Суруди 30
Яҳува ҳукмронии худро сар кард
1. Ҳаст пуршукӯҳ ин замон, зеро Худо гашт ҳукмрон.
Гузошт Ӯ Санги зинда бар Сион.
Ҳама бо дили хурсанд сароед васфаш баланд.
Бишнонд Масеҳро Ӯ бар тахташ дар осмон.
(НАҚАРОТ)
Чӣ орад Салтанат ба ҳама?
Нашъунамои росткорӣ.
Чӣ орад Салтанат ба ҳама?
Умри ҷовиду хушбахтӣ.
Яҳува Ҳокими даҳрро
Ҳамд гӯ бо миннатдорӣ.
2. Ҳоло Масеҳ ҳаст Подшоҳ. Зуд ояд ҷанги Худо.
Ёбад анҷом тартиботи Шайтон.
Шуд вақти он ки дунё шавад Худоро ҷӯё,
Шуд вақти он ки ҳалимон оранд имон.
(НАҚАРОТ)
Чӣ орад Салтанат ба ҳама?
Нашъунамои росткорӣ.
Чӣ орад Салтанат ба ҳама?
Умри ҷовиду хушбахтӣ.
Яҳува Ҳокими даҳрро
Ҳамд гӯ бо миннатдорӣ.
3. Бошад Масеҳ Шоҳи мо. Омад ба исми Худо.
Мо ба Подшоҳи худ кунем таъзим.
Даро маъбади Худо. Лутфашро бикун пайдо.
Гардад Масеҳ бар ҳама ба зудӣ Ҳоким.
(НАҚАРОТ)
Чӣ орад Салтанат ба ҳама?
Нашъунамои росткорӣ.
Чӣ орад Салтанат ба ҳама?
Умри ҷовиду хушбахтӣ.
Яҳува Ҳокими даҳрро
Ҳамд гӯ бо миннатдорӣ.
(Ҳамчунин нигаред ба 2 Подш. 7:22; Дон. 2:44; Ваҳй 7:15.)