Оё дили шумо ба Навиштаҳо моил аст?
«Ҳамаи ин... барои тарбияти мо навишта шуд, ки охирзамон насиби мо гардидааст» (1 ҚӮР. 10:11).
1, 2. Барои чӣ мо мисоли чор подшоҳи Яҳудоро дида мебароем?
АГАР шумо дар роҳ лағжида афтидани ягон касро бинед, магар аз он роҳ эҳтиёт шуда намегузаред? Ба ин монанд, дида баромадани хатогиҳои дигарон ба мо ёрдам мекунад, ки хатогиҳои онҳоро такрор накунем. Масалан, мо аз хатогиҳои шахсоне, ки дар бораашон дар Китоби Муқаддас навишта шудааст, дарс гирифта метавонем.
2 Чор подшоҳе, ки дар бораашон дар мақолаи гузашта хонда будем, ба Яҳува аз самими қалб хизмат мекарданд. Лекин ба ҳар ҳол онҳо ба хатогиҳои ҷиддӣ роҳ доданд. Мо аз онҳо чӣ меомӯзем ва чӣ кор кунем, ки мисли онҳо хато накунем? Мисоли онҳо дар Китоби Муқаддас барои он навишта шудааст, то ки мо оиди он мулоҳиза ронда, барои худ дарс гирем. (Румиён 15:4-ро хонед.)
БА ОДАМ ТАКЯ НАКУНЕД
3–5. а) Осо бо кадом душворӣ рӯ ба рӯ шуд? б) Чаро Осо ба одам такя кард?
3 Биёед мисоли Осоро дида бароем ва фаҳмем, ки чӣ тавр 2 Вақ. 16:1–3). Дар ин маврид вай қарор кард, ки беҳтараш аз Бин-Ҳадад подшоҳи Арам кӯмак мепурсад, то ки ӯ ба Баъшо ҳамла орад. Оё ин нақшаи Осо муваффақ гашт? Китоби Муқаддас мегӯяд, ки «ҳамин ки Баъшо инро шунид, аз бино кардани Ромо даст кашида, кори худро хобонид» (2 Вақ. 16:5). Баъди ин Осо шояд фикр кард, ки қарораш дуруст буд.
Каломи Худо ба ҳаёти мо таъсир карда метавонад. Вақте ки миллионҳо ҳабашиён муқобили Яҳудо баромаданд, Осо ба Яҳува такя кард. Лекин ӯ дар вақти бо подшоҳи Исроил, Баъшо, ҷанг карданаш, ба Яҳува такя накард. Осо намехост, ки Баъшо деворҳои шаҳри Роморо, ки дар наздикии сарҳади Яҳудо ҷойгир буд, барқарор кунад (4 Лекин Яҳува ба ин рафтори Осо чӣ гуна назар кард? Худо ба назди Осо намояндаи Худ, Ҳанониро фиристода гуфт, ки барои ба Ӯ такя накарданаш ҷазо мегирад. (2 Вақоеънома 16:7–9-ро хонед.) Ҳанонӣ гуфт: «Минбаъд ба ҷангҳо мубтало хоҳӣ шуд». Ҳарчанд Осо аз Баъшо халос шуд, лекин ӯ ва халқаш то охири ҳукмрониаш бо ҷанг рӯ ба рӯ мешуданд.
5 Чи хеле ки дар мақолаи гузашта гуфта будем, ҳарчанд Осо нокомил бошад ҳам, писанди Яҳува буд. Чунки Худо дили Осоро санҷида дид, ки дили ӯ амин аст (3 Подш. 15:14). Вале баъдтар Осо қарори нодуруст бароварда оқибати онро чашид. Чаро Осо на ба Яҳува, балки ба худаш ва Бин-Ҳадад такя кард? Шояд ӯ фикр кард, ки бо истифодаи усулҳои ҷангӣ ғалаба кардан хубтар аст, назар ба он ки аз Худо кӯмак пурсад. Ё шояд ӯ аз рӯи маслиҳатҳои нодурусти дигарон амал кард.
