Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

5–11 август

ЗАБУР 70–72

5–11 август

Суруди 104 ва дуо | Пешгуфтор (1 дақ.)

ГАНҶҲОИ КАЛОМИ ХУДО

1. «Ба насли наврас» дар бораи қуввати Худо нақл кунед

(10 дақ.)

Довуд аз навҷавонӣ ҳис мекард, ки Яҳува пушту паноҳи ӯст (Зб 71:5; w99 1.9 саҳ. 18, сарх. 17).

Ӯ дар пиронсолӣ ҳам дастгирии Яҳуваро медид (Зб 71:9; g04 8.10 саҳ. 23, сарх. 3).

Довуд ба ҷавонон дар бораи дастгириҳои Яҳува нақл карда, онҳоро рӯҳбаланд мекард (Зб 71:17, 18; w14 15.1 саҳ. 23, сарх. 4, 5).

АЗ ХУД ПУРСЕД: «Ман кадом бародар ё хоҳарро ба парастиши оилавӣ таклиф карда, дар бораи ҳаёт ва хизматаш суҳбат карда метавонам?»

2. Ҷустуҷӯйи ганҷҳои Калом

(10 дақ.)

  • Зб 72:8 — Чӣ тавр ваъдаи Яҳува ба Иброҳим, ки дар 1 Мӯсо 15:18 навишта шудааст, ҳангоми ҳукмронии шоҳ Сулаймон иҷро шуд? (it «Фурот»).

  • Аз хониши Китоби Муқаддас барои ин ҳафта шумо кадом ганҷҳоро ёфтед?

3. Хониши Китоби Муқаддас

ДАР ХИЗМАТ БОҒАЙРАТ БОШЕД

4. Суҳбатро сар кунед

(3 дақ.) ХИЗМАТИ ХОНА БА ХОНА. Ҳамин ки соҳибхона баҳсро сар кунад, бо суханони хуб ба суҳбат хотима бахшед (lmd дарси 4, қисми 5).

5. Шавқмандонро хабар гиред

(4 дақ.) ШАҲОДАТИ ҒАЙРИРАСМӢ. Суҳбат бо хешу таборе, ки ҳақиқатро гуфта будеду ба сар кардани омӯзиш дудила аст (lmd дарси 8, қисми 4).

6. Эътиқоди худро фаҳмонед

(5 дақ.) Нутқ дар асоси ijwfq мақолаи 49. Мавзуъ: «Чаро Шоҳидони Яҳува баъзе эътиқоди худро дигар карданд?» (th дарси 17).

БА МАСЕҲ ПАЙРАВӢ КУНЕД

Суруди 153

7. Парастиши оилавӣ

(15 дақ.) Муҳокима.

Парастиши оилавӣ ба фарзандон имконияти хуб медиҳад, ки аз Яҳува таълим гиранд (Эф 6:4). Албатта, таълимгириву таълимдиҳӣ заҳматталаб аст. Аммо вақте мебинед, ки чӣ хел фарзандонатон дар омӯхтани Каломи Худо завқи бештар пайдо кардаанд, беҳад хурсанд мешавед (Юҳ 6:27; 1Пт 2:2). Баъзе маслиҳатҳоро аз чорчӯбаи « Маслиҳатҳо барои парастиши оилавӣ» қайд кунед. Он ба волидон кумак мекунад, ки парастиши оилавияшонро боз ҳам шавқовару манфиатнок гузаронанд. Сипас аз ҳозирон пурсед:

  • Кадоме аз ин маслиҳатҳоро шумо ба кор бурданиед?

  • Шумо боз кадом маслиҳати фоиданокро медонед?

ВИДЕОНАВОРИ «Парастиши оилавиятонро рангоранг созед»-ро монед. Сипас аз шунавандагон пурсед:

  • Агар дар оила кӯдак набошад, чӣ тавр шавҳар парастиши оилавиро барои занаш шавқовар карда метавонад?

8. Омӯзиши Китоби Муқаддас дар ҷамъомад

Суханони хотимавӣ (3 дақ.) | Суруди 43 ва дуо