Саволҳои хонандагон
Оё Шоҳидони Яҳува барои ёфтани ҳамсар аз вебсайтҳо истифода бурда метавонанд?
Бешубҳа, Яҳува мехоҳад, ки навхонадорон хушбахт бошанд ва аз пайвандҳои мустаҳками издивоҷ баҳра баранд (Мат. 19:4–6). Агар шумо оиладор шудан хоҳед, чӣ гуна ҳамсари муносибро ёфта метавонед? Яҳува — Офаридгор медонад, ки барои хушбахт шудани оила чӣ даркор аст. Барои ҳамин, агар маслиҳатҳои Каломашро ба кор баред, муваффақ мегардед. Биёед баъзеи ин принсипҳоро дида бароем.
Якум, мо бояд дар хотир дошта бошем, ки «дил аз ҳама чиз маккортар ва ба ҳар кори хатарнок тайёр аст» (Ирм. 17:9). Вақте духтару писаре, ки оиладор шуданианд, бо ҳам вохӯрда мулоқот карданро сар мекунанд, онҳо нисбати якдигар тез ҳиссиёт пайдо карда солимфикриро аз даст дода метавонанд. Агар ду кас фақат дар асоси ҳиссиёт чунин қарори ҷиддӣ қабул кунанд, оқибат шояд пушаймон шаванд (Пнм. 28:26). Барои ҳамин аз рӯйи хирад нест, ки ду нафар якдигарро нағз нашинохта, дар бораи ҳиссиёту муҳаббаташон ба ҳамдигар гап зананд ё ваъда диҳанд, ки оиладор мешаванд.
Дар Панднома 22:3 гуфта шудааст: «Зирак хатарро мебинаду пинҳон мешавад, вале сода рост сӯйи он мераваду шатта мехӯрад». Дар истифодаи вебсайтҳое, ки ҷуфти мувофиқро меҷӯянд, чӣ хатар вуҷуд дошта метавонад? Сад афсӯс, ки баъзеҳо аз чунин вебсайтҳо истифода бурда, бо каси ношинос мулоқотро сар карданд, ба он шахс дил бастанд ва оқибат фаҳмиданд, ки ин одам онҳоро фиреб кардааст. Ҳамчунин баъзе одамони фиребгар дар ин вебсайтҳо саҳифаи шахсӣ кушода, дар бораи худ маълумоти дурӯғ мегузоранд ва сипас касони зудбоварро фиреб дода пулҳояшонро медузданд. Баъзан ин одамони беинсоф ҳатто мегӯянд, ки Шоҳиди Яҳува мебошанд.
Боз хатари дигаре вуҷуд дорад. Баъзе сайтҳое, ки дар он ҷуфти муносибро меҷӯянд, аз барномаҳои компютерӣ истифода бурда, муайян месозанд, ки кадом одамон ба якдигар мувофиқ меоянд. Аммо далеле нест, ки ин барномаҳо барои пайдо кардани ҳамсари хуб ёрдам карда тавонанд. Магар дар қабул кардани қарорҳои ҷиддӣ, ба монанди интихоби ҳамсари хуб ба барномаҳои компютерие, ки як инсони хокӣ ихтироъ кардааст, бовар кардан аз рӯйи хирад аст? Барномаҳои компютерӣ ҳеҷ гоҳ ҷойи маслиҳатҳои боварибахши Каломи Худоро гирифта наметавонанд (Пнм. 1:7; 3:5–7).
Панднома 14:15 гуфта шудааст: «Сода ба ҳар гап бовар мекунад, аммо ҳушёр дониста қадам мемонад». Пеш аз қарор қабул кардан, ки маҳз ана ҳамин шахс ҳамсари хуб мешавад, шумо бояд ӯро нағзакак шиносед. Аммо ба воситаи интернет одамро нағз шинохтан амри маҳол аст. Ҳатто агар шумо саҳифаи шахсии якдигарро дида тавонед, соатҳои дароз бо якдигар онлайн суҳбат кунед ҳам, оё гуфтан мумкин аст, ки он шахсро нағз мешиносед? Баъзеҳо баъди чунин муошират фикр мекарданд, ки муҳаббати ҳақиқиашонро ёфтанд, аммо вақте ки бо ӯ вохӯрданд, ҳуш аз сарашон парид.
