Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Марг чӣ тавр нест хоҳад шуд?

Марг чӣ тавр нест хоҳад шуд?

ҲАРЧАНД аз боиси гуноҳи Одаму Ҳавво дар ҷаҳон гуноҳ ва марг пайдо шуд, нияти Худо нисбати инсоният то ҳол дигар нашудааст. Аз аввал то охири Каломаш Яҳува гаштаю баргашта моро боварӣ мебахшад, ки нияти Ӯ ҳатман иҷро мегардад.

  • «Одилон вориси замин хоҳанд буд, ва дар он то абад сукунат хоҳанд кард» (Забур 36:29).

  • «Маргро ба сурати абадӣ маҳв хоҳад намуд, ва Худованд Худо ашкҳоро аз ҳамаи чеҳраҳо пок хоҳад кард» (Ишаъё 25:8).

  • «Марг, ки душмани охирин аст, нест карда мешавад» (1 Қӯринтиён 15:26).

  • «Ӯ ҳар ашкро аз чашмони онҳо пок хоҳад кард ва марг... ва дард дигар нахоҳад буд» (Ваҳй 21:4).

Чӣ тавр Худо маргро «маҳв хоҳад намуд» ё чӣ тавр ин душман «нест карда мешавад»? Чуноне ки дар боло оварда шудааст, Китоби Муқаддас аниқ мегӯяд, ки «одилон... то абад сукунат хоҳанд кард». Вале дар он ҳамчунин гуфта шудааст, ки «одами одиле дар рӯи замин нест», ки фақат некӣ кунад (Воиз 7:20). Пас чӣ тавр одилон то абад зиндагӣ мекунанд? Магар Худо барои мағлуб кардани марг дигар аз одамон риояи меъёрҳояшро талаб намекунад? Ин тамоман ғайриимкон аст, чунки Худо ҳеҷ гоҳ бар муқобили суханаш амал намекунад ва «наметавонад дурӯғ гӯяд» (Титус 1:2). Пас, Худо нияти аввалаи Худро, ки нисбати одамизод дошт, чӣ тавр амалӣ мегардонад?

ХУДО «МАРГРО БА СУРАТИ АБАДӢ МАҲВ ХОҲАД НАМУД» (ИШАЪЁ 25:8).

ҒАЛАБА БАР МАРГ ТАВАССУТИ ПАРДОХТИ ФИДИЯ

Яҳува Худо барои аз марг наҷот додани инсоният меҳрубонона фидияро фароҳам овард. Зери мафҳуми «фидия» дар Китоби Муқаддас чизи баробарқимате дар назар дошта шудааст, ки барои пурра рӯпӯш кардани зарар ё ба амал овардани адолат пардохта мешавад. Азбаски ҳама одамон гунаҳкоранд ва ба марг маҳкум шудаанд, Китоби Муқаддас ошкоро мегӯяд: «Касе ҳаргиз барои бародараш фидия намедиҳад; кафораи худро низ ба Худо адо намекунад, чунки фидияи ҷонашон гаронбаҳост, ва он ҳаргиз муяссар намешавад» (Забур 48:8, 9).

Вақте одами нокомил мемурад, ӯ танҳо барои гуноҳҳои худ гӯё ҷарима медиҳад; ӯ худро аз марг харида наметавонад ва барои гуноҳи каси дигар низ фидия дода наметавонад (Румиён 6:7). Одаме лозим буд, ки комил ва бегуноҳ бошад ва ҳаёташро на барои гуноҳҳои худ, балки барои гуноҳҳои мо чун фидия диҳад (Ибриён 10:1–4).

Маҳз ҳамин чизро Худо барои одамизод фароҳам овард. Ӯ Писари Худ — Исоро аз осмон фиристод, то ӯ дар замин чун одами комил ва бегуноҳ таваллуд ёбад (1 Петрус 2:22). Худи Исо низ гуфт, ки «барои он омад, ки... ҷони худро барои фидияи бисёр касон диҳад» (Марқӯс 10:45). Исо ҷонашро дод, то ки душмани мо маргро мағлуб кунад ва мо соҳиби ҳаёт гардем (Юҳанно 3:16).

КАЙ МАРГ НЕСТ МЕГАРДАД?

Имрӯз мувофиқи пешгӯйии Китоби Муқаддас мо «дар рӯзҳои охир» зиндагӣ дорем ва «замонҳои сахт»-ро аз сар мегузаронем (2 Тимотиюс 3:1). Дар анҷоми ин рӯзҳои охир Яҳува одамони худобехабарро доварӣ карда онҳоро нест мекунад (2 Петрус 3:3, 7). Вале онҳое, ки Худоро дӯст медоранд, наҷот меёбанд ва «ҳаёти ҷовидонӣ хоҳанд ёфт» (Матто 25:46).

Исо омад, то «ҷони худро барои фидияи бисёр касон диҳад» (Марқӯс 10:45).

Миллионҳо одамони дигар баъди эҳё шудан имконият пайдо мекунанд, ки ҷовидона зиндагӣ кунанд. Исо имконпазир будани эҳёшавиро бо он нишон медод, ки мурдагонро зинда мекард. Масалан, ӯ боре ба шаҳри Ноин ташриф овард. Дар он ҷо писари ягонаи бевазане вафот карда буд ва «Исо он занро дида дилаш сӯхт» ва писарро ба ҳаёт баргардонд (Луқо 7:11–15). Ҳамчунин Павлуси расул дар ин бора чунин гуфт: «Ман... аз Худо умед дорам, ки ҳам росткорон ва ҳам бадкорон дар оянда зинда мешаванд». Худо ба мо умеди олиҷаноби эҳёшавиро ато карда ба инсоният муҳаббати беҳамто доштанашро нишон медиҳад (Аъмол 24:15).

Миллиардҳо одамон дар оянда ҷовидона зиндагӣ карда метавонанд. Китоби Муқаддас мегӯяд: «Одилон вориси замин хоҳанд буд, ва дар он то абад сукунат хоҳанд кард» (Забур 36:29). Дар он вақт онҳо хеле хушбахт хоҳанд буд ва иҷрошавии суханони зерини Павлуси расулро, ки тақрибан 2000 сол пеш гуфта буд, бо чашмони худ хоҳанд дид: «Эй марг, ғалабаи ту куҷост? Эй марг, неши ту куҷост?» (1 Қӯринтиён 15:55). Бале, душмани даҳшатноки одамизод нест хоҳад шуд!