Чаро Яҳува номи Абром ва Сорайро иваз кард?
Абром дар назари Яҳува беайб буд. Вақте Худо дар бораи ваъдааш ба Абром маълумоти бештар дод, Ӯ ба Абром ва Сорай номе дод, ки аз маънои он дар бораи воқеаҳои оянда фаҳмидан мумкин буд.
Мувофиқи маънои номашон Иброҳим падари халқҳои бисёр гашт, аз Соро бошад, подшоҳон пайдо шуданд.
-
Иброҳим
Падари халқҳои бисёр
-
Соро
Малика
Мо ҳангоми таваллуд бароямон ном интихоб карда наметавонем. Вале ҳар яки мо метавонем мисли Иброҳиму Соро дар назди Худо номи нек пайдо кунем. Аз худ пурсед:
-
Чӣ тавр ман дар назари Яҳува беайб буда метавонам?
-
Бо Яҳува дӯстӣ карда ман чӣ гуна ном пайдо мекунам?