Забур 110:1-7
Таронаи Довуд.
110 Яҳува ба Ҳазрати ман чунин гуфт:
«Аз дасти рости ман бинишин,+То даме ки душманонатро зери поят андозам».+
2 Яҳува ҳокимияти* туро аз Сион берун паҳн месозад.
Ӯ ба ту мегӯяд: «Дар миёни душманонат ҳукмронӣ намо».+
3 Халқи ту, рӯзе ки лашкаратро ба ҷанг барӣ, ихтиёран ҳозир мешавад.
Ту ҷавонони зиёде, ҷавонони поку зебое дорӣ,Ки мисли шабнами зодаи субҳидаманд.
4 Яҳува қасам хӯрдааст ва аз қасамаш намегардад*:
«Ту то абад коҳин ҳастӣ,+Коҳине ба мисли Малкисодақ!»+
5 Яҳува аз дасти рости ту хоҳад истод+Ва дар рӯзи ғазабаш подшоҳонро шикаст хоҳад дод.+
6 Ӯ халқҳоро доварӣ хоҳад намуд,+Заминро аз ҷасадҳо пур хоҳад кард+Ва сарвари замини бузургеро* шикаст хоҳад дод.
7 Ту* аз ҷӯйи сари роҳ хоҳӣ нӯшид.
Аз ин рӯ ту сари худро хоҳӣ бардошт.
Поварақҳо
^ Дар матни асл «чӯбдасти қуввати».
^ Ё «ва пушаймон намешавад».
^ Ё «тамоми заминро».
^ Ин муроҷиат ба «Ҳазрат»-е, ки дар ояти 1 омадааст, дахл дорад.