Имтиёзи бо Яҳува ҳамкорӣ карданатонро қадр кунед!
«Мо... ҳамкорони Худо ҳастем» (1 ҚӮР. 3:9, ТТФ).
1. Яҳува нисбати корҳои кардааш чӣ ҳис мекунад ва ин Ӯро ба чӣ бармеангезад?
ЯҲУВА коргари моҳирест, ки аз меҳнати худ ҳаловат мегирад (Заб. 134:6; Юҳ. 5:17). Барои он ки офаридаҳои бошуураш низ чунин хурсандиро ҳис кунанд, Ӯ ба онҳо вазифаҳои шавқовару қаноатбахш медод. Масалан, Ӯ ба Писари ягоназодаш иҷозат дод, ки дар кори офариниш иштирок кунад. (Қӯлассиён 1:15, 16-ро бихонед.) Китоби Муқаддас мегӯяд, ки то ба замин омаданаш, Исо дар осмон назди Худо ёрдамчии моҳир буд (Мас. 8:30).
2. Аз куҷо мо медонем, ки Яҳува ба офаридаҳои рӯҳиаш ҳамеша супоришҳои муҳим ва қаноатбахш медод?
2 Аз сар то охири Китоби Муқаддас мисолҳо оварда шудаанд, ки чӣ тавр Худо ҳамеша ба писарони рӯҳониаш супоришҳо медод. Баъди он ки Одаму Ҳавво гуноҳ карданд ва аз хонаи худ — биҳишт ронда шуданд, Худо «ба тарафи шарқии боғи Адан каррубиёнро, ва шамшери оташбори чархзанандаро гузошт, то ки роҳи дарахти ҳаётро нигаҳбонӣ кунанд» (Ҳас. 3:24). Ва дар Ваҳй 22:6 гуфта шудааст, ки Яҳува «фариштаи Худро фиристод, то он чиро, ки бояд ба қарибӣ ба вуқӯъ ояд, ба бандагони Худ нишон диҳад».
ОИДИ ОДАМОН ЧӢ ГУФТАН МУМКИН АСТ?
3. Ҳангоми дар замин буданаш чӣ тавр Исо монанди Падараш рафтор мекард?
3 Ҳангоми дар замин чун инсони комил зистанаш, Исо бо хурсандӣ супоришеро, ки Яҳува ба ӯ дода буд, иҷро мекард. Исо ба намунаи Падараш пайравӣ карда, ба шогирдонаш кори муҳимеро супорид. Барои шавқи онҳоро ба ин кор бедор кардан ӯ гуфт: «Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегӯям: ҳар кӣ ба Ман имон оварад, аъмолеро, ки Ман мекунам, вай низ хоҳад кард ва ҳатто бузургтар аз он ҳам хоҳад кард, зеро ки Ман назди Падар меравам» (Юҳ. 14:12). Муҳим ва ҷиддӣ будани чунин корҳоро таъкид карда Исо гуфт: «То вақте ки рӯз аст, мо бояд аъмоли Фиристандаи Маро ба ҷо оварем; шаб ки ояд, ҳеҷ кас наметавонад коре бикунад» (Юҳ. 9:4, ТДН).
4–6. а) Чаро мо аз Нӯҳ ва Мусо барои содиқона иҷро намудани супоришашон миннатдор буда метавонем? б) Ҳама корҳое, ки Худо ба одамон месупорад, ба ҳам чӣ монандӣ доранд?
4 Ҳатто дар замони пеш аз Исо ба одамон вазифаҳои муҳим дода мешуд. Гарчанде Одаму Ҳавво аз ӯҳдаи иҷрои супорише, ки ба онҳо дода шуд, набаромаданд, дигарон аз рӯи роҳнамоии Яҳува амал карданд (Ҳас. 1:28). Масалан, ба Нӯҳ дастуроти махсус дода шуд, ки барои дар Тӯфони бузург нигоҳ доштани ҳаёти одамон ва ҳайвонот киштие созад. Ӯ он чиро ки Худо аз ӯ талаб кард, як ба як иҷро намуд. Маҳз ба туфайли он ки ӯ супоришашро бе каму кос иҷро кард, мо имрӯз вуҷуд дорем! (Ҳас. 6:14–16, 22; 2 Пет. 2:5).
