Ишаъё 21:1-17
21 Паём бар зидди биёбоне, ки мисли баҳр аст*:+
Аз биёбон, аз замини даҳшатангезе, фалокат меояд,+Он монанди тундбодҳоест, ки дар ҷануб мевазанд.
2 Рӯъёи воҳиманоке ба ман дода шуд:
Хиёнаткор хиёнат мекунадВа тороҷгар тороҷ мекунад.
Бархез, эй Элом! Муҳосира намо, эй Модай!+
Ман ба тамоми ситамҳои вай* хотима мебахшам.+
3 Аз ин рӯ дар азоби сахтам*.+
Дард маро фаро гирифтааст,Чуноне ки занро дарди зоиш мегирад.
Беҳад ғамзадаам ва тоби шунидани гаперо надорам,Бениҳоят парешонам ва тоқати дидани чизеро надорам.
4 Дилам суст шуд, ба тарсу ларз афтодаам.
Шоме, ки интизораш будам, маро ба ҳарос меорад.
5 Мизро биороед, ҷойҳои нишастро тайёр кунед!
Бихӯред ва бинӯшед!+
Бархезед, эй мирон, сипарро равған кунед!
6 Зеро Яҳува ба ман чунин гуфт:
«Бирав, дидбоне бимон, то ҳар чиро дид, хабар диҳад».
7 Ӯ аробаи ҷангиро бо ҷуфти асп,Аробаи ҷангиро бо харон,Аробаи ҷангиро бо шутурон дид.
Ӯ бодиққат, бо тамоми диққат, нигарист
8 Ва мисли шер наъра зада гуфт:
«Эй Яҳува, рӯзона доимо бар бурҷи* дидбонӣ меистамВа ҳар шаб дар посгоҳи худ ҳастам.+
9 Ана, бубинед:
Саворон бар аробае бо ҷуфти асп омада истодаанд!»+
Сипас ӯ фарёд зада гуфт:
«Фурӯ ғалтид! Бобил фурӯ ғалтид!+
Тамоми бутҳои худоёнаш ба замин зада шикаста шуданд!»+
10 Эй халқи кӯфташудаи ман,Эй ғаллаи* хирмангоҳам,+Он чиро аз Яҳува, Худои лашкарҳо, аз Худои Исроил, шунидам, ба ту хабар додам.
11 Паём бар зидди Думо*:
Касе аз Сеир+ сӯйи ман фарёд мезанад:
«Эй дидбон! Кадом вақти шаб аст?
Бигӯ, эй дидбон! Кадом вақти шаб аст?»
12 Дидбон гуфт:
«Қарибии саҳар аст, вале шаб боз меояд.
Агар боз пурсиданӣ бошед, бипурсед.
Бори дигар биёед».
13 Паём бар зидди дашт:
Эй корвонҳои Дадон,+Дар ҷангалзори дашт шабро рӯз хоҳед кард.
14 Ба пешвози ташна баромада, об биёредВа ба гуреза нон оред,Эй сокинони замини Темо,+
15 Зеро онҳо аз шамшерҳо, аз шамшери бараҳна,Аз камони кашида ва аз ҷанги бераҳмона гурехтаанд.
16 Яҳува ба ман чунин гуфт: «Дар миёни як сол, бо ҳисоби солҳои мардикор*, тамоми ҷалоли Қедор+ аз байн меравад.
17 Аз ҷанговарони камонвари Қедор бақияи каме мемонад, зеро Яҳува, Худои Исроил, чунин гуфтааст».
Поварақҳо
^ Аз афташ, Бобилистони қадим дар назар аст.
^ Аз афташ, Бобил.
^ Дар матни асл «камари ман пур аз дард аст».
^ Бурҷ — бинои манорашакле, ки барои дидбонӣ сохта мешуд.
^ Дар матни асл «писари».
^ Маънояш «хомӯшӣ».
^ Ё «ҳамон тавре ки мардикор сол мешуморад». Яъне расо дар миёни як сол.