6. Аз хатогии Осо мо чӣ дарс мегирем? Фаҳмонед.
6 Мо аз хатогии Осо чӣ дарс мегирем? Вақте дар ҳаёт бо душвориҳои ҳалнашаванда рӯ ба рӯ мешавем, ба Яҳува такя кардан осонтар аст. Лекин вақте бо душвориҳои майда-чуйда рӯ ба рӯ мешавем, он гоҳ-чӣ? Оё мо дар ин вақт ба хиради худ такя карда ин душвориро ба хости диламон ҳал мекунем? Ё мувофиқи принсипҳои Китоби Муқаддас амал карда нишон медиҳем, ки дар ҳалли ин мушкилӣ ба Яҳува такя мекунем? Фарз кардем, ки аҳли хонаводаатон ба шумо фишор оварда намегузоранд, ки ба ҷамъомадҳо ё анҷуманҳо равед. Оё шумо аз Яҳува хоҳиш мекунед, ки бароятон роҳи ҳалли ин масъаларо нишон диҳад? Ё тасаввур мекунем, ки баъди чанд вақти бекорӣ шумо кор ёфтед. Оё дар ин маврид шумо ба раиси наватон мегӯед, ки ҳар ҳафта бояд ба ҷамъомад равед? Бо кадом душворие, ки рӯ ба рӯ нашавем, мо бояд маслиҳати зерини забурнависро дар хотир дорем: «Роҳи худро ба Худованд бисупор, ва ба Ӯ таваккал намо, ва Ӯ ба ҷо хоҳад овард» (Заб. 36:5).
АЗ ЁРОНИ БАД ДУРӢ ҶӮЕД
7, 8. Еҳӯшофот чӣ хатогӣ кард ва оқибат чӣ шуд? (Ба расми аввали мақола нигаред.)
7 Дар бораи писари Осо, Еҳӯшофот, чӣ гуфтан мумкин аст? Ӯ хислатҳои нағз дошт. Ба Худо такя намуда Еҳӯшофот бисёр корҳои хуб кард. Лекин ӯ ҳамчунин бехирадона амал мекард. Масалан, ӯ духтари подшоҳи золим Аҳъобро барои писараш келин кард. Ва баъдтар нигоҳ накарда ба огоҳии пайғамбар Микойҳу, ӯ бо шоҳ Аҳъоб ба муқобили арамиён ба ҷанг рафт. Дар ин ҷанг Еҳӯшофотро қариб кушта буданд (2 Вақ. 18:1–32). Вақте ки ӯ ба Ерусалим баргашт, пайғамбар Еҳу аз ӯ пурсид: «Оё туро сазад, ки ба шарире ёварӣ намоӣ, ва душманони Худовандро дӯст дорӣ?» (2 Вақоеънома 19:1–3-ро хонед.)
8 Оё ин воқеа ба Еҳӯшофот дарси ибрат шуд? Ҳарчанд вай бо ҷидду ҷаҳд ба Яҳува хизмат карданро давом медод, лекин аз афташ вай аз ин воқеа ва суханони огоҳкунандаи Еҳу дарс нагирифт. Зеро вай бори дигар қарори нодуруст баровард. Ин дафъа Еҳӯшофот бо душмани Худо шоҳи золим, Аҳазё дӯст шуд. Онҳо якҷоя киштиҳо сохтанд. Лекин ин киштиҳо шикастанд ва ба мақсадашон нарасиданд (2 Вақ. 20:35–37).
9. Агар мо бо одамони бад дӯст шавем, чӣ мешавад?
