Оё сару либос ва намуди зоҳирии шумо Яҳуваро ҷалол медиҳад?
«Ҳамаашро барои ҷалоли Худо ба ҷо оваред» (1 ҚӮР. 10:31).
1, 2. Чаро Шоҳидони Яҳува дар мавриди либоспушӣ аз рӯи меъёрҳои хуб амал мекунанд? (Ба расми аввали мақола нигаред.)
ДАР рӯзномаи Ҳолландия оиди вохӯрии роҳбарони калисо чунин навишта шуда буд: «Махсусан дар ҳавои гарм мебинӣ, ки бисёриҳо чи хеле ки ба онҳо маъқул аст, пӯшида омадан мегиранд. Лекин дар анҷуманҳои Шоҳидони Яҳува чунин нест... Мардон ва занон дар ин рӯз костюму галстук ва духтарону занон бошанд, юбкаҳое пӯшидаанд, ки дарозиаш нағз интихоб шудаасту... зебову замонавист». Шоҳидони Яҳуваро тез-тез барои «сару либоси шоиста маҳҷубона ва боисмат» пӯшиданашон «чунон ки ба [касони] парҳезгор муносиб аст, таъриф мекунанд (1 Тим. 2:9, 10). Ҳаввории Павлус дар ин ҷо дар бораи занон навишта бошад ҳам, ин меъёри асосӣ ба мардони масеҳӣ низ дахл дорад.
2 Меъёрҳои хуби либоспӯшӣ барои мо чун халқи Яҳува ва барои Худое, ки ибодат мекунем, муҳиманд (Ҳас. 3:21). Вақте аз Навиштаҳо дар бораи сару либос ва намуди зоҳирӣ мехонем, маълум мешавад, ки Яҳува барои ибодаткунандагонаш оиди либоспӯшӣ меъёри манфиатнок дорад. Барои ҳамин ҳангоми интихоби сару либос ва намуди зоҳирӣ, мо набояд фақат хоҳиши худро ба назар гирем. Ҳамчунин дар бораи он бояд фикр кунем, ки чӣ писанди Яҳува аст.
3. Мо аз Қонуни Худо дар бораи либоспӯшӣ чӣ мефаҳмем?
3 Худо барои исроилиён қонуну қоидаҳое дода буд, ки онҳоро аз тарзи ҳаёти бадахлоқонаи халқҳои ҳамсоя муҳофизат мекард. Қонуни Мусо нишон медод, ки Яҳува ба тарзи либоспӯшие, ки байни марду зан фарқияте намегузошт ва он дар рӯзҳои мо низ дида мешавад, то чӣ андоза ҷиддӣ муносибат мекунад. (Такрори Шариат 22:5-ро хонед.) Аз дастуроти Худо мо аниқу равшан мефаҳмем, ки ба Яҳува тарзи либоспӯшие, ки мардро зан, занро мард нишон медиҳад ё фарқ кардани марду занро душвор месозад, писанд нест.
4. Чӣ ба масеҳиён кӯмак мерасонад, ки дар мавриди либоспӯшӣ қарори дуруст бароранд?
4 Дар Каломи Худо принсипҳое навишта шудаанд, ки барои баровардани қарорҳои дуруст оиди либоспӯшӣ ба масеҳиён кӯмак мерасонад. Ва ин принсипҳо ба ҳама дахл доранд, новобаста аз ҷои зист, маданият ва иқлим. Ба мо шарт нест, ки рӯйхати пурраи сару либосҳои равою нораворо дошта бошем. Мо танҳо бояд мувофиқи принсипҳои Навиштаҳо амал кунем, ки он ба ҳар ҳол имконият медиҳад то мо либосҳои бароямон маъқулро пӯшем. Биёед принсипҳои Китоби Муқаддасро дида бароем, ки ҳангоми интихоби сару либос барои аниқ кардани «иродаи нек, писандида ва комили Худо» бароямон кӯмак мерасонанд (Рум. 12:1, 2).
«ДАР ҲАР ЧИЗ ХУДРО ҲАМЧУН ХИЗМАТГУЗОРОНИ ХУДО ЗОҲИР МЕСОЗЕМ»
5, 6. Тарзи либоспӯшии мо бояд ба дигарон чӣ хел таъсир расонад?
5 Павлуси ҳавворӣ дар зери илҳоми илоҳӣ принсипи муҳимеро навишт, ки дар 2 Қӯринтиён 6:4 омадааст. (Оятро хонед.) Аз намуди зоҳирии мо маълум мешавад, ки мо кӣ ҳастем. Бисёриҳо «он чиро, ки ба чашм намоён аст» дида ба мо баҳо медиҳанд (1 Подш. 16:7). Чун ходимони Худо, мо мефаҳмем, ки дар масъалаи намуди зоҳирӣ ва сару либос мо танҳо он чиро ки ба мо писанду қулай аст, намекунем. Принсипҳои Каломи Худо бояд моро барангезад, ки аз пӯшидани сару либоси танг, кушода ва шаҳватбедоркунанда даст кашем. Ин намегузорад, ки сару либосамон тамоми узви бадани моро нишон диҳад. Сари либоси моро дида ҳеҷ кас набояд нороҳату хиҷил шавад.
