БА МАСЕҲ ПАЙРАВӢ КУНЕД
Ба оилаатон кӯмак кунед, ки Яҳуваро дар хотир доранд
Ирмиё бояд яҳудиёнро огоҳ мекард, ки ба сарашон мусибат меояд, чунки онҳо Яҳуваро фаромӯш карданд (Ир 13:25). Лекин чӣ тавр онҳо ба ин ҳолати ғамовар гирифтор шуданд? Барои он ки оилаҳои исроилиён муносибати хубашонро бо Яҳува гум карданд. Аз ин маълум мешавад, ки сардорони оила ба суханони Яҳува, ки дар Такрори Шариат 6:5–7 навишта шудааст, гӯш надоданд.
Имрӯз оилаҳои рӯҳан бақувват пойдевори мустаҳками ҷамъомаданд. Чӣ тавр сардорони оила ба оилаашон ёрдам карда метавонанд, ки Яҳуваро дар хотир нигоҳ доранд? Бо мунтазам ва шавқовар гузарондани ибодати оилавиашон (Зб 21:28). Баъд аз тамошо кардани видеонавори «“Ин суханон... бигзор бар дили ту бошад”. Мусоҳиба» ба саволҳои зерин ҷавоб диҳед:
-
Чӣ тавр баъзе оилаҳо ба душвориҳо нигоҳ накарда ибодати оилавӣ мегузаронанд?
-
Мунтазам ва шавқовар гузаштани ибодати оилавӣ кадом баракатҳо меорад?
-
Чӣ ба ман халал мерасонад, ки ибодати оилавӣ гузаронам? Барои бартараф кардани ин душворӣ чӣ кор карда метавонам?