Забур 4:1-8

  • Дуои шахсе, ки ба Худо такя мекунад

    • «Ба ғазаб биёӣ, гуноҳ накун» (4)

    • «Орому осуда мехобам» (8)

Ба сардори ромишгарон. Бар созҳои торӣ. Таронаи Довуд. 4  Вақте сӯят фарёд кунам, ба фарёдам бирас, Худоям, эй Худои одил.+ Дар тангиҳо роҳи наҷотро бароям бикшо. Ба ман лутф намо ва дуоямро бишнав.   Эй фарзандони одам, то ба кай маро беҳурмат месозед? То ба кай чизи беҳударо дӯст дошта, аз пайи дурӯғ медавед? (Село)   Бидонед, ки Яҳува бандаи бовафояшро сарбаланд мегардонад*,Вақте сӯяш бихонам, Яҳува дуоямро мешунавад.   Ба ғазаб биёӣ, гуноҳ накун.+ Гапатро дар дилат, бар бистарат, бигӯВа хомӯш бимон. (Село)   Бо дили нек қурбониҳо биёредВа ба Яҳува такя кунед.+   Бисёр касон мегӯянд: «Кист, ки ба мо некие нишон диҳад?» Бигзор нури рӯйи ту бар мо бидурахшад, эй Яҳува.+   Ҳосили фаровони ғалла ва шароби нави бисёр касро шод мегардонад,Аммо ту дили маро аз шодии бештаре лабрез гардондаӣ.   Дароз кашида, орому осуда мехобам,+Зеро танҳо ту, эй Яҳува, маро дар амон нигоҳ медорӣ.+

Поварақҳо

Ё «гиромӣ хоҳад дошт».