«Барои ҳама чиз... шукргузорӣ намоед»
ОЁ ШУМО шахси миннатдоред? Ба ҳар яки мо оиди ин савол андеша рондан муҳим аст. Каломи Худо пешгӯйӣ карда буд, ки дар рӯзҳои мо аксари одамон «кӯрнамак» хоҳанд шуд (2 Тим. 3:2). Шояд шумо касонеро вохӯрдаед, ки доимо аз атрофиён чизеро интизоранд. Ба ақидаи онҳо дигарон ӯҳдадоранд, ки барояшон кореро кунанд ё чизеро диҳанд. Ва шояд онҳо барои некии дигарон миннатдор буданро зарур наҳисобанд. Мо бо чунин касон сарукор доштан намехостем, ҳамин тавр-не?
Яҳува бошад, ба хизматгоронаш чунин мегӯяд: «Миннатдор будани худро нишон диҳед». Мо бояд «барои ҳама чиз... шукргузорӣ» намоем (Қӯл. 3:15; 1 Тас. 5:18). Миннатдор будан ба худи мо низ хуб аст. Биёед ҳоло дида бароем, ки чаро.
ОДАМИ МИННАТДОР ХУДРО ХУШБАХТ ҲИС МЕКУНАД
Яке аз сабабҳои муҳим барои инкишоф додани ҳисси миннатдорӣ кадом аст? Ин ба мо кӯмак мекунад, ки нисбати худ назари дуруст пайдо кунем ва худро эҳтиром намоем. Вақте шахс барои чизе «раҳмат» мегӯяд, ҳам ӯ ва ҳам касе, ки миннатдориро мешунавад, хурсандӣ ҳис мекунад. Чаро? Биёед мисолеро дида бароем: Вақте дигарон баҳри шумо чизеро бо омодагӣ мекунанд, оё шумо аз ин худро шахси қадрноку даркорӣ ҳис намекардед? Магар ғамхории онҳоро дида аз ин хурсанд намешудед? Ба ёд оред, ки вақте Бӯаз ба Рут саховатмандона ёрдам дод, ӯ чӣ ҳис кард. Бешубҳа, Рут худро хушбахт ҳис мекард, ки касе ӯро қадр карда дар борааш ғамхорӣ мекунад (Рут 2:10–13).
Хусусан аз Яҳува миннатдор будан муҳим аст. Албатта, мо баъзан дар бораи атоҳои фаровони Яҳува, ки беист ба мо медиҳад, фикр мекунем (Такр. Ш. 8:17, 18; Аъм. 14:17). Вале хуб мебуд, ки мо корҳои неки Худовандро на фақат баъзан ба ёд орем, балки оиди баракатҳои беҳисоби Ӯ, ки ба мо ва наздиконамон ато мекунад, чуқур мулоҳиза ронем. Ин миннатдории моро нисбати Ӯ зиёд мегардонад ва дубора боварӣ мебахшад, ки Яҳува моро бениҳоят дӯст медорад ва қадр мекунад (1 Юҳ. 4:9).
Лекин ғайр аз мулоҳиза оиди некӯии Яҳува мо ҳамчунин бояд барои баракатҳояш миннатдорӣ нишон диҳем (Заб. 99:4, 5). Чуноне ки дар як китоб гуфта шудааст, «роҳи муҳиме, ки сӯйи хушбахтӣ мебарад, ин зоҳир кардани миннатдорӣ аст».
МИННАТДОРӢ ОДАМОНРО БО ҲАМ НАЗДИК МЕСОЗАД
Зоҳир кардани миннатдорӣ инчунин дӯстиро байни одамон мустаҳкам месозад. Албатта, ҳар як инсон мехоҳад, ки ӯро қадр кунанд. Вақте мо барои кори хуби дигарон миннатдории самимӣ изҳор мекунем, муносибатамон бо ҳам наздиктар мешавад (Рум. 16:3, 4). Беш аз ин шахси сипосгузор ҳамеша тайёр аст, ки ба дигарон дасти ёрӣ дароз кунад. Зеро чунин шахс вақте мебинад, ки дигарон ба ӯ некӣ мекунанд, ӯ низ дар ҷавоб некӣ кардан мехоҳад. Бале, ба дигарон кӯмак кардан одамро хушбахт мегардонад. Беҳуда Исо нагуфта буд: «Додан назар ба гирифтан хушбахтии бештар меорад» (Аъм. 20:35).
Роберт Эммонс, ки яке аз роҳбарони донишгоҳи Калифорния мебошад, мавзӯи сипосгузориро таҳқиқ карда ба чунин хулоса омад: «Барои миннатдор будан кас бояд дарк кунад, ки одамон аз якдигар вобастаанд, 1 Қӯр. 12:21). Одами миннатдор ба қадри корҳои неки дигарон мерасад. Барои ҳамин аз худ пурсед: «Оё ба дигарон миннатдорӣ изҳор кардан ба ман одат шудааст?»
