ГАНҶҲОИ КАЛОМИ ХУДО
Ду сутун барои мо чӣ маъно дорад?
Дар даромадгоҳи ибодатгоҳ ду сутуни бузурге сохта шуд (3Пш 7:15, 16; w13 1.12 саҳ. 13, сарх. 3).
Ба ин ду сутун номҳое гузоштанд, ки маъно доштанд (3Пш 7:21; it «Бӯаз, II»).
Вақте исроилиён ба Яҳува такя мекарданд, ӯ ба онҳо ёрдам медод, ки ибодатгоҳро «устувор гардонанд» ё ҳимоя кунанд (3Пш 7:21, поварақ; Зб 127:1).
Шояд, Яҳува ба мо низ кумак кард, ки бисёр монеаҳоро бартараф карда, роҳи ҳақиқатро интихоб кунем. Лекин барои «дар имон устувор» мондан мо бояд минбаъд ҳам ба Яҳува такя кунем (1Қр 16:13).
АЗ ХУД ПУРСЕД: «Чӣ нишон медиҳад, ки ман ба Яҳува такя мекунам?»