Айюб 35:1-16

  • Элиҳу фикрронии хатои Айюбро фош мекунад (1–16)

    • Айюб худро аз Худо росткортар меҳисобад (2)

    • Аз гуноҳ ба Худои осмон ҳеҷ зараре намерасад (5, 6)

    • Айюб бояд Худоро интизор шавад (14)

35  Элиҳу суханашро давом дода гуфт:   «Наход ту аз росткории худ чунон дилпур бошӣ, ки бигӯӣ: “Ман аз Худо росткортарам”?+   Зеро ту мегӯӣ: “Ба ту* аз ин чӣ фоида? Чӣ суде бароям аз он ки гуноҳ накардаам?”+   Инак, ман ба туВа ба рафиқонат+ ҷавоб медиҳам.   Ба осмон нигоҳ кунВа ба абрҳои болои сарат назар андоз.+   Агар ту гуноҳ кунӣ, ба ӯ чӣ зараре мерасонӣ?+ Агар хатоҳоятро зиёд гардонӣ, ба ӯ чӣ осебе мерасад?+   Агар ту одил бошӣ, аз ту ба ӯ чӣ мерасад? Ва оё ӯ аз дасти ту чизе мегирад?+   Бо бадии худ ту фақат ба инсоне мисли худат зарар мерасонӣВа бо росткорият танҳо ба фарзанди одам фоида меорӣ.   Одамон аз зулму ситам ба дод меояндВа аз дасти зӯроварон фарёд мекунанд.+ 10  Аммо ҳеҷ кас намегӯяд: “Худо куҷост, Офаридгори Бузурги ман куҷост,+Он кӣ шабонгаҳ сурудҳо ато мекунад?”+ 11  Ӯ моро аз ҷонварони замин+ бештар таълим медиҳад+Ва аз парандагони осмон хиради зиёдтар мебахшад. 12  Одамон фарёд мебароранд, аммо ӯ ҷавоб намедиҳад,+Чунки онҳо бадкору ҳавобаланданд.+ 13  Бешак, Худо фарёди пучро намешунавад*+Ва Худои Тавоно* ба он аҳамият намедиҳад. 14  Ба шикояти ту бошад, аз ин камтар гӯш медиҳад, зеро ту мегӯӣ, ки ӯро намебинӣ!+ Даъвои ту пеши ӯст, ӯро бесаброна интизор бош,+ 15  Зеро ӯ аз ту бо хашму ғазаб ҳисобот наталабидаастВа аз суханони беандешаву бемулоҳизаат чашм пӯшидааст.+ 16  Айюб даҳони худро беҳуда мекушояд,Ӯ аз рӯйи нодонӣ сухани бисёр мегӯяд».+

Поварақҳо

Эҳтимол, Худоро дар назар дорад.
Ё «Худо дурӯғро намешунавад».
Ё «Абарқудрат».