5 Ба Мусо оиди сохтани хаймаи муқаддас ва ташкил кардани хизмати коҳинон дастуроти аниқ дода шуда буд ва ӯ айнан аз рӯи он амал кард (Хур. 39:32; 40:12–16). Он ки ӯ супоришашро содиқона иҷро кард, ҳатто имрӯз ба мо низ манфиат меорад. Чӣ тавр? Павлуси ҳавворӣ фаҳмонд, ки хаймаи муқаддас ва хизмати коҳинон тимсоли чизҳои оянда буданд (Ибр. 9:1–5, 9; 10:1).
6 Азбаски нияти Худо зина ба зина иҷро мешавад, Ӯ ба хизматгоронаш ҳар дафъа ҳар хел супориш медиҳад. Ба ҳар ҳол, корҳое ки Яҳува ба ходимонаш месупорад, ҳамеша Ӯро ҷалол медиҳанд ва ба фоидаи инсоният мебошанд. Ин бешубҳа ба он корҳое, ки Исо кард, дахл дорад. Пеш аз ба замин омаданаш ва ҳангоми чун инсон зистанаш, корҳое ки ӯ мекард, исми Яҳуваро ҷалол медод ва ба манфиати одамон буд (Юҳ. 4:34; 17:4). Ба ин монанд, коре ки имрӯз ба мо супурда шудааст, Яҳуваро ҷалол медиҳад. (Мат. 5:16; 1 Қӯринтиён 15:58-ро бихонед.) Чаро чунин гуфтан мумкин аст?
БА СУПОРИШИ ГИРИФТААТОН НИГОҲИ МУСБӢ ДОШТА БОШЕД
7, 8. а) Ба масеҳиён имрӯз кадом кори пуршараф супорида шудааст? б) Мо ба роҳнамоии Яҳува чӣ гуна бояд муносибат кунем?
7 Яҳува одамони нокомилро даъват мекунад, ки бо Ӯ ҳамкорӣ кунанд. Шумо албатта розӣ мешавед, ки ин шарафи бузург аст (1 Қӯр. 3:9). Касоне, ки дар сохтмони Толорҳои Салтанат, Толорҳои анҷуманҳо ва филиалҳо иштирок мекунанд, кореро ба ҷо меоранд, ки Нӯҳ ва Мусо дар замонҳои пеш карда буданд. Хоҳ шумо дар таъмири ягон Толори Салтанат иштирок доред, хоҳ дар сохтмони бинои нави Идораи марказиамон дар Уорвик (Ню-Йорк) ёрӣ медиҳед, хизмати худро қадр кунед. (Ба расми аввали мақола нигаред.) Иштирок дар ин корҳои сохтмонӣ хизмати муқаддас мебошад. Лекин аксари масеҳиён даъват карда мешаванд, ки дар сохтмони рӯҳонӣ иштирок кунанд. Ин кори мавъизаи Салтанат аст, ки Яҳуваро ҷалол медиҳад ва ба одамон манфиат меорад (Аъм. 13:47–49). Ин кор аз тарафи ташкилоти Худо идора карда мешавад. Барои ба тарзи беҳтар иҷро шудани ин кор шояд ба мо баъзан супориш ё таъиноти нав дода шавад.
8 Хизматгорони содиқи Яҳува ҳамеша бо омодагӣ ба роҳбарии теократӣ итоат мекарданд. (Ибриён 13:7, 17-ро бихонед.) Шояд дар аввал мо пурра нафаҳмем, ки чаро бояд вазифаи доштаамонро маҳз ба ин ё он тарз иҷро кунем. Лекин мо боварии пурра дорем, ки агар мувофиқи диди Яҳува ба кори худ дигаргунӣ дарорем, аз ин ҳатман фоида мегирем.
