Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

16–22 июн

ПАНДНОМА 18

16–22 июн

Суруди 53 ва дуо | Пешгуфтор (1 дақ.)

ГАНҶҲОИ КАЛОМИ ХУДО

1. Беморонро дастгирӣ кунед

(10 дақ.)

Бигзор суханони шумо шифобахш бошанд (Пнм 18:4; w22.10 саҳ. 22, сарх. 17).

Шахсро бодиққат гӯш карда вазъияташро фаҳмед (Пнм 18:13; w20.04 саҳ. 15, 16, сарх. 6, 7).

Пурсабру мададрасон бошед (Пнм 18:24; wp23 № 1 саҳ. 14, сарх. 3 — саҳ. 15, сарх. 1).

АЗ ХУД ПУРСЕД: «Чӣ тавр ман ҳамсарамро, ки бо бемории ҷисмонӣ ё равонӣ мубориза мебарад, дастгирӣ карда метавонам?»

2. Ҷустуҷӯйи ганҷҳои Калом

(10 дақ.)

  • Пнм 18:1 — Чӣ тавр мо худро аз ёрдами Яҳува маҳрум сохта метавонем? (w24.01 саҳ. 24, сарх. 13).

  • Аз хониши Китоби Муқаддас барои ин ҳафта шумо кадом ганҷҳоро ёфтед?

3. Хониши Китоби Муқаддас

ДАР ХИЗМАТ БОҒАЙРАТ БОШЕД

4. Суҳбатро сар кунед

(1 дақ.) ХИЗМАТИ ХОНА БА ХОНА. Суҳбат бо шахсе, ки забонаш дигар аст (lmd дарси 2, қисми 5).

5. Шавқмандонро хабар гиред

(3 дақ.) ХИЗМАТ ДАР ҶОЙҲОИ ҶАМЪИЯТӢ. Шахс хоҳиш мекунад, ки тезтар сари мақсад оед (lmd дарси 7, қисми 4).

6. Шавқмандонро хабар гиред

(3 дақ.) ШАҲОДАТИ ҒАЙРИРАСМӢ. Ба шахс гӯед, ки Подшоҳии Худо ба наздикӣ чӣ кор мекунад (lmd дарси 9, қисми 5).

7. Эътиқоди худро фаҳмонед

(4 дақ.) Намоиш дар асоси ijwfq мақолаи 40, сарх. 1–6. Мавзуъ: «Магар Шоҳидони Яҳува одамонро маҷбур мекунанд, ки динашонро дигар кунанд?» (lmd дарси 5, қисми 5).

БА МАСЕҲ ПАЙРАВӢ КУНЕД

Суруди 24

8. Наздиконатонро «бе сухан» ба Яҳува ҷалб кунед

(15 дақ.) Муҳокима.

Баъзе наздиконамон, шояд, ҳамсар, фарзанд ё дӯсти қаринамон, айни ҳол ба Яҳува хизмат намекунанд. Эҳтимол, мо бо нияти хуб онҳоро борҳо маҷбур кардаем, ки дӯсти Яҳува шаванд, лекин чунин рафторамон вазъиятро аз будаш бадтар карда метавонад (Пнм 12:18). Пас, чӣ тавр ба онҳо кумак расонем?

Дар якуми Петрус 3:1 фаҳмонида шудааст, ки зани масеҳӣ шавҳарашро «бе сухан» тобеи Калом карда метавонад. Шавҳари хоҳар дар бораи Китоби Муқаддас гап задан нахоҳад ҳам, ӯ метавонад бо рафтораш дар бораи Яҳува шаҳодат диҳад. Чӣ хел? Масалан, вақте ӯ сифатҳои Худоро: меҳру муҳаббат, некукорӣ ва хирадро, зоҳир мекунад, эҳтимоли зиёд аст, ки дили шавҳараш нарм шавад (Пнм 16:23). Рафтор ва нармгуфтории мо ба наздиконамон, ки айни ҳол ба Яҳува хизмат намекунанд, таъсир расонида метавонад (w10 15.6 саҳ. 21, 22, сарх. 4–6).

ВИДЕОНАВОРИ «Касоне, ки барои имон мубориза мебаранд. Онҳое, ки ҳамсарашон ҳамимон нест»-ро монед. Сипас аз шунавандагон пурсед:

  • Шумо аз хоҳар Ҳидеко чӣ меомӯзед?

  • Шумо аз хоҳар Норико чӣ меомӯзед?

  • Шумо аз хоҳар Томоэ чӣ меомӯзед?

9. Омӯзиши Китоби Муқаддас дар ҷамъомад

Суханони хотимавӣ (3 дақ.) | Суруди 10 ва дуо