Забур 136:1-26

  • Меҳру вафои Яҳува то абад аст

    • Осмону замин хирадмандона офарида шудааст (5, 6)

    • Фиръавн дар баҳри Сурх мурд (15)

    • Худо шахсони хору зорро дар ёд дорад (23)

    • Ризқу рӯзӣ ба ҳар ҷони зинда (25)

136  Яҳуваро шукр гӯед, зеро ӯ некуст+Ва меҳру вафои ӯ то абад аст.+   Худои худоёнро шукр гӯед,+Зеро меҳру вафояш то абад аст.   Худованди худовандонро шукр гӯед,Зеро меҳру вафояш то абад аст.   Танҳо ӯ корҳои аҷоибу бузург мекунад,+Зеро меҳру вафояш то абад аст.+   Ӯ осмонро хирадмандона офаридааст,+Зеро меҳру вафояш то абад аст.   Ӯ заминро бар обҳо паҳн кардааст,+Зеро меҳру вафояш то абад аст.   Ӯ ҷирмҳои нурпошро офаридааст,+Зеро меҳру вафояш то абад аст.   Ӯ офтобро барои ҳокимияти рӯз офаридааст,+Зеро меҳру вафояш то абад аст.   Ӯ моҳтоб ва ситорагонро барои ҳокимияти шаб офаридааст,+Зеро меҳру вафояш то абад аст. 10  Ӯ нахустзодагони Мисрро зарба зад,+Зеро меҳру вафояш то абад аст. 11  Ӯ Исроилро аз миёни онҳо баровард,+Зеро меҳру вафояш то абад аст, 12  Ӯ ин корро бо дасти тавоно ва бозуи пурзӯр кард,+Зеро меҳру вафояш то абад аст. 13  Ӯ баҳри Сурхро ду тақсим кард,+Зеро меҳру вафояш то абад аст. 14  Ӯ Исроилро аз миёни баҳр гузаронд,+Зеро меҳру вафояш то абад аст. 15  Ӯ фиръавн ва лашкарашро ба баҳри Сурх андохт,+Зеро меҳру вафояш то абад аст. 16  Ӯ халқи худро аз биёбон гузаронд,+Зеро меҳру вафояш то абад аст. 17  Ӯ подшоҳони бузургро зарба зад,+Зеро меҳру вафояш то абад аст. 18  Ӯ подшоҳони пурзӯрро куштааст,Зеро меҳру вафояш то абад аст, 19  Сиҳӯни+ подшоҳи амӯриёнро,Зеро меҳру вафояш то абад аст, 20  Ӯҷи+ подшоҳи Бошонро,Зеро меҳру вафояш то абад аст. 21  Ӯ замини онҳоро ба халқаш мерос додааст,+Зеро меҳру вафояш то абад аст. 22  Ба бандаи худ Исроил мерос додааст,Зеро меҳру вафояш то абад аст. 23  Ӯ моро дар хориву зориямон ба ёд овард,+Зеро меҳру вафояш то абад аст.+ 24  Моро аз дасти душманонамон халос менамуд,+Зеро меҳру вафояш то абад аст. 25  Ӯ ба ҳар ҷони зинда ризқу рӯзӣ медиҳад,+Зеро меҳру вафояш то абад аст. 26  Худои осмонро шукр гӯед,Зеро меҳру вафояш то абад аст.

Поварақҳо