9. Пирон ба таъиноти худ чӣ гуна муносибат мекунанд ва бо ин ба ҷамъомад чӣ намуна мегузоранд?
9 Аз он тарзе ки пирон ҷамъомадро роҳбарӣ мекунанд, аён аст, ки онҳо бо хоҳиши қавӣ иродаи Яҳуваро иҷро кардан мехоҳанд (2 Қӯр. 1:24; 1 Тас. 5:12, 13). Пирон тайёранд, ки сахт меҳнат кунанд ва мувофиқи дастурот амал намоянд. Онҳо зуд роҳҳои нави мавъизаро аз худ мекунанд. Шояд дар аввал баъзеҳо барои тавассути телефон, ҷойҳои ҷамъиятӣ ва дигар ҷойҳо мавъиза кардан дудила буданд. Вале дере нагузашта натиҷаҳои хуби чунин тарзҳои мавъиза аён гашт. Масалан, чор нафар пешрав дар Олмон қарор доданд, ки дар маҳалли корие, ки дер боз мавъиза нашуда буд, шаҳодат диҳанд. Яке аз онҳо, ки Микаэл ном дорад, чунин гуфт: «Азбаски давоми чанд сол мо дар ин намуди хизмат иштирок накарда будем, аз ҳаяҷону изтироб диламон сахт метапид. Яҳува инро дониста дар хизмат ба мо ҳисси қаноатмандие бахшид, ки он фаромӯшнашаванда аст. Мо хеле хурсанд будем, ки аз рӯи дастуроти “Хизмат ба Салтанати Худо” амал кардем ва ба дастгирии Яҳува такя намудем!» Оё шумо тайёред, ки дар маҳалли худ тарзҳои нави мавъизаро санҷида бинед?
10. Солҳои охир дар кори ташкилот чӣ гуна дигаргуниҳо дароварда шуд?
10 Баъзан лозим меояд, ки дар кори ташкилот дигаргуниҳо дароварда шавад. Масалан, солҳои охир баъзе филиалҳо якҷоя карда шуданд. Ин навоварӣ ба онҳое, ки дар ин филиалҳо хизмат мекарданд, таъсир расонд. Гарчанде аз онҳо талаб карда мешуд, ки ба хизмати худ дигаргуниҳо дароранд, дере нагузашта онҳо манфиати онро ҳис карданд (Воиз 7:8). Бешубҳа, барои ин коргарони заҳматкаш иштирок кардан дар пешбарии кори Яҳува шодии бузургест!
11–13. Аз сабаби дигаргуниҳо дар ташкилот баъзеҳо бо кадом душвориҳо рӯ ба рӯ мешаванд?
11 Мо аз он бародарону хоҳароне, ки дар он филиалҳо хизмат мекарданд, дарсҳои муҳим меомӯзем. Бисёри ин бародарону хоҳарон дар он филиалҳо даҳсолаҳо хизмат мекарданд. Аз як ҷуфти ҳамсарон, ки дар Байт-Или хурди Амрикои Марказӣ хизмат мекарданд, хоҳиш карда шуд, ки ба Байт-Или Мексика кӯчанд. Шумораи аъзоёни он аз оилаи Байт-Или пештараашон қариб 30 маротиба зиёдтар буд. «Тарк кардани оила ва дӯстон барои мо хеле мушкил буд»,— мегӯяд Рогелио. Хуан ном бародари дигар, ки ӯ ҳам ба Мексика кӯчид, мегӯяд: «Ин гӯё монанди он аст, ки шахс аз нав таваллуд мешавад; ту бояд бо одамони тамоман нав муносибат пайдо кунӣ, ба маданият ва ба тарзи фикрронии нав мутобиқ шавӣ».
