БА МАСЕҲ ПАЙРАВӢ КУНЕД
Мисолҳо дар бораи Подшоҳӣ ба мо чӣ дахл доранд?
Исо барои таълим додани ҳақиқатҳои чуқури рӯҳонӣ мисолҳоро истифода мебурд. Лекин танҳо шахсони фурӯтан онҳоро мефаҳмиданду қабул мекарданд (Мт 13:10–15). Ҳар як мисолҳоро дар бораи Подшоҳӣ дида бароед ва ба саволҳои зерин ҷавоб диҳед: «Чӣ тавр ман аз ин мисол манфиат гирифта метавонам? Чӣ тавр ин мисол бояд ба ҳаёти ман таъсир кунад?»
ПОДШОҲИИ ОСМОН БА ЧИЗҲОИ ЗЕРИН МОНАНД АСТ:
-
«донаи хардал» (Мт 13:31, 32; w14 15.12 саҳ. 8, сарх. 9).
-
«хамиртуруш» (Мт 13:33; w14 15.12 саҳ. 9, 10, сарх. 14, 15).
-
«ганҷ» ва «савдогар» (Мт 13:44–46; w14 15.12 саҳ. 10, сарх. 18).