9 Мо аз воқеае, ки бо Еҳӯшофот рӯй дод, чӣ меомӯзем? Ӯ кори нек мекард ва «бо тамоми дили худ Худовандро ҷӯё шуда буд» (2 Вақ. 22:9). Вале вай вақташро бо одамоне мегузаронд, ки Яҳуваро дӯст намедоштанд. Ва ин оқибат ба сараш бало овард. Аз дӯстӣ бо шоҳи золим Аҳъоб, Еҳӯшофот қариб мурда буд. Панду насиҳати зерини Китоби Муқаддасро фаромӯш накунед: «Касе ки бо хирадмандон гардад, хирадманд мешавад; вале касе ки бо аблаҳон ҷӯра шавад, шикаст мехӯрад» (Мас. 13:20). Албатта, мо мехоҳем, ки ба дигарон дар бораи Яҳува гап занем. Лекин дӯстӣ бо онҳое ки ба Худо хизмат намекунанд, хатарнок аст.
10. а) Агар шумо оиладор шудан хоҳед, аз мисоли Еҳӯшофот чӣ дарс гирифта метавонед? б) Мо ба чӣ боварии комил дошта метавонем?
10 Агар шумо оиладор шуданӣ бошед, аз мисоли Еҳӯшофот чӣ дарс гирифта метавонед? Шояд шумо ба шахсе ки Яҳуваро дӯст намедорад, дилбастагӣ пайдо карда фикр кунед, ки дар ҷамъомад ҳамсар ёфта наметавонед. Ё хешу таборатон фишор оварда маҷбур мекунанд, ки тезтар оиладор шавед. Ғайр аз ин баъзеҳо мисли ин хоҳар чунин ақида дошта метавонанд: «Ба касе дил додан ва маъқул шудан чизи табиист». Вале ҳангоми наёфтани шахси муносиб, чӣ бояд кард? Дар ин маврид мулоҳиза 2 Вақ. 18:4–6). Лекин вақте бо Аҳъоб, ки Яҳуваро дӯст намедошт, муошират кард, чӣ шуд? Еҳӯшофот бояд фаромӯш намекард, ки Яҳува бо шахсоне хоҳад буд, ки дилашон пурра ба Ӯ амин аст. Дар рӯзҳои мо низ «чашмони Худованд тамоми заминро мушоҳида мекунад», то ки моро «тақвият намояд» (2 Вақ. 16:9). Ӯ вазъияти моро мефаҳмад ва моро дӯст медорад. Оё шумо боварӣ доред, ки Яҳува дар бораи чунин ниёзҳоятон ғамхорӣ мекунад? Боварии комил дошта бошед, ки Ӯ инро дар вақти муносиб мекунад!
оиди рафтори Еҳӯшофот кӯмак мерасонад. Ӯ ҳамеша роҳнамоии Яҳуваро меҷуст (НАГУЗОРЕД, КИ ДИЛАТОН МАҒРУР ШАВАД
11, 12. а) Чӣ хел Ҳизқиё чӣ гуна будани дилашро фаҳмид? б) Чаро Яҳува Ҳизқиёро бахшид?
11 Мо аз мисоли Ҳизқиё чӣ дарс мегирем? Яҳува ба ӯ кӯмак кард, ки дар асл чӣ гуна будани дилашро фаҳмад. (2 Вақоеънома 32:31-ро хонед.) Вақте ки Ҳизқиё касал шуд, Худо ба ӯ аломате нишон дод ва ин аломат қафо рафтани соя буд. Бо ин Худо Ҳизқиёро боварӣ бахшид, ки ӯ сиҳат мешавад. Баъдтар подшоҳи Бобил одамонашро фиристод, то ки дар бораи ин аломат бисёртар фаҳманд, лекин мақсади асосии ӯ дигар чиз буд (4 Подш. 20:8–13; 2 Вақ. 32:24). Яҳува ба Ҳизқиё нагуфт, ки чӣ хел бо ин одамон муносибат кунад. Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст, ки Яҳува ӯро тарк кард, то бубинад, ки Ҳизқиё чӣ хел амал мекунад. Ҳизқиё тамоми бойигариашро ба онҳое ки аз Бобил омада буданд, нишон дод. Ин амали беақлона чӣ гуна будани дили Ҳизқиёро ошкор кард. Чӣ тавр?
