Воизон дар Озарбойҷон брошураи «Хабарҳои нағз»-ро пешниҳод карда истодаанд

ДАФТАРИ ВОХӮРИИ «ҲАЁТ ВА ХИЗМАТ» Август 2017

Намунаи пешниҳодот

Аз намунаҳо истифода бурда пешниҳоди худро тайёр кунед.

ГАНҶҲОИ КАЛОМИ ХУДО

Яҳува халқи бутпарастро баракат дод

Яҳува бобилиёнро баъд аз 13 соли Сӯрро муҳосира карданашон баракат дод. Чӣ тавр Яҳува хизматгорони содиқашро қадр мекунад?

БА МАСЕҲ ПАЙРАВӢ КУНЕД

Хислатҳои ба Худо маъқулро инкишоф диҳед. Фурӯтанӣ

Чаро фурӯтанӣ муҳим аст? Чӣ тавр мо онро зоҳир карда метавонем? Чӣ тавр дуо ва намунаи Исо ба мо кӯмак мекунад, то фурӯтаниро инкишоф диҳем?

ГАНҶҲОИ КАЛОМИ ХУДО

Дидбон ҷавобгарии ҷиддиро ба ӯҳда дорад

Дидбон ҷавобгар аст, ки шаҳрро аз хатари дар пеш буда огоҳ намояд. Ҳизқиёлро дар Исроил чун дидбон таъин кардани Яҳува чӣ маъно дорад?

БА МАСЕҲ ПАЙРАВӢ КУНЕД

Хислатҳои ба Худо маъқулро инкишоф диҳед. Далерӣ.

Чаро мо набояд ба тарс дода шавем? Чӣ тавр мулоҳизаронӣ, дуо гуфтан ва ба Яҳува такя кардан кӯмак мекунад, ки далер бошем?

ГАНҶҲОИ КАЛОМИ ХУДО

Ҷуҷ аз замини Моҷуҷ ба қарибӣ несту нобуд мешавад

Дар Китоби Муқаддас воқеаҳое тасвир шудаанд, ки пеш ва баъд аз несту нобуд шудани Ҷуҷ аз замини Моҷуҷ ба амал меоянд.

БА МАСЕҲ ПАЙРАВӢ КУНЕД

Хислатҳои ба Худо маъқулро инкишоф диҳед. Имон.

Мо бояд ба монанди Иброҳим, ҳатто агар ба мо душвор бошад ҳам, ба Худо имон зоҳир кунем. Чӣ тавр мо метавонем имони худро мустаҳкам карда содиқ монем?

ГАНҶҲОИ КАЛОМИ ХУДО

Маъбади дар рӯъё дидаи Ҳизқиёл ва шумо

Маъбади дар рӯъё дидаи Ҳизқиёл ба мо хотиррасон мекунад, ки ибодати поки Яҳува меъёрҳои баланд дорад. Ин рӯъё моро ба чӣ бармеангезад?

БА МАСЕҲ ПАЙРАВӢ КУНЕД

Кай ман пешрави ёвар шуда метавонам?

Як роҳи қурбонии шукрона овардан ин чун пешрави ёвар хизмат кардан аст. Оё шумо хизмати худро васеъ карда метавонед?