Забур 52:1-9
Ба сардори ромишгарон. Маскил*. Таронаи Довуд. Вақте ки Дӯаги адӯмӣ назди Шоул омада, хабар дод, ки Довуд ба хонаи Аҳималик омадааст.+
52 Эй пурзӯр, чаро бо корҳои бадат фахр мекунӣ?+
Охир, меҳру вафои Худо якрӯза нест.+
2 Забонат мисли покуи* тез аст,+Аз пайи зиён расондан ва фиреб кардан мебошад.+
3 Ту бадиро аз некӣВа дурӯғгӯйиро аз ростгӯйӣ бештар дӯст медорӣ. (Село)
4 Ҳар гуна сухани нешдорро нағз мебинӣ,Эй забони фиребгар!
5 Аз ин рӯ Худо туро абадан ба хок яксон мекунад.+
Туро аз хаймаат кашида берун мепартояд+Ва аз замини зиндаҳо решакан месозад.+ (Село)
6 Росткорон инро дида тарсон мешаванд+Ва ба ҳоли бадкор механданд.+
7 Онҳо мегӯянд: «Чунин аст ҳоли касе, ки Худоро паноҳгоҳи* худ насохтааст.+
Ӯ ба бисёрии сарваташ таваккал кард+Ва ба ҳилаҳои бади худ умед баст».
8 Аммо ман дар хонаи Худо мисли зайтуни сершоху барг хоҳам будВа ба меҳру вафои Худо абадан ва ба таври ҷовидонӣ такя хоҳам намуд.+
9 Туро барои он чӣ кардӣ, ҳамеша ситоиш хоҳам кард.+
Дар ҳузури вафодоронатБа номи ту умед хоҳам баст,+ зеро ки ин некуст.