Ирмиё 10:1-25
10 Паёми Яҳуваро, ки бар зидди шумо гуфтааст, бишнавед, эй хонадони Исроил.
2 Яҳува чунин мегӯяд:
«Роҳу рафтори халқҳоро наомӯзед+Ва аз аломатҳои осмон натарсед,Чуноне ки халқҳои дигар метарсанд,+
3 Зеро урфу одатҳои халқҳо ҳеҷу пучанд.
Онҳо як дарахти бешаро бурида мебарандВа усто бо каҷкорд* онро кал мекунад.+
4 Онро бо нуқраву тилло оро медиҳанд+Ва бо болғаву мех онро маҳкам мекунанд, то наафтад.+
5 Ин бутҳо мисли хӯсае дар бодирингзор ҳастанд ва гап зада наметавонанд,+Онҳоро мебардоранд, зеро худашон роҳ рафта наметавонанд.+
Аз онҳо натарсед, зеро наметавонанд осебе расонандВа кардани кори хуб ҳам аз дасташон намеояд».+
6 Ҳеҷ кас монанди ту нест, эй Яҳува!+
Ту бузургу тавоно ҳастӣ ва номи ту бузург аст.
7 Кист, ки аз ту натарсад, эй Подшоҳи халқҳо?!+
Ту сазовори ин ҳастӣ.
Дар миёни ҳамаи хирадмандони халқҳо ва ҳама подшоҳиҳо
Касе мисли ту нест.+
8 Ҳамаашон беақлу аблаҳанд.+
Аз дарахт таълим гирифтан кори беҳудаест.+
9 Тунукаҳои нуқрагинро аз Таршиш меоранд+ ва тиллоро аз Уфоз,Ки усто ва заргар бо он кор мекунанд.
Пӯшоки онҳо аз риштаи кабуд ва пашми бунафшранг аст.
Ҳамаашон амали дасти коргарони ҳунарманд аст.
10 Вале Яҳува Худои ҳақиқист,Ӯ Худои зинда+ ва Подшоҳи ҷовидонист.+
Аз ғазаби ӯ замин ба ларза хоҳад омад+Ва ҳеҷ халқе ба хашми ӯ тоб оварда наметавонад.
11 *Ба онҳо чунин бигӯ:
«Худоёне, ки осмону заминро наофаридаанд,Аз рӯйи замин ва таҳти осмон нест мешаванд».+
12 Ӯ заминро бо тавоноии худ офаридааст,Оламро бо хиради худ барпо кардааст+Ва осмонро бо фаҳми худ паҳн намудааст.+
13 Вақте овозашро мешунавонад,Обҳои осмон ба хурӯш меоянд.+
Ӯ абрҳоро* аз канори замин ба осмон мехезонад,+Барои борон барқро ба вуҷуд меорад*,Бодро аз анборҳои худ берун меорад.+
14 Ҳар инсон аз ақл бегона аст.
Ҳар заргар аз буте, ки сохтааст, шарманда мешавад,+Зеро бути рехтаи ӯ фиреб астВа дар вай нафасе* нест.+
15 Онҳо ҳеҷу пуч ва масхаракорӣ ҳастанд.+
Вақте рӯзи доварияшон биёяд, нест карда мешаванд.
16 Аммо насибаи Яъқуб мисли инҳо нест,Ӯ ҳамонест, ки ҳама чиро офаридааст,Ва Исроил чӯбдасти ӯ, мулки ӯст.+
Номи ӯ Яҳува, Худои лашкарҳост.+
17 Эй зане, ки зери муҳосира зиндагӣ мекунӣ,Чизу чораатро аз замин бардор,
18 Зеро Яҳува чунин мегӯяд:
«Инак, ман ин дафъа сокинони ин заминро дур меандозам+Ва бар сари онҳо ғаму андуҳ меорам».
19 Вой бар ҳоли ман, ки ба шикаст омадаам!+
Захмам бедармон аст.
Ба худ гуфтам: «Ин бемории ман аст ва бояд ба он тоб орам.
20 Хаймаам хароб гаштааст ва бандҳои хаймаам пора гаштаанд.+
Писаронам маро тарк кардаанд ва бо ман нестанд.+
Касе нест, ки хаймаамро паҳн кунад ва ё чодари хаймаамро бардорад,
21 Зеро чӯпонон беақлона рафтор карданд+Ва аз Яҳува пурсон нашуданд.+
Аз ин рӯ онҳо бо андеша амал накардандВа тамоми рамаашон пароканда шуд».+
22 Инак, паёме ба гӯш мерасад!
Гулдурроси бузурге аз замини шимол шунида мешавад,+Он шаҳрҳои Яҳудоро ба биёбон, ба лонаи шағолон, табдил медиҳад.+
23 Ман медонам, эй Яҳува, ки роҳи одамизод дар ихтиёри вай нестВа касе, ки роҳ меравад, наметавонад қадамҳояшро роҳнамоӣ кунад.+
24 Маро, эй Яҳува, бо доварият ислоҳ намо,Вале на бо қаҳр,+ то нобудам насозӣ.+
25 Ғазабатро бар сари халқҳое бирез, ки туро писанд намекунанд,+Ва бар қабилаҳое, ки номи туро намехонанд,Зеро онҳо Яъқубро фурӯ бурдаанд.+
Ӯро фурӯ бурдаанд ва нобуд месозанд.+
Онҳо диёри ӯро хароб кардаанд.+
Поварақҳо
^ Ё «доскола».
^ Матни асли ояти 11 ба забони арамӣ навишта шудааст.
^ Ё, эҳтимол, «Ӯ барои борон оббанд месозад».
^ Ё «буғро».
^ Ё «рӯҳе».