ДАР КОРИ МАВЪИЗА БОҒАЙРАТ БОШЕД | АЗ ХИЗМАТ БЕШТАР ХУРСАНДӢ ГИРЕД
Фикрҳои асосиро фаҳмонед
Вақте боздид мекунем ё омӯзиш мегузаронем, мо бояд фикрҳои асосиро ба шунавандагонамон фаҳмонем. Агар чунин кунем, чизҳои фаҳмондаамон ба дили онҳо рафта мерасанд ва дар хотираашон нақш мебанданд.
Ҳангоми ба боздид ё омӯзиш тайёрӣ дидан, тамоми сархатро неву фикрҳои асосиеро, ки фаҳмондан мехоҳед, қайд кунед. Сипас аз ҳаёти ҳаррӯза мисолҳои одиро интихоб намоед (Мт 5:14–16; Мқ 2:21; Лқ 14:7–11). Маданият, тарбия ва шуғли дӯстдоштаи шунавандаатонро ба назар гиред (Лқ 5:2–11; Юҳ 4:7–15). Вақте мебинем, ки омӯзанда фикрҳои асосиро фаҳмид ва чашмонаш аз шодӣ медурахшанд, мо хеле хурсанд мешавем.
ВИДЕОНАВОРИ «МАҲОРАТИ ХУДРО БЕҲТАР ГАРДОНДА, АЗ ШОГИРД ТАЙЁР КАРДАН ХУРСАНДӢ ГИРЕД. ФИКРҲОИ АСОСИРО ФАҲМОНЕД»-РО ТАМОШО КУНЕД ВА БАЪД БА САВОЛҲОИ ЗЕРИН ҶАВОБ ДИҲЕД:
-
Чаро ба омӯзандагон фаҳмонидани оятҳо муҳим аст?
-
Чӣ тавр Нита суханони Румиён 5:12-ро фаҳмонд?
-
Мисолҳои хуб ба дил рафта мерасанд
Чӣ тавр мисолҳои нағз ба шунавандагонамон таъсир мерасонанд?
-
Чаро мо бояд дар хизмат видеонаворҳо ва дигар маводи таълимиеро, ки ташкилоти Яҳува мебарорад, истифода барем?