12 Вақте ки якчанд филиалҳо дар Аврупо якҷоя карда шуданд, аз бисёр байтилчиён хоҳиш карда шуд, ки ба филиали Олмон кӯчанд. Барои онҳое, ки дар Швейтсария зиндагӣ мекарданд, тарк кардани ватан ва манзараҳои зебои кӯҳҳои Алп душвор буд. Ва онҳое ки аз Австрия буданд, дар вақтҳои аввал оилаи хурди Байт-Или пештараашонро ёд мекарданд.
13 Бародарону хоҳароне, ки ба филиали давлати дигар кӯчиданд, бо бисёр дигаргуниҳо дучор шуданд. Онҳо бояд ба ҷои зисти нав, ҳамкорони нав ва шояд ба таъиноти нав одат мекарданд. Ба онҳо инчунин лозим меомад, ки ба ҷамъомад ва маҳалли нав одат кунанд ва шояд ҳатто забони дигарро ёд гиранд. Ба ҳаёти худ чунин тағйиротҳо даровардан душвор буда метавонад. Вале ба ин нигоҳ накарда, бисёри байтилчиён бо омодагӣ ба ин дигаргуниҳо розӣ шуданд. Биёед бубинем, ки баъзеи онҳо дар ин бора чӣ мегӯянд.
14, 15. а) Чӣ тавр бисёриҳо нишон доданд, ки имконияти бо Яҳува ҳамкорӣ карданро новобаста аз ҷои хизматашон қадр мекунанд? б) Аз кадом ҷиҳат онҳо барои ҳамаи мо намунаи ибратанд?
14 Гретэл ном хоҳар мегӯяд: «Бо қабул
кардани ин даъват ман нишон додам, ки муҳаббати ман ба Яҳува аз дилбастагӣ ба ягон мамлакат, бино ё таъинот бузургтар аст». Хоҳар Дайска бошад, мегӯяд: «Вақте ман ба худ хотиррасон кардам, ки ин даъват аз ҷониби Яҳува аст, ман онро бо хурсандӣ қабул кардам». Андре ва Габриэла низ ҳамин хел фикр мекунанд: «Дар ин даъват мо имконияти бештарро дидем, ки хизмати Яҳуваро аз хоҳишҳои худ боло гузорем. Мо ба худ гуфтем: “Вақте ки Яҳува самти шамолро тағйир медиҳад, ба ҷои муқобилат кардан, беҳтараш бодбони худро бо он ҳамсамт кунем”».15 Аз сабаби якҷоя карда шудани филиалҳо, баъзе байтилчиён аз нав ба хизмати пешравӣ таъин карда шуданд. Масалан, бо баъзе байтилчиёни филиалҳои Дания, Норвегия ва Шветсия ҳамин хел шуд, вақте ки он филиалҳо бо ҳам як карда шуда, филиали Скандинавияро ташкил доданд. Дар байни он байтилчиён ҳамсарон Флориэн ва Аня низ буданд. Онҳо мегӯянд: «Мо ба таъиноти нави худ ҳамчун ба дигаргунии ҳаяҷоновар менигаристем. Новобаста аз он ки дар куҷо хизмат мекунем, мо хурсандем, ки Яҳува моро дар кори худ истифода мебарад. Мо ошкоро гуфта метавонем, ки баракатҳои зиёди Ӯро ҳис мекунем!» Шояд ба аксарияти мо кардани чунин дигаргуниҳо ҳеҷ гоҳ лозим наояд, лекин оё мо метавонем ба рӯҳияи омодагии чунин бародарону хоҳарон пайравӣ карда, Салтанатро дар ҷои аввал гузорем? (Иш. 6:8). Яҳува онҳоеро, ки новобаста аз ҷои хизматашон имконияти бо Ӯ ҳамкорӣ карданро қадр мекунанд, албатта баракат медиҳад.
