Айюб 29:1-25

  • Айюб рӯзҳои хушбахтиашро ба хотир меорад (1–25)

    • Назди дарвозаҳои шаҳр ӯро ҳурмат мекарданд (7–10)

    • Корҳои хуби пештарааш (11–17)

    • Мардум ба маслиҳати ӯ гӯш медод (21–23)

29  Айюб суханашро* давом дода гуфт:   «Эй кош моҳҳои рафта бозмегаштанд,Рӯзҳое, ки Худо маро нигаҳбонӣ мекард,   Вақте чароғаш бар сарам нур мепошидВа нури ӯ дар торикӣ пеши роҳамро равшан мекард,+   Рӯзҳои гул-гулшукуфии умрам,Вақте аз дӯстӣ бо Худо хаймаам саршори баракат буд,+   Вақте Худои Тавоно* ҳанӯз бо ман буд,Вақте фарзандонам* дар гирду атрофам буданд,   Вақте пойҳоямро дар маска мешустамВа аз кӯҳпора бароям равған мерехт.+   Вақте назди дарвозаҳои шаҳр+ мерафтамВа дар майдон+ барои худ ҷой мегирифтам,   Ҷавонон маро дида роҳ медодандВа пирон аз ҷой хеста, дигар наменишастанд.+   Мирон аз гап бозмеистодандВа даст бар даҳон мегузоштанд. 10  Овози пешвоён хомӯш мешуд,Ва забонашон ба комашон мечаспид. 11  Ҳар касе маро гӯш мекард, дар ҳаққам гапи хуб мегуфтВа касе маро медид, таърифам мекард, 12  Зеро ман ба доди бечора мерасидам,+Ятим ва шахси бепушту паноҳро наҷот медодам.+ 13  Ҳар киро аз марг наҷот медодам, маро дуои нек мекард+Ва дили бевазанро шод мегардондам.+ 14  Росткориро мисли либос мепӯшидамВа инсофро монанди ҷомаву салла дар бар мекардам. 15  Ман барои кӯр чашм мешудамВа барои ланг пойи равон. 16  Барои камбағал падар мешудам+Ва даъвои ношиносро тафтиш мекардам.+ 17  Даҳони бадкорро мешикастам+Ва сайдро аз дандонҳояш кашида мегирифтам. 18  Дар дилам мегуфтам: “Дар хонаи* худ мемирам+Ва рӯзҳоям мисли рег сершумор мегардад. 19  Решаҳоям сӯйи об паҳн мешавандВа дар шохаҳоям тамоми шаб шабнам қарор мегирад. 20  Обрӯю ҷалолам ҳеҷ гоҳ кам намешавадВа камони дастам аз тир задан бознамемонад”. 21  Мардум маро бодиққат гӯш мекардандВа хомӯш истода маслиҳатамро интизор мешуданд.+ 22  Вақте гапамро тамом мекардам, ҳеҷ чиз илова намекарданд. Суханонам ба гӯшҳои онҳо нарм мечакид. 23  Онҳо маро мисли борон нигарон мешуданд,Мисли он ки борони баҳорро интизор бошанд, даҳони худро калон мекушоданд.+ 24  Вақте ба онҳо табассум мекардам, боварашон намеомад. Нури рӯйи ман онҳоро дилпур мекард*. 25  Ман ба онҳо мисли сардор дастурот медодамВа монанди подшоҳе будам, ки дар байни лашкараш зиндагӣ мекунад,+Монанди касе, ки мотамзадагонро тасаллӣ мебахшад.+

Поварақҳо

Дар матни асл «масалашро».
Ё «Абарқудрат».
Ё «хизматгузоронам».
Дар матни асл «лонаи».
Ё, эҳтимол, «Онҳо нури рӯйи маро торик намекарданд».