Ирмиё 30:1-24
-
Ваъдаи бозгашт ва шифо (1–24)
30 Аз Яҳува ба Ирмиё чунин паём омад:
2 «Яҳува, Худои Исроил, мегӯяд: “Тамоми суханонеро, ки ба ту мегӯям, дар китобе бинавис,
3 зеро замоне фаро мерасад, ки,— мегӯяд Яҳува,— ман асирони халқам, асирони Исроил ва Яҳудоро, ҷамъ меорам,+— мегӯяд Яҳува,— ва онҳоро ба замине, ки ба бобоёнашон дода будам, бармегардонам, то онро аз нав соҳиб шаванд”».+
4 Ин аст суханоне, ки Яҳува ба Исроилу Яҳудо гуфтааст.
5 Яҳува мегӯяд:
«Садои ларза ба гӯш мерасад.
Ҳама ҷоро даҳшат фаро гирифтааст; оромӣ нест.
6 Бипурсед, ки оё мард таваллуд карда метавонад.
Пас, чаро мардони пурзӯрро мисли зане, ки мезояд,+Даст бар шикам мебинам?
Чаро ранги рӯйи ҳама паридааст?
7 Эй вой, зеро ин рӯзи даҳшатовар аст!+
Мисли он рӯзе нест,Он барои Яъқуб замони сахт аст,Аммо ӯ наҷот меёбад.
8 Дар ин рӯз,— мегӯяд Яҳува, Худои лашкарҳо,— ман юғи* гардани халқамро мешиканам ва бандҳояшонро дупора мекунам. Дигар бегонагон онҳоро ғулом намекунанд.
9 Онҳо ба Худояшон Яҳува ва подшоҳашон Довуд, ки бар онҳо таъйин мекунам, хизмат мекунанд.+
10 Эй бандаам Яъқуб, натарс,— мегӯяд Яҳува,—Ва ҳаросон нашав, эй Исроил,+Зеро туро аз ҷойи дурдастВа наслатро аз замини асирӣ раҳо мекунам.+
Яъқуб бармегардад ва орому осуда зиндагӣ мекунад,Касе ӯро нахоҳад тарсонд.+
11 Ман бо туям, эй Яъқуб,— мегӯяд Яҳува,— то туро наҷот диҳам.
Ман тамоми халқҳоеро, ки туро дар миёнашон пароканда кардаам, нобуд месозам,+Вале туро нест намекунам.+
Туро аз рӯйи инсоф* сарзаниш мекунамВа ҳеҷ гоҳ беҷазо намемонам».+
12 Яҳува мегӯяд:
«Захми ту бедармон ва дардат бедавост.+
13 Касе нест, ки ба додат расад,Захмат шифонопазир аст ва бароят давое нест.
14 Тамоми хушдоронат туро фаромӯш кардаанд.+
Онҳо дигар парвои туро надоранд.
Бо зарбаи душман туро зарба задаам,+Мисли шахси бераҳм ҷазо додаам,Зеро хатоят азим ва гуноҳҳоят беҳисобанд.+
15 Чаро аз шикасти худ доду фиғон мекунӣ?
Дардат бедавост!
Аз пушти хатоҳои азим ва гуноҳҳои беҳисобат+Инро ба сарат овардаам.
16 Аз ин рӯ ҳамаи онҳое, ки туро фурӯ мебаранд, фурӯ бурда мешаванд+Ва тамоми душманонат ба асирӣ бурда мешаванд.+
Ҳар кӣ туро ғорат кунад, ғорат карда мешавад,Ва ҳар кӣ туро тороҷ кунад, тороҷ мегардад.+
17 Танатро сиҳат мегардонам ва захмҳоятро шифо медиҳам,+— мегӯяд Яҳува,—Ҳарчанд онҳо туро радди маърака хонда мегӯянд:
“Сионро касе суроғ намекунад”».+
18 Яҳува чунин мегӯяд:
«Инак, ман асирони хаймаҳои Яъқубро ҷамъ меорам+Ва ба каппаҳояшон раҳм мекунам.
Шаҳр бар теппаи худ барқарор мешавад+Ва бурҷҳои* истеҳкомдор дар ҷойи худ меистанд.
19 Аз онҳо садои хандаву шукрона хоҳад омад.+
Онҳоро сершумор мегардонам, онҳо кам нахоҳанд буд.+
Онҳоро афзун* мегардонам ва ночиз нахоҳанд буд.+
20 Фарзандонаш мисли пештара хонаобод мешавандВа пеши назари ман ҷамоати ӯ пойдор мегардад.+
Ман ситамгаронашонро ҷазо медиҳам.+
21 Пешвои ӯ аз миёни халқаш мебароядВа аз миёни халқаш ҳокими ӯ ба миён меояд.
Ӯро ба худ наздик меорам ва ӯ наздик меояд,Вагарна кӣ дилу гурда мекунад, ки ба ман наздик шавад? — мегӯяд Яҳува.—
22 Шумо халқи ман мешавед+ ва ман Худои шумо мегардам».+
23 Тундбоди ғазаби Яҳува бошиддат хоҳад вазид,+Гирдбоди шадиди хашмаш бар сари бадкорон фуруд хоҳад омад.
24 Оташи ғазаби Яҳува, то хости дили ӯро иҷро накунад, хомӯш намешавад.+
Дар рӯзҳои охир шумо инро мефаҳмед.+
Поварақҳо
^ Юғ — олати чӯбин ё оҳанине, ки ба китфи одам гузошта, аз ду тарафаш бор меовезанд. Онро ҳамчунин барои ҷуфтронӣ ё боркашонӣ ба гардани ҳайвонот мегузоранд.
^ Ё «ба қадри лозима».
^ Бурҷ — бинои манорашакле, ки барои дидбонӣ сохта мешуд.
^ Ё, эҳтимол, «обрӯманд».