Айюб 9:1-35

  • Ҷавоби Айюб (1–35)

    • Инсони хокӣ наметавонад бо Худо баҳс кунад (2–4)

    • Худо корҳои ақлнорас мекунад (10)

    • Инсон наметавонад Худоро ба додгоҳ барад (32)

9  Айюб ҷавоб гардонда гуфт:   «Аниқ медонам, ки чунин аст,Вале чӣ тавр инсони хокӣ метавонад бо Худо баҳс кунаду ҳақ барояд?+   Агар касе хоҳад бо Худо баҳс кунад*,+Аз ҳазор саволи ӯ ба яктояш ҳам ҷавоб дода наметавонад.   Ӯ хирадманд ва пурқудрат аст.+ Кӣ метавонад ба ӯ зид барояду саломат бимонад?+   Ӯ кӯҳҳоро аз ҷояшон мекӯчонад, аммо касе аз ин хабардор намешавад,Ӯ кӯҳҳоро ҳангоми ғазабаш чаппа мекунад.   Ӯ заминро аз ҷояш меҷунбонад,Ба тавре ки сутунҳои он ба ларза меоянд.+   Ӯ ба офтоб мефармояд, ки надурахшад,Ва бар рӯшноии ситорагон+ муҳр зада, онҳоро пинҳон месозад.   Ӯ худаш осмонро паҳн мекунад+Ва бар мавҷҳои бузурги баҳр+ қадам мезанад.   Ӯ галаситораҳои* Айиш*, Кесил* ва Киморо* офаридааст+Ва галаситораҳои ҷануби кураи осмонро сохтааст. 10  Ӯ корҳои бузургу ақлнорас мекунад,+Корҳои аҷоибаш сону шумор надоранд.+ 11  Ӯ аз пешам мегузарад, вале ман ӯро намебинам,Аз наздам гузашта меравад, вале пай намебарам. 12  Вақте чизеро кашида мегирад, кӣ ӯро боздошта метавонад? Кӣ ба ӯ гуфта метавонад: “Чӣ кор мекунӣ?”+ 13  Худо хашми худро боз нахоҳад дошт,+Ҳатто дастёрони роҳоб*+ пеши ӯ сар хам мекунанд. 14  Аз ин рӯ, пеш аз он ки ба ӯ ҷавоб диҳам ва бо ӯ баҳс кунам,Бояд ҳар як суханамро баркашам! 15  Ҳатто агар ҳақ бар ҷониби ман мебуд, ҷуръат намекардам ба ӯ ҷавоб гардонам,+Аз Довари худ танҳо илтиҷо менамудам, ки бар ман раҳм кунад. 16  Агар сӯйи ӯ фарёд занам, оё ба фарёдам мерасад? Бовар надорам, ки ӯ ба овозам гӯш диҳад. 17  Чунки ӯ бар сарам тӯфони бало меорадВа захмҳои маро бесабаб зиёд мегардонад.+ 18  Намемонад, ки нафасамро рост кунам,Ҷонамро аз талхиҳо лабрез мегардонад. 19  Агар гап дар сари қувват бошад, ӯ пурзӯр аст.+ Агар гап дар сари адолат бошад, ӯ мегӯяд: “Кист, ки маро айбдор кунад?” 20  Ҳақ бар ҷонибам бошад ҳам, даҳонам маро айбдор мекунад. Ҳатто агар беайбиямро нигоҳ дорам*, ӯ маро гунаҳкор мебарорад. 21  Беайбиямро нигоҳ дорам ҳам, аз худ дилпур нестам,Аз ҳаётам безорам. 22  Фарқе надорад. Бинобар ин мегӯям: “Ӯ ҳам шахси беайб ва ҳам бадкорро нест мекунад”. 23  Агар селобе биёяду одамон бимиранд,Ӯ ба ҳоли зори бегуноҳ механдад. 24  Замин ба дасти бадкор супурда шудааст.+ Ӯ чашмони доварони заминро пӯшидааст. Агар ин кори ӯ набошад, пас, кори кист? 25  Инак, рӯзҳои ман аз даванда тезтаранд,+Гузашта мераванду ман рӯзи некро намебинам. 26  Онҳо мисли қаиқҳои қамишӣ шино карда мераванд,Мисли уқобоне, ки сӯйи туъмаи худ мешитобанд. 27  Агар бигӯям: “Ғами* худро фаромӯш мекунам,Рӯямро дигар турш намекунам ва шод мешавам”, 28  Дар ин сурат ҳам аз сабаби дарду азобҳоям хоҳам тарсид+Ва медонам, ки ту маро беайб ҳисоб нахоҳӣ кард. 29  Модом ки гунаҳкор ҳисоб ёбам,Чаро беҳуда талош кунам?+ 30  Агар худро дар оби барф тоза кунамВа дастонамро дар ишқор бишӯям,+ 31  Ту маро дар чоҳи пур аз ифлосӣ меғӯтонӣ,Ба тавре ки ҳатто либосҳоям аз ман нафрат хоҳанд кард. 32  Охир, ӯ мисли ман одамизод нест, ки ба ӯ ҷавоб гардонамВа ҳамроҳаш ба додгоҳ биравем.+ 33  Касе нест, ки дар миёни мо доварӣ кунад*,Касе нест, ки довари мо бошад. 34  Агар ӯ маро дигар бо чӯбаш назанадВа дили маро аз даҳшат пур насозад,+ 35  Ман натарсида бо ӯ гап мезанам,Зеро шахсе нестам, ки аз тарс сухан гӯяд.

Поварақҳо

Ё «бо Худо ба мурофиа равад».
Ё «бурҷи».
Айиш — эҳтимол, Дубби Акбар (бурҷи Ҳафтдодарон).
Кесил — эҳтимол, бурҷи Ҷаббор (бурҷи Сайёд).
Кимо — эҳтимол, ситорагони Парвин, ки дар бурҷи Савр (бурҷи Гов) ҷойгиранд.
Эҳтимол, ҷонвари калони баҳрие дар назар дошта шудааст.
Ё «Ҳатто агар бегуноҳ бошам».
Ё «Шикояти».
Ё «Дар байни мо миёнараве нест».