Забур 98:1-9

  • Яҳува Халосгар ва Довари одил аст

    • Яҳува наҷоташро маълум кардааст (2, 3)

Тарона. 98  Дар васфи Яҳува суруди нав бисароед,+Зеро ӯ корҳои аҷоибе ба амал овардааст.+ Дасти рости ӯ, дасти муқаддасаш, наҷот додааст*.+   Яҳува корҳои наҷотбахшашро маълум кардааст,+Ӯ адолати худро пеши халқҳо ошкор сохтааст.+   Ӯ вафову меҳри пойдорашро ба хонадони Исроил ба ёд овардааст,+Ҳама гӯшаву канори замин диданд, ки чӣ тавр Худоямон наҷот медиҳад*.+   Эй тамоми замин, бо тантанаву бонги шодӣ Яҳуваро васф кунед. Шод бошед, бо хурсандӣ нидо кунед ва суруд сароед*.+   Барои Яҳува бо чанг бисароед*,Бо чанг ва суруди хушоҳанг.   Бо карнай ва садои шох+Пеши Подшоҳ, Яҳува, тантанавор нидо кунед.   Бигзор баҳр ва ҳар чӣ дар он аст, ба ҷӯш ояд,Замин ва ҳар чӣ дар он аст, ба хурӯш ояд.   Бигзор дарёҳо қарсакВа кӯҳҳо якҷоя бонги шодӣ зананд.+   Бигзор пеши Яҳува шодӣ кунанд,Зеро ӯ меояд*, то заминро доварӣ кунад. Ӯ сокинони заминро аз рӯйи инсоф,Халқҳоро аз рӯйи адл, доварӣ хоҳад кард.+

Поварақҳо

Ё «ғалаба кардааст».
Ё «ғалаба мекунад».
Ё «соз навозед».
Ё «бинавозед».
Ё «омадааст».