Забур 138:1-8

  • Худо бузург ҳам бошад, ғамхор аст

    • Сӯят хонам, ту ҷавоб медиҳӣ (3)

    • Дар хатар ҳам маро зинда нигаҳ медорӣ (7)

Таронаи Довуд. 138  Туро бо тамоми дил шукр мегӯям,+Пеши худоёни дигар дар васфат месароям*.   Сӯйи ибодатгоҳи покат* саҷда мебарам+Ва номи туро ситоиш мекунам,+Зеро ту Худои меҳру вафо ва ростӣ ҳастӣ,Зеро ту сухану номи худро аз ҳар чиз бузургтар намудаӣ.   Рӯзе, ки сӯят хондам, ту ҷавоб додӣ,+Ту маро далер кардӣ ва ба ман қувват бахшидӣ.+   Ҳама подшоҳони замин туро ситоиш хоҳанд намуд, эй Яҳува,+Вақте ваъдаҳои туро бишнаванд.   Онҳо дар васфи роҳҳои Яҳува хоҳанд сароид,Зеро ҷалоли Яҳува бузург аст.+   Ҳарчанд Яҳува дар болост, назари ӯ дар пастист*,+Вале ҳавобаландонро ӯ аз дур мешиносад.+   Дар миёни хатар роҳ равам ҳам, ту маро зинда нигаҳ медорӣ.+ Дасти худро зидди хашми душманонам мебардорӣ. Дасти ростат маро наҷот медиҳад.   Яҳува ҳама корро баҳри ман анҷом хоҳад дод. Эй Яҳува, меҳру вафои ту то абад аст.+ Амали дастони худро тарк накун.+

Поварақҳо

Ё «менавозам».
Ё «муқаддасгоҳат».
Ё «хоксоронро мебинад».