Забур 36:1-12
Ба сардори ромишгарон. Таронаи Довуд, бандаи Яҳува.
36 Гуноҳ ба гӯши дили бадкор сухан мегӯяд.
Тарси Худо дар чашмонаш нест.+
2 Ӯ фирефтаи таърифҳои худаш мешавад,Ба тавре ки гуноҳашро намебинад ва аз он нафрат намекунад.+
3 Даҳонаш пур аз бадию фиреб аст,Ба кори нек ақлаш намерасад.
4 Дар бистараш ҳилаҳои бад меандешад.
Ӯ бо роҳи хуб равона нестВа аз бадӣ рӯй намегардонад.
5 Эй Яҳува, меҳри пойдорат то ба осмон расидааст,+Вафои ту то ба абрҳост.
6 Росткориат мисли кӯҳҳои бузург аст,+Ҳукмҳоят мисли баҳри бетагу беканор.+
Инсону ҳайвонро ту нигаҳ медорӣ, эй Яҳува.+
7 Худовандо, чӣ бебаҳост меҳру вафоят!+
Дар сояи болҳои ту одамизод паноҳ меёбад.+
8 Онҳо аз неъматҳои фаровони хонаат нӯши ҷон мекунанд+Ва ту аз чашмаи атоҳои ҳаловатбахшат ба онҳо менӯшонӣ.+
9 Чашмаи ҳаёт бо туст,+Ин нури ту аст, ки мо нурро мебинем.+
10 Минбаъд низ аз онҳое, ки туро мешиносанд, меҳру вафоятро дареғ надор+Ва покдилонро аз адолатат маҳрум насоз.+
11 Нагузор, ки ҳавобаландон бар ман пой гузорандВа дасти бадкорон маро биронад.
12 Бубин, ки бадкорон фурӯ ғалтидаанд,Чаппагардон шудаанд ва дигар намехезанд.+