Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

БА МАСЕҲ ПАЙРАВӢ КУНЕД | БАРОИ СОЛИ НАВИ ХИЗМАТӢ МАҚСАДҲО ГУЗОРЕД

Хизмати пешравӣ

Хизмати пешравӣ

Мақсадҳои рӯҳонӣ ба мо ёрдам мекунанд, ки қувватамон беҳуда сарф нашавад (1Қр 9:26). Азбаски анҷоми ин ҷаҳон наздик аст, биёед вақтамонро ба таври беҳтарин истифода барем (Эф 5:15, 16). Шумо метавонед дар ибодати оилавиатон гапзанон кунед, ки дар соли нави хизматӣ чӣ гуна мақсадҳо гузоштан мехоҳед. Дар ин кор ба шумо ҳамин шумораи дафтари вохӯрӣ, ки дар мақолаҳояш якчанд мақсадҳо оварда шудаанд. кумак карда метавонад. Пеш аз гузоштани ягон мақсад бо дуо мулоҳиза ронед (Яқ 1:5).

Масалан, оё шумо метавонед дар оила вазифаҳоро тавре тақсим кунед, ки ақаллан як кас аз байни шумо пешрави доимӣ шавад? Агар тарсед, ки аз уҳдаи меъёрҳои соат намебароед, пас бо пешравоне, ки вазъияташон ба вазъияти шумо монанд аст, гап занед (Пнм 15:22). Шумо метавонед ягон пешравро ба ибодати оилавиатон таклиф карда, дар бораи хизмати пешравӣ саволҳо диҳед. Баъд метавонед барои худ реҷа тартиб диҳед. Агар пештар пешрав шуда хизмат карда бошед, фикр кунед, ки оё вазъиятатон имкон медиҳад, ки боз пешрав шавед.

Оё ягон узви оилаатон як ё якчанд моҳ пешрави ёвар шуда метавонад? Агар қуввататон кам бошад, метавонед ҳар рӯз кам-камӣ хизмат карда меъёри соатро буд кунед. Агар рӯзи пурра кор кунед ё мактабхон бошед, моҳеро интихоб кунед, ки таътил ё рӯзҳои рухсатӣ доред ё моҳеро интихоб намоед, ки панҷ якшанбе дорад. Дар тақвим қайд кунед, ки кадом моҳ пешрави ёвар шудан мехоҳед ва реҷа тартиб диҳед (Пнм 21:5).

ВИДЕОНАВОРИ «ДАЛЕР БОШЕД! ПЕШРАВОН»-РО ТАМОШО КУНЕД ВА БА САВОЛҲОИ ЗЕРИН ҶАВОБ ДИҲЕД:

  • Чӣ тавр Яҳува дар бораи хоҳар Эмма ғамхорӣ кард? Мо аз ин чӣ дарс мегирем?