ИМКОНИЯТИ БО ЯҲУВА ҲАМКОРӢ КАРДАНАТОНРО, МИНБАЪД НИЗ ҚАДР КУНЕД
16. а) Ғалотиён 6:4 моро ба чӣ водор мекунад? б) Ҳар яки мо чӣ гуна имтиёзи бузургро соҳибем?
16 Одамони нокомил майл доранд, ки худро бо дигарон муқоиса кунанд. Лекин Каломи Худо моро водор мекунад, ки диққатамонро ба он чизе ки худи мо карда метавонем, равона кунем. (Ғалотиён 6:4-ро бихонед.) Аксари мо дар ташкилоти Яҳува ягон масъулияти баланд надорем. Инчунин, на ҳамаи мо чун пешрав, миссионер ё байтилчӣ хизмат карда метавонем. Албатта ин намудҳои хизмат пуршарафанд. Вале мо набояд фаромӯш кунем, ки шарафи аз ҳама бузургтарин ин ҳамон чизест, ки ҳар яки мо дорем. Ин дар кори мавъиза ҳамкори Яҳува будан аст. Ин имтиёзест, ки мо бояд онро қадр кунем!
17. То даме ки ҷаҳони Шайтон вуҷуд дорад, мо чӣ маҳдудият дорем, вале чаро мо набояд аз ин сахт зиқ шавем?
17 То он даме ки ҷаҳони Шайтон вуҷуд дорад, мо шояд ба андозаи мехостагиамон ба Яҳува хизмат карда натавонем. Шояд мо вазъияти доштаи худро дигар карда наметавонем. Мумкин масъулиятҳои оилавӣ, вазъи саломатӣ ё дигар чизҳо имконият надиҳанд, ки мо ба Яҳува бештар хизмат кунем. Лекин мо набояд аз ин сахт рӯҳафтода шавем. Новобаста аз проблемаҳои худ, мо метавонем ҳар як имкониятро истифода бурда, дар бораи номи Яҳува ва Салтанати Ӯ мавъиза кунем. Аз ҳама муҳимаш ин аст, ки шумо аллакай чени қуввати худ бо Яҳува ҳамкорӣ мекунед ва дар ҳаққи онҳое, ки зиёдтар карда метавонанд, дуо гуфта баракат мепурсед. Дар хотир дошта бошед: ҳар як касе ки номи Яҳуваро ҷалол медиҳад, дар назари Ӯ пурқиммат аст!
18. Чиро мо бояд бо омодагӣ як сӯ гузорем ва чаро?
18 Ба сустиҳо ва камбудиҳоямон нигоҳ накарда, Яҳува аз ҳамкорӣ бо мо хушҳол аст. Дар ин рӯзҳои охир ҳамкорони Худо будан имтиёзи бузург аст. Пас, биёед хоҳишу мақсадҳои худро як сӯ монда, манфиати Худоро дар ҷои аввал гузорем! Зеро дар дунёи нав Яҳува ба мо ҳаёти ҳақиқиро медиҳад, ки дар он мо ба сурати абадӣ дар сулҳу оромӣ хушбахтона зиндагӣ хоҳем кард (1 Тим. 6:18, 19).
19. Яҳува барои мо дар оянда чӣ тайёр кардааст?
19 Азбаски мо ҳозир дар остонаи дунёи нав қарор дорем, дар бораи он фикр кунед, ки Мусо ба исроилиён пеш аз ба Замини ваъдашуда даромадан чӣ гуфта буд: «Худованд Худоят ба ту дар ҳар амали дастат... комёбии зиёде хоҳад бахшид» (Такр. Ш. 30:9). Ҳамин ки Ҳармиҷидӯн мегузарад, онҳое ки бо Худо меҳнат мекарданд, заминеро ки Ӯ барояшон ваъда кардааст, соҳиб хоҳанд шуд. Он гоҳ мо диққати худро ба супориши нав равона хоҳем кард — ба биҳишти зебо табдил додани замин!