Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Б1

Мавзуи асосии Китоби Муқаддас

Танҳо Яҳува Худо ба ҳукмронӣ кардан ҳақ дорад. Тарзи ҳукмронии ӯ беҳтарин аст. Нияти Худо нисбати замин ва одамизод ҳатман амалӣ хоҳад гашт.

Баъди с. 4026 то милод

«Мор» ҳуқуқ ва тарзи ҳукмронии Яҳуваро зери шубҳа мегузорад. Яҳува «насл»-еро ваъда медиҳад, ки оқибат мор, яъне Шайтонро несту нобуд мекунад (1 Мӯсо 3:1–5, 15). Вале то омадани он замон Яҳува ба одамон роҳ медиҳад, ки зери таъсири «мор» ҳукмронӣ кунанд.

с. 1943 то милод

Яҳува ба Иброҳим ваъда медиҳад, ки ин «насл» аз авлоди ӯ мебарояд (1 Мӯсо 22:18).

Баъди с. 1070 то милод

Яҳува шоҳ Довуд ва баъдтар писараш Сулаймонро боварӣ мебахшад, ки «насл»-и ваъдашуда аз авлоди онҳо меояд (2 Подшоҳон 7:12, 16; 3 Подшоҳон 9:3–5; Ишаъё 9:6, 7).

с. 29 милодӣ

Яҳува ошкор мекунад, ки Исо «насл»-и ваъдашуда ва вориси тахти Довуд аст (Ғалотиён 3:16; Луқо 1:31–33; 3:21, 22).

с. 33 милодӣ

Шайтон бо куштани Исо ба пошнаи «насл»-и ваъдашуда ба муддати кӯтоҳ зарар мерасонад. Яҳува Исоро ба ҳаёти осмонӣ зинда мекунад ва қимати ҳаёти комилашро қабул менамояд, то ки барои бахшидани гуноҳҳои насли Одам ва соҳиби ҳаёти ҷовидонӣ шудани онҳо асосе бошад (1 Мӯсо 3:15; Корнома 2:32–36; 1 Қӯринтиён 15:21, 22).

Тақрибан с. 1914 милодӣ

Исо мор, яъне Шайтонро ба замин мепартояд ва дар он ҷо ба фаъолияти вай ҳадду ҳудуд мегузорад. Вақти Шайтон кам мемонад (Ошкорсозӣ 12:7–9, 12).

Оянда

Исо Шайтонро ба муддати 1000 сол занҷирбанд карда, баъд тамоман нест мекунад, яъне ба маънои маҷозӣ сари Шайтонро мекӯбад. Нияти аввалаи Яҳува нисбати замин ва одамизод амалӣ мегардад, номаш аз доғ пок мешавад ва исбот мегардад, ки тарзи ҳукмронии ӯ беҳтарин аст (Ошкорсозӣ 20:1–3, 10; 21:3, 4).