Доварон 14:1-20
14 Шимшӯн сӯйи Тимно поён омад ва дар он ҷо зани фалиштиеро дид.
2 Ӯ аз он ҷо омада, ба падару модари худ гуфт: «Ман дар Тимно духтари фалиштиеро дидам ва мехоҳам, ки ӯро барои ман хостгорӣ кунед».
3 Аммо падару модараш ба вай гуфтанд: «Магар дар байни хешу табор ва халқи худамон духтаре ёфт нашуд ки, аз фалиштиёни бехатна зан гирифтанӣ ҳастӣ?»+ Шимшӯн бошад, ба падараш гуфт: «Ӯро барои ман бигир, чунки ман вайро маъқул кардам».
4 Падару модари ӯ нафаҳмиданд, ки ин аз тарафи Яҳува буд, зеро ӯ* фурсат меҷуст, ки бар зидди фалиштиён, ки он вақт бар Исроил ҳукмрон буданд, амал кунад.+
5 Шимшӯн бо падару модараш сӯйи Тимно фаромад. Вақте ки вай ба токзори Тимно расид, шере сӯяш наъра зада, пеш омад.
6 Он гоҳ рӯҳи Яҳува Шимшӯнро фаро гирифт+ ва ӯ бо ду дасташ шерро ду пора кард, чуноне ки бузғоларо ду пора мекунанд. Вале ӯ ба падару модараш дар ин бора чизе нагуфт.
7 Ӯ ба Тимно омада, бо он духтар гуфтугӯ кард ва ӯ дар назари Шимшӯн ҳанӯз писанд буд.+
8 Баъдтар, вақте ки ӯ барои ба хона овардани он духтар мерафт,+ аз роҳаш як сӯ гашт, то лошаи шерро бинад, ва дар лошаи шер занбӯрон ва асалро дид.
9 Ӯ аз он асал гирифта, раҳ ба раҳ хӯрд. Вақте ки дар роҳ ба падару модараш расид, ба онҳо низ каме асал дод, вале нагуфт, ки онро аз лошаи шер гирифтааст.
10 Падари Шимшӯн ба назди он духтар омад ва Шимшӯн дар он ҷо базме барпо кард, зеро расм буд, ки ҷавонон чунин кунанд.
11 Вақте ки онҳо Шимшӯнро диданд, 30 ҷавонро ба наздаш оварданд, то дӯстони домод бошанд.
12 Шимшӯн ба онҳо гуфт: «Иҷозат диҳед, ки ба шумо чистоне гӯям. Агар дар ҳафт рӯзи базм ҷавобашро ёфта, ба ман гӯед, ба шумо 30 куртаи катон ва 30 даста сарупо медиҳам.
13 Лекин, агар наёбед, шумо ба ман 30 куртаи катон ва 30 даста сарупо медиҳед». Онҳо гуфтанд: «Чистонатро бигӯ, канӣ онро шунавем».
14 Ӯ ба онҳо гуфт:
«Аз хӯранда хӯроке ёфт шудВа аз зӯрманд — шириние».+
Се рӯз гузашт, вале ҳеҷ не ки онҳо ҷавоби чистонро ёбанд.
15 Дар рӯзи чорум онҳо ба зани Шимшӯн гуфтанд: «Дили шавҳаратро ёб,+ то ӯ ҷавоби чистонро бигӯяд. Агар не, мо туро ва хонаи падаратро алов сар медиҳем. Магар моро барои он таклиф кардед, ки ғорат кунед?»
16 Он гоҳ зани Шимшӯн пеши ӯ гиряву нола карда гуфт: «Ту маро бад мебинӣ, ту маро дӯст намедорӣ.+ Охир, ту ба мардуми мо чистон гуфтӣ, лекин ҷавобашро ба ман нагуфтӣ». Шимшӯн ба вай гуфт: «Ман ҷавоби онро ҳатто ба падару модарам нагуфтаму ба ту мегуфтаам?»
17 Аммо он духтар то рӯзи охирини базм дар пешаш гиря мекард. Оқибат Шимшӯн дар рӯзи ҳафтум ҷавоби чистонро ба вай гуфт, чунки вай ӯро аз ҷон безор кард. Духтар бошад, ҷавоби чистонро ба мардуми худ расонд.+
18 Дар рӯзи ҳафтум, пеш аз нишастани офтоб*, мардуми шаҳр ба Шимшӯн гуфтанд:
«Чӣ аз асал ширинтарВа аз шер зӯртар аст?!»+
Ӯ дар ҷавоб гуфт:
«Агар бо ғуноҷини* ман шудгор намекардед,+Ҷавоби чистонамро намеёфтед».
19 Баъд аз ин рӯҳи Яҳува Шимшӯнро фаро гирифт+ ва ӯ ба Ашқалӯн+ фаромада, 30 нафарро аз мардони он ҷо зарба зад ва либоси онҳоро гирифта, ба касоне дод, ки ҷавоби чистонро ба ӯ гуфта буданд.+ Сипас ӯ пур аз хашму ғазаб ба хонаи падараш баргашт.
20 Зани Шимшӯнро+ бошад, ба яке аз ҷавононе доданд, ки дӯсти домод+ шуда буд.
Поварақҳо
^ Эҳтимол, Худо.
^ Ё, эҳтимол, «пеш аз он ки ӯ ба хонаи дарунӣ дарояд».
^ Ё «модагови ҷавони».