Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Суруди 65

«Роҳ ин аст»

«Роҳ ин аст»

(Ишаъё 30:20, 21)

1. Ин аст он роҳи сулҳ,

роҳе, ки омӯхтӣ,

Роҳи қадимест, ки

ту дар Калом ёфтӣ.

Ин маҳз он роҳест, ки

Исо мекард эълон,

Андар Навиштаҳо

асос ёфтааст он.

(НАҚАРОТ)

Сӯйи ҳаёт моро барад ин роҳ,

Ту ба қафо нигоҳ накун ҳеҷ гоҳ.

Худо нидо дорад: «Ин аст роҳ»,

Бирав бо он, беҳтаре нест аз он.

2. Ин аст он роҳи

муҳаббати бепоён,

Бо он рафта, бишнос

Парвардигорамон.

Худо пур аз

муҳаббату вафодорӣ,

Дӯстӣ бо Ӯ

ҳаётро кунад пурмаънӣ.

(НАҚАРОТ)

Сӯйи ҳаёт моро барад ин роҳ,

Ту ба қафо нигоҳ накун ҳеҷ гоҳ.

Худо нидо дорад: «Ин аст роҳ»,

Бирав бо он, беҳтаре нест аз он.

3. Роҳи ҳаёт аст ин,

ту нашав дур аз он.

Ба он диққат кун,

то нашавӣ саргардон.

Танҳо ин роҳ орад

ҳаёти абадӣ,

Ин ягона роҳест

ба сӯйи хушбахтӣ!

(НАҚАРОТ)

Сӯйи ҳаёт моро барад ин роҳ,

Ту ба қафо нигоҳ накун ҳеҷ гоҳ.

Худо нидо дорад: «Ин аст роҳ»,

Бирав бо он, беҳтаре нест аз он.

(Ҳамчунин нигаред ба Заб. 31:8; 138:24; Мас. 6:23.)