12 Дили Ҳизқиё шояд аз сабаби ғалаба бар ашшуриён, дидани мӯъҷизаи Яҳува ё аз сабаби бою машҳур гаштанаш мағрур шуд. Дар Китоби Муқаддас дар ин бора чизе гуфта нашудааст. Чизе ки набошад, Ҳизқиё мағрур гашта «мувофиқи марҳамате ки ба ӯ ато шуда буд, рафтор накард». Ҳарчанд дили ӯ ба Худо амин бошад ҳам, вай муддате бо рафтораш Яҳуваро зиқ кард. Вале баъдтар «Ҳизқиё... аз ғурури дилаш тавба кард» ва Худо ӯро бахшид (2 Вақ. 32:25–27; Заб. 137:6).
13, 14. а) Дар кадом ҳолат мо чӣ гуна будани дили худро фаҳмида метавонем? б) Вақте дигарон моро таъриф мекунанд, чӣ бояд кард?
13 Мо аз хатои Ҳизқиё ва мулоҳиза оиди он чӣ дарс мегирем? Ба ёд оред, ки дили Ҳизқиё вақте ки Яҳува ба ӯ ғолибиятро бар ашшуриён дода бемориашро сиҳат кард, мағрур шуд. Ба ҳамин монанд, агар дар ҳаётамон беҳбудӣ шавад ё дигарон моро таъриф кунанд, чӣ кор мекунем? Муносибати мо ба ин чӣ гуна будани диламонро ошкор мекунад. Масалан, бародаре нағз тайёрӣ дида бо нутқи оммавӣ баромад мекунад. Ҳама ӯро барои ин кораш таъриф мекунанд. Ӯ ба таърифи дигарон чӣ хел муносибат менамояд?
14 Вақте моро таъриф мекунанд, мо бояд суханони зерини Исоро ба кор барем: «Вақте ки ҳамаи фармонҳои ба шумо додашударо ба ҷо овардед, бигӯед: “Мо ғуломони ношоям ҳастем; чунки он чи карданамон лозим буд, кардем”» (Луқ. 17:10). Дар ёд доред, ки вақте Ҳизқиё мағрур шуд, вай нагуфт, ки бо ёрии Яҳува соҳиби ин дороиҳо гашт. Агар дигарон моро барои нутқ гуфтанамон таъриф кунанд, чӣ ба мо кӯмак мерасонад, ки хоксор монем? Мо дар бораи корҳои Худо мулоҳиза ронда шӯҳратро ба Яҳува дода метавонем. Охир Ӯ ба мо Каломи Худ ва рӯҳи муқаддасро додааст.
АВВАЛ АНДЕША, БАЪД ҚАРОР
15, 16. Чаро Йӯшиёҳу аз ҳимояи Яҳува ва ҳаёташ маҳрум шуд?
15 Мо аз мисоли Йӯшиёҳу чӣ меомӯзем? Ҳарчанд ӯ шоҳи хуб бошад ҳам, хатогие кард, ки сабаби маргаш шуд. (2 Вақоеънома 35:20–22-ро хонед.) Йӯшиёҳу чӣ кор кард? Ӯ бесабаб бо шоҳи Миср, Накӯҳ, ҷангид. Зеро Накӯҳ гуфта буд, ки бар зидди Йӯшиёҳу ҷанг кардан намехоҳад. Китоби Муқаддас мегӯяд, ки суханони Накӯҳ аз тарафи Худо буданд. Пас, чаро Йӯшиёҳу бо ӯ ҷанг кард? Дар Китоби Муқаддас оиди ин чизе гуфта нашудааст.