чунки мо гоҳе диҳандаву гоҳе гиранда ҳастем». Дар ҳақиқат, одам бо одам зинда аст. Барои он ки мо зинда монем ва хушбахт бошем, одамон бо роҳҳои зиёд моро дастгирӣ мекунанд. Масалан, касе шояд моро бо хӯрок таъмин мекунаду дигарӣ ёрии тиббӣ мерасонад (ШУКРГУЗОРӢ НИГОҲИ ШУМОРО БА ҲАЁТ ДИГАР МЕКУНАД
Миннатдор будан инчунин ба мо кӯмак мекунад, ки дар зиндагӣ ба ҳама чиз бо назари мусбӣ нигоҳ кунем, на манфӣ. Хотираи мо мисли «ғалбер» кор мекунад. Шахси миннатдор одатан диққаташро бештар ба чизҳои хуби гирду атроф равона мекунаду ба чизҳои ғамангез дода намешавад. Чи қадаре ки шумо миннатдор бошед, ҳамон қадар чизҳои хубро бештар дида метавонед ва ин дар навбати худ шуморо бармеангезад, ки бисёртар шукр кунед. Шукргузор будан ба шумо кӯмак мекунад, ки «ҳамеша шодӣ кунед» (Флп. 4:4).
Чи хеле гуфтем, шукргузорӣ ба кас ёрдам мекунад, ки некбин бошад. Охир, дар дили одами миннатдор ғазабу ҳасад ва ғаму андӯҳ сокин буда наметавонад. Илова бар ин чунин шахс чизпараст нест. Ӯ ба чизҳои доштааш қаноат мекунад ва дар фикри ба даст овардани пулу мол намешавад (Флп. 4:12).
БАРАКАТҲОИ ХУДРО ШУМОРЕД
Чун ходими Худо мо медонем, ки Шайтон мехоҳад, ки мо аз душвориҳои рӯзҳои охир зиқу рӯҳафтода шавем. Агар мо фикрҳои нодуруст ва рӯҳияи шикояткунӣ дошта бошем, Шайтон аз ин хурсанд мегардад. Бо чунин рӯҳияи бад мо хушхабари Худоро ба одамон расонда наметавонем. Сипосгузор будан бо хислатҳои самари рӯҳ зич алоқаманд аст. Масалан, мо аз дидани баракатҳои Яҳува хурсандӣ ҳис мекунем ва имон дорем, ки ваъдаҳои Ӯ нисбати оянда ҳатман иҷро мешаванд (Ғал. 5:22, 23).
Чун хизматгорони Яҳува шумо бо суханони ин мақола оиди зоҳир кардани миннатдорӣ, эҳтимол пурра розиед. Ба ҳар ҳол шумо дарк мекунед, ки ба ҳама чиз миннатдор будан ва ҳама вақт назари дуруст доштан осон нест. Лекин рӯҳафтода нашавед, шумо метавонед, ки ин хислатро инкишоф дода онро нигоҳ доред. Чӣ тавр? Ҳар рӯз вақт ҷудо карда оиди он фикр кунед, ки дар ҳаёт аз чӣ миннатдоред. Чи қадаре ки бисёртар дар ин бора мулоҳиза ронед, ҳамон қадар бештар ҳисси миннатдориатон меафзояд. Ҳамин тавр шумо назар ба одамоне, ки танҳо дар бораи душвориҳояшон фикр мекунанд, хушбахттар хоҳед буд. Дар бораи некиҳои Яҳува ва корҳои хубе, ки дигарон баҳратон мекунанд, фикр кунед, зеро ин шуморо хушбахт мегардонад. Шумо ҳатто метавонед ҳар рӯз ду-се чизҳои хубро, ки барояшон миннатдор ҳастед, дар дафтарчае нависед.
Олимон муайян карданд, ки дар натиҷаи мунтазам зоҳир кардани миннатдорӣ мағзи сари инсон тавре кор мекунад, ки ба ҳаёт назари мусбӣ доштан барояш осонтар мегардад. Бале, одами сипосгузор бисёртар хушбахтӣ ҳис мекунад. Аз ин рӯ баракатҳои худро шуморед, аз чизҳои хубе, ки дар ҳаётатон доред, лаззат баред ва ҳамеша миннатдор бошед. Бигзор чизҳои хуби ҳаёт бароятон як чизи муқаррарӣ нагарданд, баръакс, барои ҳамааш «Худовандро ҳамд гӯед, зеро ки [Ӯ] некӯст». Оре, «барои ҳама чиз... шукргузорӣ намоед» (1 Вақ. 16:34; 1 Тас. 5:18).