ДарЗабурнавис мегӯяд: «Бо мардуми фиребгар нанишастаам ва аз дурӯягон дурӣ меҷӯям» (Заб. 26:4). Бисёриҳо фикр мекунанд, ки барои диққатро бисёртар ҷалб кардан дар саҳифаҳои интернетиашон гузоштани маълумоти дурӯғ ягон бадӣ надорад. Эҳтимол, онҳо хислатҳои бади худро пинҳон мекунанд ё вақте ба дигарон хабари электронӣ мефиристанд, шояд хислатҳои бадашон маълум нашавад. Дар бораи саволҳои зерин мулоҳиза кардан хеле муҳим аст: «Касе, ки худро чун Шоҳиди Яҳува муаррифӣ мекунад, оё ӯ дар ҳақиқат таъмид гирифтааст? Оё вай бо Яҳува муносибати наздик дорад? Оё ӯ дар ҷамоат обрӯйи хуб дорад? Ё ӯ бо корҳои номаъқул машғул асту ёри бад шуда метавонад? (1 Қӯр. 15:33; 2 Тим. 2:20, 21). Агар ӯ аз ҳамсараш ҷудо шуда бошад, оё ӯ мувофиқи принсипҳои Китоби Муқаддас барои аз нав оиладор шудан асос дорад?» Шумо бояд ҷавоби ин саволҳоро донед, лекин бе ёрдами бародарону хоҳароне, ки он шахсро хуб мешиносанд, ин корро кардан душвор аст (Пнм. 15:22). Албатта, ҳатто ба хаёли хизматгори вафодори Яҳува намеояд, ки бо шахсе, ки ҳамимон нест, оила барпо кунад ва бо ӯ «зери юғи нобаробар» бошад (2 Қӯр. 6:14; 1 Қӯр. 7:39).
Бале, ба воситаи интернет бо касе шиносоӣ пайдо кардан хатарнок мебошад. Барои ҳамин хуб мебуд, ки ҳамсари ояндаатонро бо дигар роҳ кобед ва нағз шиносед. Ҳамсари хубро аз куҷо ёфта метавонед? Вақте ки мо дар ҷамъомадҳо, анҷуманҳо ва дигар вохӯриҳо якҷоя ҷамъ мешавем, имконияти хуб дорем, ки дигаронро шиносем.
Ҳоло мо дар давоми вабои COVID-19 мисли пештара якҷоя ҷамъ омада натавонем ҳам, вохӯриҳоямон ба тариқи барномаҳои интернетӣ мегузаранд ва дар онҳо бародару хоҳарони муҷаррад имконият доранд, ки бо ҳамдигар шинос шаванд. Дар вохӯриҳо дидан мумкин аст, ки чӣ тавр ин ё он хоҳару бародар баромад мекунад ва ба воситаи шарҳҳои худ имонашро зоҳир мекунад (1 Тим. 6:11, 12). Шояд шумо имконият пайдо мекунед, ки баъди вохӯриҳо дар ҳуҷраҳои алоҳидаи ин барномаҳо муошират кунед. Дар вохӯриҳои дӯстонае, ки ба воситаи интернет гузаронда мешавад, шумо дида метавонед, ки чӣ тавр шахси табъи дилатон бо дигарон муносибат мекунад ва чӣ гуна хислатҳо дорад (1 Пет. 3:4). Бо гузашти вақт шумо муайян карда метавонед, ки оё бо ин шахс мақсадҳои якхела доред ва ӯ бароятон ҳамсари хуб мешавад ё не.
Вақте муҷаррадон принсипҳои Китоби Муқаддасро ба кор мебаранд, ёфтани ҳамсари нағз барояшон осонтар мешавад ва онҳо дар ҳаёти худ ҳақ будани маслиҳати зеринро ҳис карда метавонанд: «Ҳар кӣ зани [шавҳари] нағз ёфта бошад, некуӣ ёфтааст ва ризои Яҳуваро соҳиб гаштааст» (Пнм. 18:22).