Ирмиё 44:1-30
44 Ин аст паёме, ки ба воситаи Ирмиё ба ҳамаи яҳудиёне, ки дар замини Миср,+ дар Миҷдӯл,+ Таҳфанҳес,+ Нуф*+ ва замини Фатрус+ зиндагӣ мекарданд, фиристода шуд:
2 «Яҳува, Худованди лашкарҳо, Худои Исроил, чунин мегӯяд: “Шумо дидед, ки ман бар Ерусалим ва ҳама шаҳрҳои Яҳудо чӣ фалокате овардам.+ Онҳо имрӯз харобазору беодаманд,+
3 зеро ба бадкориҳо даст зада, ба худоёне, ки на онҳо мешинохтанду на шумо ва на бобоёнатон,+ қурбониҳо меоварданд ва маро дарғазаб мекарданд.+
4 Ман бандагонам пайғамбаронро гаштаву баргашта* назди халқ мефиристодам ва мегуфтам: “Илтимос, ин кори ҳаромеро, ки бароям нафратовар аст, накунед”.+
5 Аммо онҳо ба гапам итоат накарданд ва гӯш наандохтанд. Онҳо аз роҳи бадашон нагаштанду ба худоёни дигар қурбонӣ оварданро бас накарданд.+
6 Аз ин рӯ қаҳру ғазабам бар онҳо рехта, бар шаҳрҳои Яҳудову кӯчаҳои Ерусалим аланга зад ва онҳо вайрону валангор гаштанд, чуноне ки имрӯз аст”.+
7 Аз ин рӯ Яҳува, Худованди лашкарҳо, Худои Исроил, чунин мегӯяд: “Чаро шумо бар сари худ фалокати бузурге меоред, ба тавре ки ҳар марду зан ва ҳар тифлу кӯдак аз Яҳудо нест шавад ва аз шумо бақияе намонад?
8 Чаро шумо дар замини Миср сокин шуда, ба бадкорӣ даст мезанеду ба худоёни дигар қурбонӣ меоред? Чаро маро бо ин коратон ба ғазаб меоред? Шумо несту нобуд мешавед ва дар миёни ҳамаи халқҳо лаънатзадаву расво мегардед.+
9 Магар шумо бадкориҳои бобоёнатон, бадкориҳои подшоҳони Яҳудову+ занони онҳо+ ва бадкориҳои худатону занонатонро,+ ки дар замини Яҳудо ва кӯчаҳои Ерусалим карда мешуд, фаромӯш кардед?
10 То ба имрӯз шумо гардан нафаровардед, аз ман натарсидед+ ва аз рӯйи шариат ва фармудаҳоям, ки ба шумову бобоёнатон дода будам, рафтор накардед”.+
11 Аз ин рӯ Яҳува, Худованди лашкарҳо, Худои Исроил, чунин мегӯяд: “Ман қарор кардам, ки бар сари шумо фалокат оварда, тамоми Яҳудоро нест кунам.
12 Ман бақияи Яҳудоро, ки азми сафар ба Мисрро доштанду дар он ҷо зиндагӣ кардан мехостанд, гирифта, ҳамаашонро дар замини Миср нобуд месозам.+ Онҳо бо шамшер кушта мешаванду аз қаҳтӣ нобуд мегарданд — аз хурд то калон аз шамшеру қаҳтӣ мемиранд. Онҳо лаънатзадаву шарманда мегарданд ва одамон онҳоро дуои бад мекунанду ҳолашонро дида ба даҳшат меоянд.+
13 Ман сокинони Мисрро мисли сокинони Ерусалим бо шамшер, қаҳтӣ ва вабо ҷазо медиҳам.+
14 Он гоҳ бақияи Яҳудо, ки ба замини Миср рафтааст, халосӣ намеёбад ва зинда ба замини Яҳудо барнамегардад. Онҳо дар ҳасрати он хоҳанд буд, ки баргарданд ва дар он сокин шаванд, вале ғайр аз якчанд нафар, ки гурехта тавонад, касе барнамегардад”».
15 Ҳамаи мардоне, ки ба худоёни дигар қурбонӣ овардани занонашонро медонистанд, ва ҳамаи заноне, ки тӯда шуда, дар он ҷо меистоданд, ва тамоми қавме, ки дар замини Миср,+ дар Фатрус,+ зиндагӣ мекарданд, ба Ирмиё ҷавоб доданд:
16 «Мо ба паёме, ки ту аз номи Яҳува ба мо расондӣ, гӯш намедиҳем,
17 балки гапи худамонро мекунем. Мо ба Маликаи осмон* қурбонӣ ва ҳадияҳои рехтанӣ меорем,+ ҳамон тавре ки мо, бобоёнамон, подшоҳонамон ва миронамон дар шаҳрҳои Яҳудо ва кӯчаҳои Ерусалим мекардем. Вақте мо ин тавр мекардем, сериву пурӣ доштем ва аз фалокат дар амон будем.
