Ирмиё 18:1-23
18 Аз ҷониби Яҳува ба Ирмиё чунин паём омад:
2 «Бархеста, ба хонаи кӯзагар бирав+ ва дар он ҷо суханони маро мешунавӣ».
3 Ман ба хонаи кӯзагар фуруд омадам ва дидам, ки ӯ бар чархҳо кор мекунад.
4 Аммо зарфе, ки кӯзагар аз гил месохт, вайрон шуд ва кӯзагар аз он зарфи дигаре сохт ва онро, ҳамон тавре ки хост, шакл дод.
5 Сипас аз ҷониби Яҳува ба ман чунин паём омад:
6 «Эй хонадони Исроил, магар ман наметавонам бо шумо мисли ҳамин кӯзагар амал кунам? — мегӯяд Яҳува.— Шумо дар дасти ман мисли гил дар дасти кӯзагар ҳастед, эй хонадони Исроил.+
7 Ҳар гоҳе бигӯям, ки халқе ё подшоҳиеро нобуд мекунам ва вайрону решакан месозам,+
8 вале он халқ аз бадкорие, ки ман маҳкум карда будам, даст кашад, ман низ аз фикрам мегардам ва фалокатеро, ки бар сараш оварданӣ будам, намеорам.+
9 Ҳамчунин, ҳар гоҳе ки ман дар бораи ободу устувор намудани халқе ё подшоҳие сухан гӯям,
10 вале он халқ кори дар назарам бадро ба амал ораду ба овози ман гӯш надиҳад, ман аз фикрам мегардам ва он некиеро, ки дар ҳаққаш карданӣ будам, намекунам.
11 Акнун ба мардуми Яҳудо ва сокинони Ерусалим бигӯ: “Яҳува чунин мегӯяд: “Ман барои ту фалокатеро тайёр карда истодаам ва бар зидди ту нақшаи баде омода карда истодаам. Илтимос, аз корҳои бадат даст каш ва роҳу рафтори худро дигар кун”».+
12 Аммо онҳо гуфтанд: «Худатро ғам надеҳ!+ Мо, чи хеле ки дуруст шуморем, ҳамон хел зиндагӣ мекунем. Ҳар яки мо, ҳамон тавре ки дили саркашу бадкорамон хоҳад, рафтор мекунем».+
13 Аз ин рӯ Яҳува чунин мегӯяд:
«Аз халқҳо бипурсед.
Оё касе чизи ба ин монандро шунидааст?
Бокираи Исроил кори хеле даҳшатоваре кардааст.+
14 Магар барф дар нишебиҳои пурсанги Лубнон об мешавад?
Магар обҳои хунуке, ки аз дур меоянд, хушк мешаванд?
15 Аммо халқи ман маро фаромӯш кардааст.+
Онҳо ба як чизи бекора қурбонӣ меоранд+Ва одамонро аз роҳи рост мезананд, аз роҳи қадима берун меоранд,+Ба тавре ки онҳо бо пайраҳаҳои дурушту ноҳамвор рафтан мегиранд.
16 Онҳо коре мекунанд, ки заминашон ҳамеша дар ҳолати даҳшатангез бошад.+
Аз дидани он кас ба ҳайрат афтода, ҳуштак хоҳад кашид.+
Ҳар як раҳгузаре бо даҳшат ба он назар хоҳад дӯхт ва сар хоҳад ҷунбонд.+
17 Мисли боди шарқӣ онҳоро пеши душман пароканда месозам.
Дар рӯзи тангияшон онҳо рӯямро неву пуштамро хоҳанд дид».+
18 Онҳо гуфтанд: «Биёед бар зидди Ирмиё ҳилае биандешем,+ зеро шариат* доимо бо коҳинони мо, маслиҳати хуб бо хирадмандони мо ва паёми Худо бо пайғамбарони мо хоҳад буд. Биёед бо сухан ӯро мот кунем ва ба гапҳояш аҳамият надиҳем».
19 Эй Яҳува, ба гапам гӯш деҳ!
Бубин бадхоҳонам чӣ мегӯянд!
20 Наход ба ивази некӣ кас бадӣ бубинад?
Онҳо пеши роҳам чоҳ кандаанд.+
Ба ёд биёр, ки чӣ тавр ба ҳузури ту истода, дар бораи онҳо сухани нек мегуфтам,То ғазабат аз онҳо дур шавад.
21 Акнун бошад, писаронашонро ба қаҳтӣ гирифтор намоВа онҳоро ба дасти шамшер биспор.+
Бигзор занонашон аз фарзанд маҳрум ва бева шаванд.+
Бигзор мардонашон аз дасти вабо кушта шавандВа ҷавононашон дар майдони ҷанг аз дами шамшер нобуд гарданд.+
22 Вақте бар сарашон ногаҳон ғоратгаронро биёрӣ,Бигзор аз хонаҳояшон доду фиғон барояд,Зеро онҳо барои дастгир карданам чоҳ кандандВа пеши поям дом гузоштанд.+
23 Эй Яҳува, ту нағз медонӣ, ки онҳо қасди куштани маро доранд.+
Хатои онҳоро рӯпӯш накунВа гуноҳашонро аз ҳузурат пок насоз.
Вақте дар хашми худ бар зидди онҳо амал кунӣ,+Бигзор онҳо пеши назарат пешпо хӯранд.+
Поварақҳо
^ Ё «дастур».