Забур 50:1-23

  • Худо ҳам росткор ва ҳам бадкорро доварӣ мекунад

    • Аҳди Худо ба воситаи қурбонӣ (5)

    • «Худо Довар аст» (6)

    • Тамоми ҳайвонот аз они Худост (10, 11)

    • Худо бадкорро фош мекунад (16–21)

Таронаи Осаф.+ 50  Худои худоён, Яҳува,+ сухан ронд. Ӯ аз шарқ то ғарбТамоми халқи заминро ҷамъ меорад.   Аз Сион, ки камоли зебоист,+ Худо нур меафканад.   Худои мо меояд ва хомӯш нахоҳад монд.+ Дар пеши ӯ оташи сӯзанда аст+Ва дар гирдаш — тӯфони хурӯшон.+   Ӯ осмон ва заминро даъват мекунад,+То халқашро доварӣ кунад.+   Ӯ мегӯяд: «Содиқони маро ҷамъ оред,Касонеро, ки ба воситаи қурбонӣ бо ман аҳд бастаанд».+   Осмон росткории ӯро эълон мекунад,Зеро Худо Довар аст.+ (Село)   «Эй халқам, маро бишнав ва ман сухан меронам,Эй Исроил, ман бар зидди ту шаҳодат медиҳам.+ Ман Худо, Худои туям.+   Туро на аз барои қурбониҳоят сарзаниш мекунамВа на барои қурбониҳои сӯхтаниат, ки доимо дар пеши мананд.+   Ман ба буққаи хонаатВа ба нарбузи оғилат зор нестам,+ 10  Зеро тамоми ҳайвоноти ҷангал аз они ман аст,+Ҳайвонҳое, ки бар ҳазорҳо кӯҳҳоянд. 11  Ҳар як мурғи кӯҳсорро медонам+Ва ҷонварони бешумори саҳро аз они мананд. 12  Агар гушна мемондам, ба ту намегуфтам,Зеро замин ва ҳар чӣ дар он аст, аз они мананд.+ 13  Магар ман гӯшти говонро мехӯрамВа хуни бузонро менӯшам?+ 14  Бигзор қурбонии ту барои Худо шукрона бошад.+ Назрҳои* худро дар пеши Худои Таоло иҷро намо.+ 15  Дар рӯзи тангӣ маро бихон,+Ман туро наҷот хоҳам дод ва ту маро ҷалол хоҳӣ дод».+ 16  Вале ба бадкор Худо мегӯяд: «Ту чӣ ҳақ дорӣ, ки дар бораи дастурҳои манВа дар бораи аҳди ман+ гап занӣ?+ 17  Охир, ту аз насиҳат нафрат дорӣВа суханони маро пушти по мезанӣ.+ 18  Кори дуздонро меписандӣ*+Ва ба зинокорон шарик мешавӣ. 19  Бо даҳонат суханони бадро паҳн мекунӣВа ба забонат фиреб часпидааст.+ 20  Нишаста, бар зидди бародарат сухан меронӣ,+Фарзанди модаратро беобрӯ месозӣ*. 21  Вақте чунин кардӣ, ман хомӯш мондам,Аз ин рӯ ту фикр кардӣ, ки ман ҳам мисли туям,Вале ҳоло ман туро сарзаниш мекунамВа туро айбдор хоҳам кард.+ 22  Инро бифаҳмед, эй касоне, ки Худоро фаромӯш кардаед,+Вагарна ман шуморо пора-пора мекунам ва шумо ба халосгар зор мешавед. 23  Касе, ки шукронаро ҳамчун қурбонии худ пешкаш мекунад, маро ҷалол медиҳад.+ Ба касе, ки дар роҳи рост устувор аст,Наҷоти Худоро нишон хоҳам дод».+

Поварақҳо

Назр — ниг. ба луғат.
Ё, эҳтимол, «Ба кори дуздон ҳамроҳ мешавӣ».
Ё «Айби фарзанди модаратро ошкор мекунӣ».