6 Вақте мо тозаю озода ва хоксорона либос мепӯшем, эҳтимол ба одамон хоҳиш пайдо мешавад, ки моро чун хизматгорони Худо ҳурмат кунанд. Ва шояд ин онҳоро бармеангезад, ки мисли мо Яҳуваро ибодат кунанд. Беш аз ин тарзи дурусти либоспӯшии мо ба обрӯи ташкилотамон таъсир мекунад. Ва дар натиҷа, шояд баъзеҳо ба хабари наҷотбахши мо бештар гӯш хоҳанд дод.
7, 8. Хусусан кай мо бояд сару либоси мувофиқ пӯшем?
7 Тарзи либоспӯшии мо ба Худои муқаддасамон, бародарону хоҳарон ва одамони маҳалламон таъсир мерасонад. Мо бояд тавре либос пӯшем, ки он хушхабарро оро дода Яҳуваро ҷалол диҳад (Рум. 13:8–10). Хусусан вақте мо ба вохӯриҳо ё ба мавъиза меравем бояд ҳамин хел либос пӯшем, ки ба одамони худотарс муносиб бошад (1 Тим. 2:10). Албатта, баъзе намуди либосҳое, ки дар як ҷо муносиб аст, дар дигар ҷо номуносиб буда метавонад. Барои ҳамин дар тамоми ҷаҳон Шоҳидони Яҳува урфу одат ва назари одамони маҳаллро ба инобат гирифта либос мепӯшанд, то ки одамон хиҷолат накашанд.
1 Қӯринтиён 10:31-ро хонед. Вақте мо ба анҷуманҳо ташриф меорем, либосамон набояд рӯҳияи ҷаҳонро инъикос кунад, балки мувофиқ ва шинаму хоксорона бошад. Ҳангоми дар меҳмонхона ҳуҷра дархост кардан ё аз он рафтан ва дар вақти гузаронидани вақтҳои холигӣ, пеш ё баъд аз анҷуман, мо аз пӯшидани либосҳои ношоям ё чиркин канорагирӣ менамоем. Ҳамин тавр, мо бо фахр гуфта метавонем, ки Шоҳиди Яҳува ҳастем ва ҳангоми пайдо шудани имконият аз мавъиза кардан шарм намедорем.
89, 10. Чаро ояти Филиппиён 2:4 бояд ба тарзи либоспӯшиамон таъсир расонад?
9 Филиппиён 2:4-ро хонед. Чаро мо бояд дар бораи он фикр кунем, ки чӣ тавр либоспӯшиамон ба ҳамимонон таъсир мерасонад? Яке аз сабабҳо дар он аст, ки халқи Худо аз рӯи огоҳии зерини Китоби Муқаддас амал кардан мехоҳад: «Пас, андоми заминии худро: зино, нопокӣ, ҳирс... бикушед» (Қӯл. 3:2, 5). Мо намехоҳем, ки ба бародарону хоҳарон аз рӯи ин маслиҳат амал намуданро душвор созем. Бародарон ва хоҳароне, ки аз тарзи ҳаёти бадахлоқона даст кашиданд, шояд то ҳол бо хоҳишҳои нодуруст мубориза мебаранд (1 Қӯр. 6:9, 10). Мо намехоҳем, ки ин муборизаи онҳоро душвортар созем, ҳамин тавр не?
10 Ҳангоми дар байни бародарону хоҳарон будан, тарзи либоспӯшии мо бояд ба он мусоидат кунад, ки дар ҷамъомад беайбию ахлоқан пок будан пойдор бошад. 1 Пет. 1:15, 16). Муҳаббати ҳақиқӣ «бадкирдорӣ намекунад, нафъи худро толиб нест» (1 Қӯр. 13:4, 5).
Ҳамчунин мо дар куҷое, ки набошем хоҳ дар ҷамъомад хоҳ дар ҷои дигар, сару либосамон бояд дигаронро ба бадахлоқӣ тела надиҳад. Ҳарчанд мо дар интихоби либос озодӣ дошта бошем ҳам, мо бояд тавре либос пӯшем, ки дар назари Худо дар фикр, дар сухан ва дар рафтор пок мондани дигаронро душвор насозад (САРУ ЛИБОСИ МУВОФИҚ БАРОИ ВАҚТ ВА ҶОИ МУНОСИБ
11, 12. Чӣ ба мо кӯмак мерасонад, ки дар мавриди либоспӯшӣ мулоҳизакор бошем?
