Забур 82:1-8

  • Худо ба доварон мегӯяд, ки боинсоф бошанд

    • Худо «дар байни худоён доварӣ» мекунад (1)

    • Бечораро пуштигирӣ кунед (3)

    • «Шумо худоёнед» (6)

Таронаи Осаф.+ 82  Худо дар анҷумани илоҳӣ менишинад.+ Ӯ дар байни худоён* доварӣ карда мегӯяд:+   «То ба кай ноинсофона доварӣ мекунед+Ва бадкоронро тарафдорӣ менамоед?+ (Село)   Бечораву ятимро пуштигирӣ кунед+Ва ба доди нотавону бекас бирасед.+   Бечораву камбағалро наҷот диҳед,Онҳоро аз дасти бадкор халос намоед».   Онҳо намедонанд ва намефаҳманд,+Дар торикӣ роҳ мераванд. Бунёди замин ба ларза меояд.+   «Ман гуфтам: “Шумо худоёнед*,+Ҳамаатон писарони Худои Таолоед.   Аммо шумо мисли одамизодВа монанди мирони дигар хоҳед мурд”».+   Бархез, эй Худо, ва заминро доварӣ намо,+Зеро ҳамаи халқҳо аз они туянд.

Поварақҳо

Ё «худосифатон; худомонандон».
Ё «худосифатед; худомонандед».