Барои чӣ Исо аз рафтори пешвоёни динӣ ғамгин шуд? Чунки онҳо бо қоидаҳои зиёд рӯзи шанберо барои мардум бори гарон карданд. Масалан, дар рӯзи шанбе куштани кайкро манъ карда буданд. Шифо додан дар рӯзи шанбе танҳо он вақт мумкин буд, агар ҳаёт дар хатар бошад. Ин маънои онро дошт, ки агар устухон шиканад ё лат хӯрад, дар рӯзи шанбе табобат кардан мумкин набуд. Аз ин маълум мешавад, ки пешвоёни динӣ нисбати шахсе ки дасташ хушк шуда буд, парвое надоштанд.