Забур 35:1-28

  • Дуо дар бораи муҳофизат аз душманон

    • Душманон ронда мешаванд (5)

    • Худоро дар миёни мардум ҳамд мегӯям (18)

    • «Бесабаб маро бад мебинанд» (19)

Таронаи Довуд. 35  Эй Яҳува, дар мурофиа бар зидди душманонам маро тарафдорӣ кун.+ Бар зидди касоне, ки бо ман меҷанганд, биҷанг.+   Сипари хурду калони худро бигир+Ва ба муҳофизати ман бархез.+   Найза ва табарзини худро бар зидди дунболагиронам бардор+Ва ба ман бигӯй: «Ман наҷоти туям».+   Бигзор онҳое, ки қасди ҷонамро доранд, шармандаю шармсор гарданд.+ Бигзор бадхоҳонам ақиб гашта, беобрӯ шаванд.   Мисли коҳ дар бод пароканда гарданд,Бигзор фариштаи Яҳува онҳоро биронад.+   Бигзор роҳашон торику лағжонак бошадВа фариштаи Яҳува онҳоро сур кунад,   Зеро онҳо бесабаб барои дастгир кардани ман доме пинҳон кардандВа бесабаб барои ҷонам чоҳ канданд.   Бигзор бар сарашон балои ногаҳонӣ ояд,Бигзор ба доми худ гирифтор шавандВа ба он афтода, нобуд гарданд.+   Ҷонам аз корҳои Яҳува хурсандӣ мекунад,Аз он ки маро наҷот медиҳад, шодӣ мекунам. 10  Тамоми устухонҳоям мегӯяд: «Эй Яҳува, кист монанди ту? Ту бечораро аз каси пурзӯртар халос мекунӣ,+Бечора ва камбағалро аз дасти ғоратгаронаш раҳо мекунӣ».+ 11  Шоҳидони бадхоҳ бархестанд,+Аз ман он чиро, ки намедонам, мепурсанд. 12  Онҳо дар ивази некӣ бадӣ мекунанд,+Маро бекасу танҳо гардондаанд. 13  Аммо ман дар бемории онҳо палос* мепӯшидам,Ҷонамро бо рӯза азоб медодамВа, вақте дуоям сӯйи ман бе ҷавоб бармегашт, 14  Гирякунон мегаштам, мисли он ки барои дӯст ё бародарам нола мекарда бошам. Мисли он ки барои модарам мотам гирифта бошам, ғамгину сархам будам. 15  Аммо, вақте пешпо хӯрдам, онҳо хурсандӣ карда, якҷоя ҷамъ шуданд,Онҳо якҷоя шуданд, то ба ман аз камингоҳ ҳуҷум кунанд,Маро пора-пора намуданд ва ором нашуданд. 16  Худобехабарон маро мазоқу масхара мекунанд*,Дандонҳояшонро сӯйи ман ғиҷиррос мезананд.+ 17  Эй Яҳува, то ба кай нигоҳ карда меистӣ?+ Маро аз ҳамлаҳои онҳо халос кун+Ва ҷони азизамро аз шерони ҷавон раҳоӣ деҳ.+ 18  Он гоҳ туро дар ҷамоати бузург шукрона мегӯям+Ва дар миёни мардуми зиёд ҳамду сано мехонам. 19  Нагузор, то онҳое, ки бесабаб бо ман душманӣ меварзанд, бар ман тантана кунандВа касоне, ки бесабаб маро бад мебинанд,+ ба ман писхандомез чашмакӣ зананд,+ 20  Зеро онҳо аз осоиштагӣ сухан намеронандВа бар зидди сулҳҷӯёни замин ҳилаҳои бад меандешанд.+ 21  Даҳонашонро калон кушода, маро айбдор мекунанд,Онҳо мегӯянд: «Дидем! Ҳамаашро дидем». 22  Ту инро дидӣ, эй Яҳува. Хомӯш набош.+ Эй Яҳува, аз ман дур набош.+ 23  Бедор шав ва ба муҳофизатам бархез. Эй Худоям, Яҳува, дар мурофиаи ман маро ҳимоя кун. 24  Маро аз рӯйи адолатат доварӣ намо,+ эй Яҳува, Худои ман. Нагузор, ки онҳо бар ман тантана кунанд. 25  Бигзор ҳеҷ гоҳ нагӯянд: «Зӯр! Хости диламон шуд». Ҳаргиз нагузор, ки бигӯянд: «Ӯро як луқма кардем».+ 26  Бигзор ҳамаи онҳо шармандаю шармсор гарданд,Бигзор онҳое, ки аз бадбахтии ман шодӣ мекунанду худашонро аз ман боло мегиранд,Либоси расвогӣ ва хиҷолат дар бар кунанд. 27  Аммо онҳое, ки аз росткории ман шоданд, бигзор бо хушнудӣ нидо кунанд ва доимо бигӯянд: «Яҳуваро ҷалол бод, ки осоиштагии бандаи худро хоҳон аст».+ 28  Он гоҳ забони ман адолати туро васф хоҳад кард+Ва туро тамоми рӯз ситоиш хоҳад намуд.+

Поварақҳо

Палос — ниг. ба луғат.
Ё, эҳтимол, «Худобехабарон маро барои як бурда нон мазоқу масхара мекунанд».