Закарё 2:1-13

  • Рӯъёи 3: марде бо таноби андозагирӣ (1–13)

    • Ерусалим чен карда мешавад (2)

    • Яҳува ҳисори оташ аст (5)

    • Халқи Худо гавҳараки чашми ӯст (8)

    • «Халқҳои бисёре ба Яҳува рӯ меоранд» (11)

2  Ман чашмонамро боло карда мардеро дидам, ки дар даст таноби андозагирӣ дошт.+  Ман аз вай пурсидам: «Ту куҷо меравӣ?» Ӯ ҷавоб дод: «Ман рафта, Ерусалимро чен мекунам, то бифаҳмам, ки бару дарозияш чанд аст».+  Фариштае, ки бо ман гап мезад, рафт ва фариштаи дигаре ба пешвозаш баромад.  Сипас ин фаришта ба дигараш гуфт: «Давида, ба он ҷавон бигӯ: “Ерусалим аз бисёрии одаму чорпо мисли деҳи беҳисоре мешавад.+  Ман гирдогирди вай ҳисори оташ мешавам+ ва ҷалоли ман дар миёни вай хоҳад буд,+— мегӯяд Яҳува.—  Бароед! Бароед! Аз замини шимол бигрезед,+— мегӯяд Яҳува.— Бигрезед, эй касоне, ки ба чор тарафи дунё* пароканда карда будам,+— мегӯяд Яҳува”».  Баро, эй Сион! Худро халос кун, эй оне, ки бо духтари Бобил сокин ҳастӣ.+  Яҳува, Худои лашкарҳо, ки пас аз ҷалол ёфтан маро назди халқҳои тороҷгари шумо фиристодааст,+ чунин мегӯяд: «Ҳар кӣ ба шумо даст расонад, ба гавҳараки чашми ман даст мерасонад.+  Инак, ман ба он халқҳо даст мебардорам ва ғуломонашон онҳоро ғорат мекунанд».+ Он гоҳ хоҳед донист, ки маро Яҳува, Худои лашкарҳо, фиристодааст. 10  «Аз шодӣ нидо кун, эй духтари Сион,+ зеро ман омада,+ дар миёни ту сокин мешавам,+— мегӯяд Яҳува.— 11  Дар он рӯз халқҳои бисёре ба Яҳува рӯ меоранду+ халқи ман мешаванд ва ман дар миёни ту зист мекунам, эй духтари Сион». Он гоҳ мефаҳмӣ, ки маро Яҳува, Худои лашкарҳо, назди ту фиристодааст. 12  Дар замини поку муқаддас Яҳудо ҳиссаи Яҳува мешавад ва ӯ аз нав Ерусалимро интихоб мекунад.+ 13  Пеши Яҳува хомӯш бош, эй тамоми мардум, зеро ӯ аз макони поки худ амал мекунад.

Поварақҳо

Дар матни асл «ба чор боди осмон».