Суруди 73
Якдигарро аз дилу ҷон дӯст доред
Гар ошёни меҳру вафо
дили мо бошад доимо,
Шавад Худо аз мо ризо,
зеро Ӯ — муҳаббат.
Дӯст медорем мо якдигар,
ин созад дилро мунаввар,
Орад ниҳоли меҳр самар —
афзояд рафоқат.
Дар замони мӯҳтоҷӣ
мо дароз кунем дасти ёрӣ,
Дар пастиву баландӣ
бошем дӯсти ҳақиқӣ.
Мо аз намунаи Исо
дидем муҳаббати Худо,
Мо низ дари муҳаббатро
боз кунем ба одамон —
Дӯст дорем аз дилу ҷон.
(Ҳамчунин нигаред ба 1 Пет. 2:17; 3:8; 4:8; 1 Юҳ. 3:11.)