Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

FPG/The Image Bank via Getty Images

ҲУШЁРУ БЕДОР БОШЕД!

Сиёсатмадорон мегӯянд, ки Ҳармаҷиддӯн наздик аст. Китоби Муқаддас дар ин бора чӣ мегӯяд?

Сиёсатмадорон мегӯянд, ки Ҳармаҷиддӯн наздик аст. Китоби Муқаддас дар ин бора чӣ мегӯяд?

 Саҳари рӯзи душанбе, 10-уми октябри соли 2022, Русия як қатор шаҳрҳои Украинаро мушакборон кард. Ба қавли Русия ин ҷавоб ба таркиши кӯпруки Қриму Русия буд, ки ду рӯз пеш рӯй дод. Чанде пеш аз ин воқеаҳо баъзе сиёсатмадорон дар бораи наздик будани Ҳармаҷиддӯн огоҳ карданд.

  •   «Хатари рӯй додани Ҳармаҷиддӯн назар ба рӯзҳои ҳукмронии [президенти ИМА Ҷон] Кеннеди ва бӯҳрони зиддимушакии Куба имрӯз бештар аст. Ман фикр мекунам, ки агар аслиҳаи атомӣ истифода бурда шавад, ин ҳатман ба Ҳармаҷиддӯн оварда мерасонад» (президенти ИМА Ҷо Байден, 6 октябри с. 2022).

  •   «Ман розиям, ки ин Ҳармаҷиддӯн аст ва он барои тамоми сайёра ҳалокатовар мебошад»,— суханони президенти Украина Владимир Зеленский дар бораи оқибати истифодаи аслиҳаи атомӣ («BBC News», 8 октябри с. 2022).

 Оё дар ҳақиқат истифодаи аслиҳаи атомӣ ба Ҳармаҷиддӯн оварда мерасонад? Китоби Муқаддас дар ин бора чӣ мегӯяд?

Оё истифодаи аслиҳаи атомӣ ба Ҳармаҷиддӯн оварда мерасонад?

 Не. Калимаи «Ҳармаҷиддӯн» ҳамагӣ як бор дар Ошкорсозӣ 16:16 вомехӯрад. Он на ба ҷанги халқҳо, балки ба ҷанги Худо бо «подшоҳони тамоми замин» ишора менамояд (Ошкорсозӣ 16:14). Худо дар ҷанги Ҳармаҷиддӯн тамоми ҳокимиятҳои одамиро нест мекунад (Дониёл 2:44).

 Барои гирифтани маълумоти бештар дар бораи он ки Ҳармаҷиддӯн ба замин чӣ хел таъсир мерасонад, мақолаи «Ҳармаҷиддӯн чӣ гуна ҷанг аст?»-ро хонед.

Оё замин ва сокинони он дар натиҷаи ҷанги атомӣ нобуд мешаванд?

 Не. Ҳарчанд ҳукуматдорон дар оянда аслиҳаи атомиро истифода бурда метавонанд, Худо намегузорад, ки замин нобуд шавад. Китоби Муқаддас мегӯяд:

  •   «Замин то абад пойдор аст» (Пандгӯ 1:4).

  •   «Росткорон соҳиби замин мешаванд ва дар он то абад зиндагӣ мекунанд» (Забур 37:29).

 Пешгӯйии Китоби Муқаддас ва воқеаҳои рӯзҳои охир нишон медиҳанд, ки мо дар давраи муҳими таърихи инсоният зиндагӣ дорем (Матто 24:3–7; 2 Тимотиюс 3:1–5). Шумо метавонед ба воситаи курси омӯзиши Китоби Муқаддас дар бораи пешгӯйиҳои Каломи Худо нисбати оянда фаҳмед.