Забур 5:1-12

  • Яҳува паноҳгоҳи росткорон аст

    • Худо аз бадкорон нафрат дорад (4, 5)

    • «Бо роҳи ростат маро роҳнамоӣ кун» (8)

Ба сардори ромишгарон барои наҳилӯт*. Таронаи Довуд. 5  Ба суханонам гӯш деҳ, эй Яҳува,+Ва оҳи маро бишнав.   Ба доди ман бирас,Эй Подшоҳ ва Худои ман, зеро ба ту дуо мегӯям.   Эй Яҳува, саҳарӣ овозамро мешунавӣ,+Бомдодон диламро ба ту холӣ мекунам+Ва ҷавобатро интизор мешавам.   Худовандо, ту дӯстдори ситам нестӣ,+Ҳаргиз бадкор назди ту сокин шуда наметавонад.+   Ҳеҷ ҳавобаланд пеши назарат нахоҳад истод,Ту аз ҳамаи бадкирдорон нафрат дорӣ.+   Ту дурӯғгӯёнро нест мекунӣ.+ Яҳува хунрезон ва фиребгаронро чашми дидан надорад.+   Аммо ман аз сабаби меҳру вафои бузургат+ ба хонаи ту хоҳам омад.+ Бо тарси ту дар дил сӯйи муқаддасгоҳат сари таъзим фуруд меорам.+   Эй Яҳува, ба роҳи ростат маро роҳнамоӣ кун,Зеро душманонам маро иҳота кардаанд. Роҳатро бароям ҳамвор намо.+   Дар даҳонашон ростӣ нест. Дарунашон пур аз бадӣ,Гулӯяшон қабри кушодаВа забонашон пур аз хушомад аст.+ 10  Худо онҳоро гунаҳкор хоҳад шумурд. Ба ҳилаҳои худ гирифтор шуда, фурӯ хоҳанд ғалтид.+ Бигзор барои ҷиноятҳои бисёрашон пароканда шаванд,Зеро бар зидди ту баромадаанд. 11  Аммо паноҳбарони ту хурсанд шуда,+Ҳамеша нидои шодӣ мебароранд. Ту онҳоро пуштибонӣ хоҳӣ намуд,Дӯстдорони номат хушҳолӣ хоҳанд кард. 12  Ту, эй Яҳува, росткоронро баракат медиҳӣ,Ризогии ту барои онҳо мисли сипари бузург аст.+

Поварақҳо

Наҳилӯт — ниг. ба луғат.