5)

  • Роҳи покӣ барои бозхаридагон (8–10)

35  Биёбон ва замини хушк хурраму шукуфон хоҳад шуд,+Дашт хурсандӣ хоҳад кард ва мисли заъфарон хоҳад шукуфт.+   Он пур аз гул хоҳад шуд,+Хушҳол шуда аз хурсандӣ нидо хоҳад кард. Ҷалоли Лубнон ва шукӯҳи Кармилу+ Шорӯн+Ба он ато хоҳад шуд.+ Мардум ҷалоли Яҳува, шукӯҳи Худои моро, хоҳад дид.   Дастҳои бемаҷолро қавӣ созедВа зонуҳои ларзонро қувват бахшед.+   Ба касоне, ки дилашон хавотир аст, бигӯед: «Қавӣ бошед, натарсед! Худои шумо барои интиқом гирифтан,Барои ҷазо додан, меояд.+ Ӯ омада, шуморо наҷот медиҳад».+   Он вақт чашмони кӯрон кушода мешавад+Ва гӯшҳои карон воз мегардад,+   Ланг мисли гавазн ҷастухез менамояд+Ва забони гунг аз шодӣ нидо мекунад.+ Он вақт дар биёбон обҳо ҷӯш мезанандВа дар дашт ҷӯйҳо ҷорӣ мешаванд,   Замини хушкида кӯли пур аз қамиш мегардадВа замини ташналаб ба чашмаҳои об табдил меёбад.+ Дар ҷое ки лонаи шағолон буд,+Сабза, қамиш ва най* мерӯяд.   Он ҷо шоҳроҳе хоҳад буд,+Роҳе, ки Роҳи покӣ номида мешавад. Каси нопок бо он равона намешавад.+ Он барои касонест, ки бо ин роҳ мераванд,Ва ягон беақл аз он гузар намекунад.   Шере дар он нахоҳад будВа даррандагон ба он қадам нахоҳанд монд. Аз онҳо дар он нишоне нахоҳад буд,+Фақат бозхаридагон бо он равона мешаванд.+ 10  Бозхаридагони Яҳува бармегарданд+ ва бо нидоҳои шодӣ ба Сион меоянд.+ Шодмонии беинтиҳо тоҷи сари онҳо хоҳад буд.+ Онҳо аз шодиву хурсандӣ пур мешаванд,Ғам ва оҳу воҳ аз онҳо дур мегардад.+

Поварақҳо

Ё «папирус». Ниг. ба луғат, ба калимаи «папирус».