Ишаъё 29:1-24
29 «Вой бар Ариил*, бар шаҳре, ки Довуд дар он хайма зада буд!+
Бигзор солҳо пайи ҳам бигзаранд,Сол аз сол ҳамаи идҳоро+ ҷашн гиред.
2 Вале бидонед, ки ман Ариилро ба танг меорам+Ва дар он нолаю фиғон шунида мешавад.+
Он бароям мисли оташдони қурбонгоҳи Худо мегардад.+
3 Ман дар гирди ту, эй Ариил, урду мезанам,Қаторчӯбҳо зада туро иҳота мекунамВа тал бардошта туро муҳосира менамоям.+
4 Ту паст мешавӣ,Аз замин гап мезанӣВа хоки замин садои туро хомӯш мекунад.
Овози ту аз замин+Чун овози пурсандаи арвоҳ ба гӯш мерасад,Ту аз хок пичир-пичир мекунӣ.
5 Тӯдаи душманонат мисли чанг хоҳад буд,+Тӯдаи ситамгарон мисли коҳреза бурда мешавад.+
Ва ин ногаҳон, дар як лаҳза рӯй медиҳад.+
6 Яҳува, Худои лашкарҳо,Бо раъд, заминҷунбӣ ва ғалоғулаи азим,Бо тӯфон, тундбод ва алангаи оташи сӯзон ба ту назар меандозад».+
7 Он гоҳ ҷамъи тамоми халқҳое, ки бо Ариил меҷанганд+ —Ҳамаи онҳое, ки бо ӯ ҷанг мекунанд,Бурҷҳое*, ки барои муҳосираи он сохта шудаанд,Ва касоне, ки ӯро азоб медиҳанд,Мисли хоб, мисли рӯъёи шаб, мешаванд.
8 Чуноне ки гурусна хоб мебинад, ки мехӯрад,Вале шиками гушна бедор мешавад,Чуноне ки ташна хоб мебинад, ки об менӯшад,Вале бемадору ташна бедор мешавад,Бо ҷамъи тамоми халқҳое, киБо кӯҳи Сион+ меҷанганд, чунин хоҳад буд.
9 Дар тааҷҷуб монед ва ҳайрон шавед,+Худро кӯр кунед ва кӯр шавед.+
Онҳо маст шудаанд, аммо на аз шароб,Мекалаванд, вале на аз арақ,
10 Зеро Яҳува бар шумо рӯҳи хоби гаронро рехтааст.+
Ӯ чашмони шумо — пайғамбарони шуморо, бастааст+Ва сарҳои шумо — пешбинони шуморо, пӯшонидааст.+
11 Ҳар рӯъё барои шумо чун суханони китоби сарбамуҳр аст.+ Вақте онро ба касе, ки хонда метавонад, бидиҳанд ва «илтимос, барои мо бихон» гӯянд, ӯ мегӯяд: «Наметавонам, чунки он сарбамуҳр аст».
12 Вақте онро ба касе, ки хонда наметавонад, бидиҳанд ва «илтимос, бихон» гӯянд, ӯ мегӯяд: «Ман хонда наметавонам».
13 Яҳува чунин мегӯяд: «Ин мардум бо даҳонашон ба ман наздик мешавандВа бо забонашон маро иззат мекунанд,+Вале дилашон аз ман дур аст.
Худотарсии онҳо фақат дар асоси амрҳои одамиест, ки таълим гирифтаанд.+
14 Аз ин рӯ ман боз барои ин халқ корҳои аҷоибе мекунам,+Як кори аҷоибро аз паси дигараш.
Хиради хирадмандони онҳо нобуд мешавадВа фаҳмиши доноёнашон нопадид мегардад».+
15 Вой бар ҳоли онҳое, ки бисёр мекӯшанд нақшаҳояшонро аз Яҳува пинҳон кунанд.+
Онҳо корҳои худро дар ҷойи торик карда, мегӯянд:
«Кӣ моро мебинад?
Кӣ аз корҳои мо бохабар мешавад?»+
16 То чӣ андоза шумо каҷрафторед!
Магар кӯзагар ба гил баробар аст?+
Оё чизе, ки сохта шудааст, дар бораи созандаи худ мегӯяд:
«Ӯ маро насохтааст»?+
Оё офарида дар бораи офарандааш мегӯяд:
«Ӯ фаҳм надорад»?+
17 Дере нагузашта Лубнон ба боғ табдил меёбад+Ва боғ ҷангал ҳисобида мешавад.+
18 Дар он рӯз кар суханони китобро мешунавадВа кӯр аз тирагиву зулмот халос шуда бино мегардад.+
19 Нармдил* аз Яҳува хурсандии бисёр пайдо мекунадВа камбағал дар Худои Поки Исроил шодӣ меёбад,+
20 Зеро ситамгар дигар намешавад,Даҳанкалон нобуд мегардадВа ҳамаи касоне, ки дар пайи бадкориянд, нест мешаванд.+
21 Онҳо дигаронро туҳмат мекунанд,Барои касе, ки назди дарвозаи шаҳр+ додхоҳӣ мекунад, дом мегузорандВа бо ҳар баҳона росткорро аз ҳукми одилона маҳрум месозанд.+
22 Барои ҳамин Яҳува, ки Иброҳимро+ бозхаридааст, ба хонадони Яъқуб чунин мегӯяд:
«Яъқуб дигар хиҷил намешавадВа ранги рӯяш дигар намеканад*.+
23 Ӯ фарзандонашро,Ки амали дастҳои мананд, дар гирди худ мебинад+Ва онҳо номи маро ҷалол медиҳанд,Худои Поки Яъқубро ҷалол медиҳандВа Худои Исроилро иззату ҳурмат мекунанд.+
24 Раҳгумзадагон соҳибфаҳм мешавандВа шикоятгарон — насиҳатшунав».
Поварақҳо
^ Эҳтимол, маънояш «оташдони қурбонгоҳи Худо» асту Ерусалим дар назар аст.
^ Бурҷ — бинои манорашакле, ки барои дидбонӣ сохта мешуд.
^ Ё «Мулоимтабиат».
^ Яъне аз шарму ноумедӣ.