Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

5–11 май

ПАНДНОМА 12

5–11 май

Суруди 53 ва дуо | Пешгуфтор (1 дақ.)

ГАНҶҲОИ КАЛОМИ ХУДО

1. Меҳнат бе роҳат нест

(10 дақ.)

Вақтатонро ба чизҳои беҳуда сарф накунед (Пнм 12:11).

Заҳмат кашеду танбалӣ накунед (Пнм 12:24; w16.06 саҳ. 31, сарх. 1).

Меҳнат кунед, роҳат мебинед (Пнм 12:14).

МАСЛИҲАТ. Мулоҳиза ронед, ки меҳнататон ба дигарон чӣ фоида меорад, он гоҳ коратонро бо хурсандӣ иҷро мекунед (Крн 20:35; g21.1 саҳ. 8, сарх. 1).

2. Ҷустуҷӯйи ганҷҳои Калом

(10 дақ.)

  • Пнм 12:25 — Чӣ тавр бо суханонамон дигаронро дилбардорӣ карда метавонем? (w24.09 саҳ. 28, сарх. 10).

  • Аз хониши Китоби Муқаддас барои ин ҳафта шумо кадом ганҷҳоро ёфтед?

3. Хониши Китоби Муқаддас

ДАР ХИЗМАТ БОҒАЙРАТ БОШЕД

4. Суҳбатро сар кунед

(2 дақ.) ХИЗМАТИ ХОНА БА ХОНА (lmd дарси 1, қисми 4).

5. Суҳбатро сар кунед

(3 дақ.) ХИЗМАТИ ХОНА БА ХОНА. Омӯзиши Китоби Муқаддасро пешкаш кунед (lmd дарси 5, қисми 4).

6. Шавқмандонро хабар гиред

(3 дақ.) ШАҲОДАТИ ҒАЙРИРАСМӢ. Ба волиде сомонаамонро нишон диҳед (lmd дарси 9, қисми 3).

7. Эътиқоди худро фаҳмонед

(3 дақ.) Намоиш дар асоси ijwfq мақолаи 3. Мавзуъ: «Оё дилпуред, ки дини шумо ҳақиқист?» (lmd дарси 4, қисми 3).

БА МАСЕҲ ПАЙРАВӢ КУНЕД

Суруди 40

8. Бо кумаки Яҳува душвориҳои иқтисодиро паси сар кунед

(15 дақ.) Муҳокима.

Шояд, шумо хавотиред, ки кор намеёбед ё баръакс, коратонро аз даст медиҳед. Ё, мумкин, дилатонро ғам гирифтааст, ки, агар аз ҳозир пулатон нӯг ба нӯг расад, дар пиронсолӣ чӣ мешуда бошад? Вазъи иқтисодии ҷаҳон зуд иваз шуда метавонад. Лекин, агар кори Яҳуваро дар якум ҷо монем, ӯ моро дилпур месозад, ки ҳамеша дар бораи ниёзҳоямон ғамхорӣ мекунад (Зб 46:1–3; 127:2; Мт 6:31–33).

ВИДЕОНАВОРИ «Яҳува ҳеҷ гоҳ моро намепартояд»-ро монед. Сипас аз шунавандагон пурсед:

  • Шумо аз бародар Франсиско чӣ омӯхтед?

Аз шунавандагон хоҳиш кунед, ки 1 Тимотиюс 5:8-ро хонанд. Сипас аз онҳо пурсед:

  • Чӣ тавр ин оят шуморо дилпур месозад, ки Яҳува ҳамеша дар бораи ниёзҳои ходимонаш ғамхорӣ мекунад?

Биёед якчанд оятеро дида бароем, ки дар вақти бепулӣ ба шумо кумак карда метавонанд:

  • Ҳаётатонро одӣ нигоҳ доред. Пулатонро ба ҳар тараф сарф накунед ва беҳуда қарз нагиред (Мт 6:22).

  • Ҳангоми корёбӣ ё касбомӯзӣ бовар ҳосил кунед, ки аз ин хизмататон зарар намебинад (Фп 1:9–11).

  • Хоксор бошед ва ба вазъият мутобиқ шавед. Агар коратонро аз даст диҳед, аз кори сиёҳ ор накунед. Ҳамин тавр шумо оилаатонро таъмин карда метавонед (Пнм 14:23).

  • Пулдору доро набошед ҳам, дасткушод бошед (Ибр 13:16).

9. Омӯзиши Китоби Муқаддас дар ҷамъомад

Суханони хотимавӣ (3 дақ.) | Суруди 142 ва дуо