11 Ходимони Худо ҳангоми интихоби сару либос принсипи зеринро ба назар мегиранд: «Барои ҳар чиз ва барои ҳар кор... вақте ҳаст» (Воиз 3:1, 17). Албатта, чӣ пӯшиданамон аз гармӣ ё хунукии ҳаво, мавсим, шароит ва вазъиятҳои гуногун вобаста аст. Новобаста ба тағйирёбии обу ҳаво меъёрҳои Худо дигар намешаванд (Мал. 3:6).
12 Хусусан, дар ҷойҳое, ки обу ҳавояш гарм аст, боварӣ ҳосил намудан, ки оё сару либос ва намуди зоҳириамон оқилона аст ё не, душвор буда метавонад. Лекин агар мо аз пӯшидани чизҳои тангу кушода, ки ҳама ҷоямонро намоён мекунад, даст кашем, бародарону хоҳарон инро қадр мекунанд (Айюб 31:1). Ғайр аз ин вақте мо ба лаби баҳр ва ё ба дигар ҷо барои оббозӣ меравем, бояд барои шиноварӣ либосҳое пӯшем, ки хоксорона бошанд (Мас. 11:2, 20). Ҳатто, агар бисёриҳо дар ҷаҳон либосҳои шиноварии нимбараҳна пӯшанд ҳам, мо бояд боварӣ ҳосил кунем, ки интихобамон Яҳуваро ҷалол медиҳад.
13. Чаро маслиҳати 1 Қӯринтиён 10:32, 33 бояд ба интихоби сару либосамон таъсир расонад?
13 Боз дигар принсипи муҳиме ҳаст, ки ба мо барои интихоби сару либос кӯмак мерасонад. Ин ба назар гирифтани виҷдони дигарон мебошад, хоҳ онҳо ҳамимон бошанд, хоҳ не. (1 Қӯринтиён 10:32, 33-ро хонед.) Мо бояд ба вазифаамон ҷиддӣ муносибат кунем ва аз пӯшидани чизҳое ки дигаронро ба хиҷолат мегузорад, даст кашем. Павлус навишт: «Ҳар яке аз мо бигзор толиби роҳати ёри худ бошад дар он чи бар нафъи вай ва барои тақвияти вай аст». Сипас ӯ сабабашро гуфт: «Зеро ки Масеҳ низ толиби роҳати Худ набуд» (Рум. 15:2, 3). Бале, Исо на роҳати худ, балки роҳати дигаронро дар ҷои аввал гузошта ба онҳо ёрдам мекард. Бо ин амалаш ӯ иродаи Худоро иҷро менамуд. Барои ҳамин мо аз намуд ва тарзи либоспӯшие, ки ба мо маъқул асту лекин барои қабул кардани ҳақиқат ба дигарон монеа мешавад, даст мекашем.
14. Чӣ тавр волидон фарзандонашонро таълим дода метавонанд, ки бо тарзи либоспӯшии худ Худоро ҷалол диҳанд?
14 Волидони масеҳӣ вазифадоранд, ки ба оилаашон ба кор бурдани принсипҳои Китоби Муқаддасро ёд диҳанд. Яъне онҳо бояд боварӣ дошта бошанд, ки худашон ва фарзандонашон ҳаракат мекунанд, ки бо намуди зоҳирӣ ва тарзи либоспӯшии хоксорона дили Худоро хурсанд месозанд (Мас. 22:6; 27:11). Волидон дар дили фарзандонашон нисбати Яҳува эҳтироми самимиро ҷой дода метавонанд. Барои ин онҳо ба фарзандонашон намуна гузошта, дастуроти меҳрубононаву амалӣ дода метавонанд. Хуб мебуд, ки волидон ба фарзандони ҷавони худ ёд диҳанд, ки аз куҷо ва чӣ тавр сару либоси мувофиқро ёфтан мумкин аст. Фарзандон набояд сару либосеро интихоб кунанд, ки фақат барои худашон маъқул аст. Пеш аз ҳама муҳим аст, то сару либосеро интихоб намоянд, ки Яҳува, Худоеро, ки намояндааш мебошанд, ҷалол диҳад.
АЗ ИРОДАИ ОЗОДАТОН БОХИРАДОНА ИСТИФОДА БАРЕД
15. Ҳангоми интихоби сару либос мо бояд мувофиқи кадом дастурот амал кунем?
