Забур 44:1-26
Ба сардори ромишгарон. Таронаи писарони Қӯраҳ.+ Маскил*.
44 Худоё, корҳоеро, ки ту дар замонҳои қадим,Дар рӯзҳои бобоёнамон кардӣ,Мо бо гӯши худ аз даҳони онҳо шунидем.+
2 Ту бо дасти худ халқҳоро рондӣ+Ва бобоёни моро дар ин ҷо сокин кардӣ.+
Халқҳоро шикаст дода, пеш кардӣ.+
3 Онҳо на бо шамшери худ ин заминро соҳиб шуданд+Ва на бо қуввати бозуи худ ғалаба карданд,+Балки бо дасти рост, бозу+ ва нури рӯйи ту,Зеро ту онҳоро дӯст доштӣ.+
4 Худоё, ту Подшоҳи манӣ.+
Ба Яъқуб ғалабаи* бузург ато фармо.
5 Бо мадади ту душманонамонро шикаст медиҳем+Ба номи ту мухолифонро поймол мекунем.+
6 Ман ба камонам такя намекунамВа аз шамшерам умедвори наҷот нестам.+
7 Ту будӣ, ки моро аз дасти душманон наҷот додӣ,+Ту будӣ, ки бадхоҳонамонро сарпаст кардӣ.
8 Тамоми рӯз Худоро шукрона хоҳем кардВа то абад номатро ситоиш хоҳем намуд. (Село)
9 Лекин ҳоло ту аз мо рӯй гардондӣ ва моро сарпаст кардӣ,Ту бо лашкари мо ба ҷанг намебароӣ.
10 Ту моро пеши душман шикаст медиҳӣ+Ва бадхоҳонамон моро тороҷ мекунанд.
11 Ту моро мисли гӯсфандон барои хӯрдан месупорӣВа дар миёни халқҳо пароканда месозӣ.+
12 Халқи худро ба нархи ночизе мефурӯшӣ+Ва аз ҳисоби вай фоида ба даст намеорӣ.
13 Моро дар пеши ҳамсоягон шарманда сохтаӣ,Масхараву хандахариши мардуми гирду атроф кардаӣ.
14 Моро вирди забони халқҳо гардондаӣ,+Халқҳо бар мо масхараомез сар меҷунбонанд.
15 Тамоми рӯз расвоиям дар пеши назарам астВа аз хиҷолат сари худро бардошта наметавонам,
16 Аз дасти таънаву дашноми халқҳо,Аз сабаби қасоси душман.
17 Ҳамаи ин бар сари мо омад,Лекин туро фаромӯш насохтаемВа ба аҳди ту бевафоӣ накардаем.+
18 Диламон хиёнаткор нашудВа поямон аз роҳи ту дур нагашт.
19 Вале ту моро дар макони шағолон фурӯ нишондӣВа бо пардаи зулмот пӯшондӣ.
20 Агар номи Худои худро фаромӯш мекардемВа сӯйи худои бегона дасти дуо мебардоштем,
21 Магар Худо аз ин огоҳ намешуд?
Охир, ӯ аз розҳои дили инсон огоҳ аст.+
22 Ба хотири ту моро рӯзи дароз қатл мекунанд,Мо гӯсфандон барои сарбурӣ ба шумор меравем.+
23 Бархез, эй Яҳува! Чаро мисли шахси хобидае амал намекунӣ?+
Бархез! Моро абадан тарк накун.+
24 Чаро рӯятро пинҳон медорӣ?
Чаро ранҷу азоби моро фаромӯш месозӣ?
25 Охир, ба хок яксон шудаемВа рӯ ба замин афтодаем.+
26 Ба кумаки мо бархез+Ва моро наҷот деҳ*, эй Худои пурмеҳру вафо!+