Забур 112:1-10

  • Росткор аз Яҳува метарсад

    • Касе, ки қарз медиҳад, барор меёбад (5)

    • «Ёди росткор то абад мемонад» (6)

    • Саховатманд дасташро ба камбағалон мекушояд (9)

112  Ёҳро* ситоиш кунед!+ א [Алиф] Хушбахт аст касе, ки аз Яҳува метарсад+ב [Бет]Ва аз иҷрои амрҳояш лаззат мебарад.+ ג [Гимел]   Фарзандони ӯ дар замин пурзӯр мешавандד [Далет]Ва насли росткорон баракат меёбад.+ ה [Ҳе]   Дороӣ ва сарват дар хонаи ӯстו [Вов]Ва росткорияш то абад пойдор аст. ז [Зайин]   Ӯ барои росткорон мисли нурест дар торикӣ,+ח [Хет]Ӯ дилсӯзу меҳрубон+ ва одил аст. ט [Тет]   Хуш ба ҳоли касе, ки дареғ надошта қарз медиҳад.+ י [Йод] Ӯ корҳояшро аз рӯйи инсоф анҷом медиҳад. כ [Каф]   Ӯ ҳеҷ гоҳ такон намехӯрад.+ ל [Ламед] Ёди росткор то абад мемонад.+ מ [Мим]   Ӯ аз хабари бад наметарсад.+ נ [Нун] Дилаш ором аст, ба Яҳува такя дорад.+ ס [Самех]   Дилаш осуда аст, ӯ наметарсад.+ ע [Айин] Ӯ дар охир бо тантана бар душманонаш назар хоҳад кард.+ פ [Пе]   Ӯ саховатмандона додааст ва дасташро ба камбағалон кушодааст.+ צ [Тсаде] Росткорияш то абад пойдор аст.+ ק [Коф] Қуввату ҷалолаш афзун хоҳад гашт. ר [Реш] 10  Бадкор инро дида, хашмгин хоҳад шуд. ש [Шин] Аз қаҳр дандон хоида, аз байн хоҳад рафт. ת [Тав] Орзуи бадкорон барбод хоҳад рафт.+

Поварақҳо

Ёҳ — шакли кӯтоҳи номи Яҳува.