16 Йӯшиёҳу аз куҷо фаҳмида метавонист, ки суханони Накӯҳ аз тарафи Яҳува буданд? Масалан, ӯ инро аз пайғамбар Ирмиё пурсида метавонист (2 Вақ. 35:23, 25). Лекин дар ҳеҷ ҷо гуфта нашудааст, ки вай ин корро кард. Шоҳ Накӯҳ ба тарафи Каркамиш равона буд, то бо дигар халқ ҷанг кунад, на бо Ерусалим. Зеро шоҳ Накӯҳ, Яҳува ва халқи Ӯро таҳқир кардан намехост. Барои ҳамин рафтори Йӯшиёҳу нисбати Накӯҳ нодуруст буд. Мо аз ин чӣ дарс мегирем? Дар вақти душворӣ ё қарор қабул кардан, мо бояд аввал нуқтаи назари Яҳуваро фаҳмем.
17. Чӣ кор кунем, ки дар вақти душворӣ мисли Йӯшиёҳу хато накунем?
17 Ҳангоми рӯ ба рӯ шудан бо душворӣ мо бояд аввал фикр кунем, ки кадом маслиҳати Китоби Муқаддас дар ин маврид ба мо кӯмак мерасонад ва чӣ тавр онро истифода барем. Мо метавонем аз адабиётамон дар ин бора хонем ё ҳатто аз пири ҷамъомад маслиҳат пурсем. Ӯ ба мо кӯмак мекунад, ки дар бораи дигар принсипҳои Китоби Муқаддас мулоҳиза ронем. Биёед як вазъиятро тасаввур кунем. Хоҳаре, ки шавҳараш Шоҳиди Яҳува нест, ба мавъиза рафтанист (Аъм. 4:20). Аммо ҳамон рӯз шавҳараш аз ӯ хоҳиш мекунад, ки ба ҳеҷ куҷо наравад. Вай шояд ба хоҳар мегӯяд, ки имрӯз вақташро бо ӯ гузарондан мехоҳад. Дар ин вақт хоҳар он оятҳои Китоби Муқаддасро ба хотир оварда метавонад, ки барои қарори дуруст баровардан кӯмак мерасонанд. Масалан, амри Худо ва Исоро оиди тайёр кардани шогирдон (Мат. 28:19, 20; Аъм. 5:29). Вале ӯ бояд ҳамчунин дар бораи вазифааш чун зан фаромӯш накунад ва бохирад бошад (Эфс. 5:22–24; Флп. 4:5). Оё шавҳараш ӯро аз мавъиза боздоштан мехоҳад ё танҳо хоҳиш дорад, ки ин рӯзро бо ӯ гузаронад? Чун Шоҳиди Яҳува мо қарорҳое баровардан мехоҳем, ки аз рӯи хирад бошанду Худоро хурсанд кунанд.
ДИЛАТОНРО АМИН НИГОҲ ДОРЕД ВА ХУРСАНД БОШЕД
18. Дар бораи чор подшоҳи Яҳудо мулоҳиза ронда, шумо чӣ манфиат гирифта метавонед?
18 Мо, ки нокомил ҳастем, баъзан мисли ин чор подшоҳ хатогӣ карда 1) ба хиради одам такя мекунем, 2) бо одамони бад дӯст мешавем, 3) мағрур мегардем ё 4) иродаи Яҳуваро ба назар нагирифта қарор мебарорем. Ҳатто баъди ин мо набояд шубҳа кунем, ки дигар ҳеҷ гоҳ писанди Яҳува шуда наметавонем. Чи хеле ки Худо дар ин чор подшоҳ хубиро дид, дар мо низ мебинад! Яҳува ҳамчунин мебинад, ки то чӣ андоза мо Ӯро дӯст медорем ва барояш пурра хизмат кардан мехоҳем. Барои ҳамин Ӯ дар Китоби Муқаддас мисолҳои огоҳкунандаро навишт, то ки моро аз хатогиҳои ҷиддӣ эмин дорад. Биёед дар бораи ин гуна мисолҳо мулоҳиза ронда аз Яҳува миннатдор бошем!