15 Каломи Худо дар мавриди либоспӯшӣ роҳнамоиҳои амалӣ медиҳад, то интихоби хирадмандона кунем ва бо ин Яҳуваро ҷалол диҳем. Лекин ҳангоми интихоби либос мо хоҳишҳои худро низ ба назар гирифта метавонем. Табъу хоҳиш ва шароиту имконияти ҳама ҳар хел аст. Лекин сару либоси мо бояд ҳамеша тозаю озода, хоксорона ва ба вазъияту маҳал мувофиқ бошад.
16. Чаро ҷустуҷӯи сару либоси мувофиқ кирои кӯшиш аст?
16 Мо мефаҳмем, ки дар мавриди интихоби либос қарори дуруст баровардан на ҳама вақт осон аст, то ки он бомулоҳиза будани моро нишон дода ба вазъу маҳал мувофиқ бошад. Дар мағозаҳо бештар намуди либосҳое ба назар мерасанд, ки ба мӯди ҳозиразамон мувофиқанд. Аз ин рӯ барои ёфтани либосҳое, ки ба масеҳиён мувофиқ аст, шояд вақту қуввати зиёд сарф шавад. Ба ҳар ҳол бародарону хоҳарон кӯшишу ғайрати моро барои ёфтани либоси мувофиқу зебо қадр мекунанд. Ҳаловате, ки мо аз ҷалол додани Падари осмониамон мегирем, дар пеши он қурбониҳое, ки мо барои пӯшидани либосҳои мувофиқ мекунем, ҳеҷанд.
17. Бародарон барои риш мондан ё намондан бояд кадом ҷиҳатҳоро ба назар гиранд?
17 Дар бораи риш мондани бародарон чӣ гуфтан мумкин? Оё риш мондан ё намондан дуруст аст? Қонуни Мусо аз мардон талаб мекард, ки риш монанд. Лекин ҳоло масеҳиён зери ин Қонун қарор надоранд (Ибд. 19:27; 21:5; Ғал. 3:24, 25). Дар баъзе маданиятҳо риши хушрӯ қайчӣ кардагӣ раво ва гиромӣ дониста мешавад ва барои паҳн кардани хушхабар умуман монеа намешавад. Дар чунин ҷойҳо баъзе бародарони масъул низ риш мемонанд. Лекин дар байни онҳо баъзе бародарон қарор мекунанд, ки риш намонанд (1 Қӯр. 8:9, 13; 10:32). Дар дигар маданияту маҳаллҳо бошад, риш мондан одатӣ нест ва барои Шоҳидони Яҳува нораво ҳисобида мешавад. Аз ин рӯ, агар бародар риш монад бо либосу намуди зоҳирӣ ва одобаш Яҳуваро ҷалол дода наметавонад (Рум. 15:1–3; 1 Тим. 3:2, 7).
18, 19. Чӣ тавр мо мувофиқи Мико 6:8 амал карда метавонем?
18 Мо аз Яҳува хеле миннатдорем, ки ба мо оиди сару либос ва намуди зоҳирӣ рӯйхат надодааст. Ба ҷои ин Ӯ ба мо иҷозат дод, ки иродаи озодамонро истифода барем ва қарорҳое барорем, ки мувофиқи принсипҳояш бошанд. Барои ҳамин, мо ҳатто бо сару либос ва намуди зоҳирӣ нишон дода метавонем, ки «дар ҳузури Худои худ бо фурӯтанӣ роҳ» рафтан мехоҳем (Мико 6:8).
19 Мо хоксорона дарк мекунем, ки Яҳува Худои поку муқаддас аст ва меъёрҳои Ӯ дастуроти беҳтарин барои мо мебошанд. Ҳамчунин вақте мо ҳиссиёт ва фикри дигаронро эҳтиром мекунем, ин аз фурӯтании мо шаҳодат медиҳад. Аз ин рӯ ҳар гоҳе ки мо мувофиқи меъёрҳои баланди Яҳува зиндагӣ карда ҳиссиёти дигаронро ба эътибор мегирем «дар ҳузури Худои худ бо фурӯтанӣ роҳ» меравем.
20. Сару либос ва намуди зоҳирии мо бояд ба дигарон чӣ хел таъсир расонад?
20 Сару либоси мо бояд аниқу равшан нишон диҳад, ки мо ходими Яҳува ҳастем. Худо меъёрҳои беҳамто дорад ва мо хурсандона мувофиқи ин меъёрҳо зиндагӣ мекунем. Бародарону хоҳароне, ки бо намуди зоҳирӣ ва рафтори хубашон одамони самимиро ба ҳақиқат ҷалб намуданд ва Яҳуваро ҷалол дода хурсанд карданд, сазовори таърифанд. Дар мавриди либоспӯшӣ қарори хирадмандона бароварда мо минбаъд низ Шахсиятеро, ки «шукӯҳ ва шавкат пероҳани» Ӯст, ҷалол медиҳем (Заб. 103:1, 2).