18 Вале, аз вақте ки ба Маликаи осмон қурбониҳову ҳадияҳои рехтанӣ оварданро бас кардем, муҳтоҷи ҳама чиз ва гирифтори шамшеру қаҳтӣ гаштем».
19 Занон илова карданд: «Вақте мо барои Маликаи осмон қурбониҳову ҳадияҳои рехтанӣ меовардем, магар шавҳаронамон аз ин бехабар буданд? Магар мо бе розигии онҳо ба шакли Маликаи осмон кулча мепухтему ҳадияҳои рехтанӣ меовардем?»
20 Он гоҳ Ирмиё ба ҳамаи мардум, ба мардону занон ва ҳамаи онҳое, ки бо ӯ сухан меронданд, чунин гуфт:
21 «Қурбониҳое, ки шумо, бобоёнатон, подшоҳону миронатон ва мардуми сарзаминатон дар шаҳрҳои Яҳудо ва кӯчаҳои Ерусалим меовардед,+ аз ёди Яҳува нарафтаанд. Ӯ онҳоро дар хотир дорад!
22 Кор ба дараҷае расида буд, ки Яҳува натавонист ба бадкориҳо ва корҳои нафратангези шумо тоб орад ва замини шумо ба харобазору даҳшатзор табдил ёфта, замини бекасу лаънатзада гардид, чуноне ки имрӯз аст.+
23 Шумо имрӯз аз он сабаб ба чунин ҳолат гирифтор шудед ва ин бадбахтӣ аз он сабаб бар саратон омад, ки бар зидди Яҳува гуноҳ кардед, ин қурбониҳоро овардед, ба овози Яҳува гӯш надодед ва ба шариату фармудаҳо ва ёдовариҳояш итоат накардед».+
24 Ирмиё суханашро давом дода, ба мардум ва тамоми занон чунин гуфт: «Паёми Яҳуваро бишнавед, эй мардуми Яҳудо, ки дар замини Миср ҳастед.
25 Яҳува, Худованди лашкарҳо, Худои Исроил, чунин мегӯяд: “Он чизеро, ки шумову занонатон бо даҳони худ гуфтед, бо дастони худ ба амал овардед. Шумо гуфтед: “Мо назрҳои* худро ҳатман ба ҷо оварда, ба Маликаи осмон қурбониҳову ҳадияҳои рехтанӣ меорем”.+ Шумо, эй занон, назрҳои худро ба ҷо оварда, ба ваъдаатон вафо мекунед”.
26 Аз ин рӯ паёми Яҳуваро бишнавед, эй мардуми Яҳудо, ки дар замини Миср зиндагӣ мекунед: “Ба номи худам қасам ки,— мегӯяд Яҳува,— ҳеҷ кас аз Яҳудо, ки дар Миср бошад, ба номи ман қасам хӯрда нахоҳад гуфт:+ “Қасам ба номи Парвардигор Яҳува, Худои зинда!”+
27 Ман ба онҳо нигоҳ карда истодаам, вале на бо мақсади некӣ кардан дар ҳаққашон, балки бо мақсади фалокат овардан бар сарашон.+ Ҳамаи мардуми Яҳудо, ки дар Миср аст, аз шамшер ва қаҳтӣ мурдан мегиранд, то даме ки тамоман нобуд шаванд.+
28 Танҳо каме аз шумо аз шамшер наҷот ёфта, аз замини Миср ба замини Яҳудо бармегардад.+ Он гоҳ тамоми бақияи Яъқуб, ки дар Миср зиндагӣ мекунанд, мефаҳманд, ки гапи кӣ иҷро шуд: гапи онҳо ё гапи ман!
29 Инак, ман бо аломате тасдиқ мекунам,— мегӯяд Яҳува,— ки бар ту фалокат меорам ва туро ҳатман ҷазо медиҳам. Инро дида ту мефаҳмӣ, ки гапам ҳақ будааст.
30 Яҳува чунин мегӯяд: “Инак, ман, ҳамон тавре ки подшоҳи Яҳудо, Сидқиёҳуро, ба дасти душманаш, ки қасди ҷонашро дошт, яъне ба дасти подшоҳи Бобил, Набукаднесар, дода будам, фиръавн Ҳофраъ, подшоҳи Мисрро, низ ба дасти душманонаш медиҳам, ба дасти касоне, ки қасди ҷонашро доранд”».+
Поварақҳо
^ Ё «Мемфис».
^ Дар матни асл «барвақт хеста».
^ Ин ҷо, эҳтимол, худойзан (олиҳа)-и бороварӣ дар назар аст, ки исроилиёни осӣ парастиш мекарданд.