Забур 7:1-17
-
Яҳува Довари одил аст
-
Эй Яҳува, маро доварӣ намо (8)
-
Суруди мотами Довуд, ки ба Яҳува дар бораи суханони Куши бинёминӣ сароида буд.
7 Эй Худоям Яҳува, ба ту паноҳ мебарам,+Маро аз дунболагиронам халос кун ва наҷот деҳ.+
2 Вагарна маро мисли шерон пора-пора мекунанд,+Маро кашола карда мебарандВа халосгаре ёфт намешавад.
3 Эй Худоям Яҳува, агар хатое карда бошам,Ё беинсофӣ карда бошам,
4 Агар дар ивази некӣ бадӣ карда бошам,+Ё душманамро бесабаб ғорат карда бошам*,
5 Пас, бигзор душманам маро дунболагирӣ карда, дастгир намояд,Бигзор маро поймол кунадВа дар хоки замин хору зор ҷон диҳам. (Село)
6 Бо хашму ғазаб бархез, эй Яҳува,Бар зидди бадхашмии душманонам баро,+Ба ёриам бархез ва амр фармо, ки адолат ба ҷо оварда шавад.+
7 Бигзор халқҳо гирди ту ҷамъ ояндВа ту аз тахти баландат бар зидди онҳо мебароӣ.
8 Яҳува ба қавмҳо ҳукмашро эълон мекунад.+
Эй Яҳува, маро аз рӯйи росткориам доварӣ намоВа аз рӯйи беайбиам ҳукм кун.+
9 Илтиҷо мекунам, ба бадии бадкорон хотима деҳ,Вале росткоронро устувор соз,+Зеро ту Худои росткор,+ дилсанҷ+ ва ботинбин ҳастӣ*.+
10 Худо сипари ман+ ва халосгари софдилон аст.+
11 Худо Довари одил аст,+Ӯ ҳар рӯз ҳукм мебарорад.
12 Агар касе тавба накунад,+Худо шамшерашро тез мекунад+Ва камонашро кашида, онро тайёр месозад.+
13 Ӯ аслиҳаи марговарашро омода месозадВа тирҳои тафсонашро тайёр мекунад.+
14 Бингар ба касе, ки бо бадӣ бордор шудааст,Бо бало ҳомила гардида, дурӯғ мезояд.+
15 Заминро кофта, онро чуқур меканад,Вале ба чоҳи кандааш худаш меафтад.+
16 Балоҳои овардааш бар сари худаш баргашта меоянд.+
Ситами кардааш ба фарқи сараш мерезад.
17 Яҳуваро барои одилияш ситоиш мекунам,+Дар васфи номи Худои Таоло,+ Яҳува, суруд месароям*.+
Поварақҳо
^ Ё, эҳтимол, «Вале ба касе, ки беҳуда ба ман душманӣ мекунад, раҳм карда бошам».
^ Ё «дилу ниҳодро месанҷӣ». Дар матни асл «дилу гурдаро месанҷӣ».
^ Ё «менавозам».